УМРЕ ДАР ХИДМАТИ МАРДУМ
Зиндагии инсони асил мисли китобест - пурмаънӣ, ибратбахшу хонданӣ. Ҳар саҳифаи умри фарди некном рангину фаромӯшношуданист. Амир Маҳмадалиев аз ҳамин зумра мебошад. Номи неки ӯ ҳамчун роҳбари содиқ, деҳқони ботаҷриба, ташкилотчии қавиирода ва фотеҳи воқеии дашту тӯғайзорҳои Метинтӯғай дар ёди мардум абадан боқист.
Шахсияти мавсуф, пеш аз ҳама, бо ташаккул, рушд ва ободии ноҳияи имрӯзаи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (собиқ Москва) сахт пайванд аст. Ӯ ҳини бунёдкориҳои ноҳия ташаббускори асосӣ буд. Барои насли наврас огоҳ будан аз зиндагӣ, фаъолият ва хидматҳои ашхосе чун ӯ муфид ва муҳим мебошад.
Амир Маҳмадалиев 19 июни соли 1915 дар деҳаи кӯҳии Марғоб таваллуд шуда, дар шароити бисёр мушкил ба воя расидааст. Дар хурдсолӣ аз падару модар маҳрум гардида, зери парастории хешовандон зиндагӣ кард. Дар мактаби куҳна таҳсил намуда, хату савод омӯхт ва маҳз ҳамин саводнокӣ сабаб шуд, ки дар солҳои аввали ҳукумати шуравӣ ба корҳои давлатӣ ҷалб гардад.
Соли 1936, дар синни ҷавонӣ, ба вазифаи муҳосиби колхози навтаъсиси Будённий таъин шуд. Ба сабаби норасоии кадрҳо, ҳамзамон, вазифаҳои котиб ва баъдан раиси совети қишлоқи Маслуқро низ ба уҳда гирифт. Умуман, умри бобаракати хешро сарфи хидмати халқ кард.
Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ давраи санҷиши сахти ирода ва виҷдони инсонӣ буд. Амир Маҳмадалиев дар ин солҳо дар ақибгоҳ ҳамчун роҳбари фаъоли совети қишлоқ ва ташкилоти комсомолӣ хизмати бузург анҷом дод. Бо ташаббуси ӯ сокинони деҳаҳо барои фронт мунтазам маблағ, ғалла ва дигар маҳсулоти ниёзи аввал мефиристоданд. Танҳо дар як сол дар ҳудуди як ҷамоати деҳот зиёда аз 500 ҳазор сӯм ҷамъоварӣ шуд. Амир Маҳмадалиев бо гузаронидани маблағи калон ба колоннаи танкӣ намунаи ибрат нишон дод. Ин амали ӯ дигаронро низ ба хайру саховат ва ватандӯстӣ руҳбаланд сохт.
Барои хизматҳои шоён дар ақибгоҳ бо медали «Барои меҳнати фидокорона дар ақибгоҳи Ҷанги Бузурги Ватанӣ» қадрдонӣ гардид.
Баъди анҷоми ҷанг марҳилаи нави ҳаёти Амир Маҳмадалиев оғоз ёфт, ки бо номи Метинтӯғай пайванд аст. Метинтӯғай дар он солҳо тӯғайзори касногузар, пур аз қамиш ва ҳайвонҳои ваҳшӣ буд. Аз соли 1945 Амир Маҳмадалиев якҷо бо мардум ташаббус нишон доданд, то ин дашту тӯғайзорҳоро ба замини корам табдил диҳанд. Дар шароите, ки техника қариб вуҷуд надошт, мардум бо роҳбарии ӯ, бо қувваи даст, досу каланд, аспу барзагов ба кушодани заминҳо пардохтанд. Ҳамин тавр, ҳазорон гектар заминҳои асрҳо ташналабу бекорхобида шодоб гардиданд. Дар ҷойҳое, ки қаблан қамишу ҷангал буд, кишти пахта, ғалла, шолӣ ва дигар зироат оғоз ёфт. Хулоса, Метинтӯғай, ки замоне тӯғайзори касногузар буд, имрӯз ба макони зисту меҳнати ҳазорҳо нафар табдил ёфтааст.
Дар натиҷаи ҳамроҳ намудани чанд колхози қафомонда бо ташаббуси Амир Маҳмадалиев колхози машҳури «Правда» ташкил гардид. Ин колхоз дар муддати кӯтоҳ ба яке аз хоҷагиҳои пешқадами ҷумҳурӣ табдил ёфт. Дар баробари азхудкунии заминҳои нав биноҳои замонавии истиқоматӣ, хизматрасонӣ ва маъмурӣ, муассисаҳои тандурустию маориф ва корхонаю муассисаҳо бунёд ёфтанд, ки дар тарҳрезию сохтмони онҳо саҳми мавсуф зиёд буд.
Бо роҳбарии ӯ, ҳамчунин, даҳҳо хонаҳои истиқоматӣ бунёд ёфта, боғҳои мевадиҳанда ва фермаҳои чорводорӣ ташкил гардиданд, осёбҳои обӣ ва иншооти хоҷагидорӣ сохта шуданд.
Ҳосилнокии пахта дар соли 1957 аз як гектар ба 42 сентнер расид, ки барои он давра нишондиҳандаи рекордӣ маҳсуб мешуд. Колхоз дар ҷумҳурӣ шуҳрати зиёд пайдо кард.
Амир Маҳмадалиев, ки аз овони хурдӣ бо замин сарукор дошт, ба қадри заҳмати деҳқон мерасид. Дар суханрониҳояш ҳамеша манфиати кишоварзонро ҳимоя мекард. Дар тарбия ва ба воя расонидани кадрҳои маҳаллӣ низ саҳми арзанда гузоштааст.
Хизмати дигари шоёни Амир Маҳмадалиев саҳми мустақим дар интихоби макон ба сифати маркази ноҳияи собиқ Москва мебошад. Ҷое, ки имрӯз маркази ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ қарор дорад, бо пешниҳоди Амир Маҳмадалиев интихоб ва расман тасдиқ шудааст. Ин қарор дар рушди минбаъдаи ноҳия нақши ҳалкунанда бозид.
Мавсуф барои хизматҳои шоёнаш бо як қатор ордену медал, аз ҷумла ордени «Ленин», унвони фахрии «Устоди пахта», медалҳои «Барои меҳнати шоён» ва ифтихорномаҳои давлатӣ, сарфароз гардидааст.
Амир Маҳмадалиев дар баробари корҳои кишоварзию деҳқонӣ ба тарбияи фарзандони содиқ ва ватандӯст низ аҳмияти аввалиндараҷа дода, даҳ фарзандро соҳиби маълумоти олӣ намудааст, ки онҳо ҳоло дар соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, сохтмону тиҷорат ба шахсиятҳои намоёни ҷумҳурӣ табдил ёфтаанд.
Фарзанди хуб - боғи падар, мегӯянд. Ба наздикӣ яке аз фарзандонаш Неъматуллоҳ Маҳмадалиев дар бораи корнамоиву хизматҳои Амир Маҳмадалиев ва фарзандони ӯ китоберо бо номи «Достони созандагони Ватан» (Душанбе: «ЭР-граф», 2025. – 560 с.) ба нашр расонидааст, ки дар он дар ин хусус маълумоти пурра ва муфассалро дарёфт кардан имконпазир аст.
Сазовори боварии халқ шудан бахти бузургест. Ба ин хушбахтӣ шахсоне сазовор мегарданд, ки бо рафтору кирдори некашон дар дили халқ ҷо гирифта бошанд. Ҳарчанд Амир Маҳмадалиев ҷисман дар байни мо нест, вале кору номи некаш мазраи сабзи эъморкардаи ӯро пуртароват нигоҳ медоранд. Хислатҳои ҳамидааш моҳиятан хиштҳои тиллоии умри пурбаракати ӯ мебошанд, ки хотираи некашро дар қалби мардум нозудуданӣ кардаанд.
Хушбахтона, бо дамидани субҳи истиқлол ва насими озодӣ миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик дар соли 1991 ба истиқлоли комили сиёсӣ даст ёфт ва дар масири дигарбораи эҳёи таъриху тамаддун, илму фарҳанг, арзишҳову суннатҳои миллӣ ва гиромӣ доштани хотираи неки фарзонафарзандони миллат қадамҳои устувор гузошта шуд. Бо ин хотир ва бо назардошти хидматҳои мондагору саҳми мунири қаҳрамони матлаб месазад, ки муассиса ё маҳаллае дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба номи Амир Маҳмадалиев гузошта шавад.
Зуҳриддин Умаров,
Маҳмадёқуб Бобоев
Ҳамчунин дигар маводҳо:
