Таҷлили Сада арҷгузории заковати ниёгон
Сада, чун ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон ва Тиргон, дар фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик мақому манзалати шоиста дорад, ки ба шарофати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолии миллӣ чун падидаи фарҳанги асили аҷдодӣ ба як ҷузъи ҷудоинопазири худшиносӣ ва ифтихори миллии мо табдил ёфт.
Дар асоси сарчашмаҳои таърихӣ ва адабӣ шоҳ Ҳушанги пешдодӣ гиромидошти Садаро бунёд ниҳодааст. Моҳияти Ҷашни Садаро пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ, гармо бар сармо ва некӣ бар бадӣ ташкил дода, мардум онро бо афрӯхтани гулханҳои бузург таҷлил мекарданд. Ин ҷашн ёдгорест аз даврони ориёиҳо.
Мувофиқати тақвими табиӣ, ки танзими ситораҳоро бо офтоб ва ҳисоби солшумори инсон ба вуҷуд овардааст, тақсими ҳаракати солонаи хуршедро миёни ҷирмҳои беҳаракат дар фосилаи 12 пораи баробар бо шумораи моҳҳои қамарӣ муқаррар мекунад. Онро, дар маҷмуъ, бурҷ мегӯянд. Ҳаракати офтобро миёни бурҷҳо бобулиҳо тақрибан дар соли 500 то милод мушоҳида намуда, ҳар фосила ё пораро ба 30 дараҷа қисмат карда буданд. Сол бо ҳисоби табиӣ аз бурҷи Барра (Овен) оғоз меёбад, ки баробарии шабу рӯз аст. Бо воридшавии офтоб ба бурҷи Саратон тобистон, ба Мизон тирамоҳ ва ба Ҷаддӣ зимистонро муқаррар мекунанд. Ин як навъи муайян кардани фаслҳои сол мебошад.
Бештари олимон бар ин андешаанд, ки ҷашнвораҳо ба хотири муайян кардани мавсимҳои сол аст. Ин гуна ҳисоб аз таҷрибаи халқҳои қадим бармеояд. Аз сабаби он ки дар Бобул ду ид - яке Акиту дар моҳи Ташрит ва дигаре Ниссан вуҷуд дошт, 6 моҳ дар тақвим ҷой гирифта буд. Гесиод низ ҳамин нуктаро тасдиқ мекунад, ки гоҳшуморӣ барои муқаррар намудани фаслҳои сол буд, ки бунёдаш ба зироаткорӣ мекашид. Мувофиқи ҳисоби бобулиён фасл аз шаш моҳ иборат буд.
Дар ҳамин раванд, Сада ва шаби Ялдо (Чила) иртиботе бо зардуштия надоранд. Онҳо бештар ба митроизм пайвандӣ дошта, пасон ба сафи эзидони зардуштӣ ворид шудаанд. Агар ба моҳрӯзи куҳан таваҷҷуҳ намоем, мувофиқи асноди таърихӣ бармало мешавад, ки тақвими зардуштӣ, ҳамоне ки ба Эрони Ғарбӣ рафта буд, ба дарбори Ҳахоманишиён роҳ ёфт. Мувофиқи тадқиқоти С. Тағизода, дар заминаи ахбори Абурайҳони Берунӣ, зикри гоҳшумории зардуштӣ дар шоҳаншоҳии Ҳахоманишиҳо дар соли 441 то милод ба назар мерасад.
Дар ин замина, хидмати Ҳахоманишиҳоро набояд нодида гирифт, ки ба синтези фарҳангии халқҳо дар сарзамини пурвусъат замина гузоштанд. Умумияти фаровоне дар парастиши муқаддасоти ақвоми ориё дар Шарқу Ғарб ва Аврупову Африқо ба ҳамин сиёсат бастагӣ дорад. Чуноне парастиши офтобу оташ ва урфу маросими зиёд дар баробари омилҳои дигар ба ҳамин амали ниёгонамон робита дорад.
Ҷашни Сада аз замони ориёиҳо то даврони салтанати ғазнавиёну салҷуқиён ва дар баъзе минтақаҳо то замони истилои муғул маъмул буду дар дарбор ва байни мардум дар баробари ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегардид. Баъд аз асрҳои XII-XIII бо таъсири руҳониёни мутаассиб таҷлили расмии Сада аз тарафи шоҳон қатъ шуда, он ба ҷашни мардумӣ табдил ёфт ва дар шакли сайрҳо то ба рӯзгори мо омада расид.
Хушбахтона, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сада дар кишвари фарҳангпарвари мо рӯзи 30-юми январи ҳар сол ҷашн гирифта мешавад ва Тоҷикистон ягона кишварест, ки дар он ҷашнҳои Наврӯзу Тиргон ва Меҳргону Сада расман рӯзҳои муайяни таҷлил доранд.
Париноз МИРЗОЕВА,
омӯзгори фанни таърихи халқи тоҷики МТМУ №44-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе
Ҳамчунин дигар маводҳо:
