Маҳбуби миллат
Далели бебаҳс аст, ки кулли мардуми тоҷик Президенти кишвар, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро самимона дӯст медоранд ва эҳтироми миллат нисбат ба ин фарзанди фарзонаи худ ва абармарди дунёи сиёсат беандоза аст. Ин омил ба мардумӣ будани афкору мулоҳиза, мардумӣ будани фитрату завқу салиқа ва мардумӣ будани дунёи ботинии ин фарзанди ҷонфидои миллат рабт дорад, зеро ӯ аз миёни халқ рӯидааст ва ҳама ниёзҳояш бо ниёзҳои мардум тавъаманд. Ӯ фарзанди ин сарзамин аст ва хизматҳояш ба ин сарзамин фарзандвор, холисонаву содиқона ва дар заминаи муҳаббат ва ормонҳои миллист.
Ботини поку нияти холис, муҳаббати самимӣ ба халқу Ватани худ аз сарчашмаҳои асосии дастовардҳои азими Роҳбари давлат дар арсаи сиёсату давлатдорӣ мебошанд. Давлатсозӣ, фароҳам овардани шароит барои ташаккули миллат, таъмини истиқлоли сиёсиву гуманитарӣ, ба вуҷуд овардани имиҷи Тоҷикистон ҳамчун як кишвари дорои таърихи куҳан, давлати иҷтимоӣ, демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ - ин ҳама корномаҳое ҳастанд, ки бо фаъолияти созандаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марбут мебошанд. Азхудгузаштанҳо, сарсупурдагию ҷоннисорӣ ва фидокориҳои ин абармарди арсаи сиёсат барои Ватану миллат, сулҳу субот, зиндагии осоишта ва беҳбуд ёфтани рӯзгори мардуми тоҷик дар таърих бесобиқа аст.
Расидан ба ин мақоми олӣ барои Сарвари давлат осону ҳамвор набуд, аммо фитрати азалӣ, устуворию ҷасорати беандозаи шахсию иродаи қавии сиёсӣ, меҳру муҳаббати бузург ба миллату Ватани хеш имкон дод, ки ин шахсияти нексиришту накукор чунин мақоми баландро мушарраф гарданд. Зимни савгандёдкунӣ дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин изҳор дошта буданд: «Агар лозим шавад, ба ивази ҷони худ сулҳу ваҳдатро ба Тоҷикистони азиз бозмегардонам ва то даме ки як гурезаи тоҷик дар хориҷ умр ба сар мебарад, худро ором ҳис нахоҳам кард». Дар муддати кӯтоҳ исбот шуд, ки ин як шиори популистӣ нест. Хуб дар хотир дорам, ки баъди аз шаҳри Хуҷанд ба шаҳри Душанбе баргаштани Ҳукумати навтаъсис муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке вазифаҳои аввалиндараҷаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро чунин муайян намуданд: гурезаҳоро ба шаҳру деҳот ва манзили зисти худ баргардонида, онҳоро бо сарулибос, хӯрокворӣ таъмин намуда, барои кори бонизом дар роҳи барқарор кардани харобазорҳо шароит фароҳам овардан.
Бо ибрози ин суханон масъулияти ба маҳали зисти доимӣ баргардонидани беш аз 1 миллион фирорию муҳоҷири иҷборӣ, он ҳам дар шароити идомаи даргириҳои мусаллаҳона бо мухолифини мусаллаҳ ва вазъияти ниҳоят ногувори иқтисодию иҷтимоӣ ба дӯши Сарвари ҳамагӣ чилсолаи кишвар вогузор шуд. Арзандаи арҷгузорист, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин масъулияти бузургро ба хотири наҷоти миллат, ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии Тоҷикистони тозаистиқлол боифтихор ба дӯш гирифтанду дар сатҳи хубу сифати баланд иҷро карданд.
Тавре далелу рақамҳо шаҳодат медиҳанд, дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ беш аз 1,5 миллион шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи зисти худро тарк намуда буданд. Қобили зикр аст, ки ба ғайр аз гурезаҳо ё фирориёни дар Афғонистон буда 700000 нафар дар дохили Тоҷикистон ба дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ рафта, дар хонаҳои хешу табор ё масҷиду маҳалҳои ҷамъиятӣ зиндагӣ мекарданд.
Баргардондани муҳоҷирони иҷборӣ кори басо вазнину мушкил буд, аммо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онро бетаъхир иҷро намуданд. Минбаъд ғояҳои оштии миллӣ, расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ аз рӯзи нахустини Сарвари давлат интихоб шудан барои ин бузургмарди сиёсати ҷаҳонӣ шиори кору пайкор гаштанд. Натиҷаи хидмати беназири ин шахсияти нотакрор аст, ки имрӯз мардуми тоҷик дар фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ зиндагии пурсаодат доранд ва пайваста шукргузоранд.
Хомӯш намудани оташи ҷанги шаҳрвандӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва зиндагии осоиштаи сокинон рисолати ба маънои том таърихӣ буд, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онро сарбаландона ба сомон расониданд. Мо ифтихормандем, ки таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон, ки онро формулаи сулҳи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меноманд, дар ҳалли муноқишаҳо намунаи ибрат эътироф шудааст.
Мо бояд ҳаргиз фаромӯш накунем, ки ин абармард барои комёб шудан дар ин самт аксар маврид ҳатто аз ҷони худ гузаштанд. Муҳимтар аз ҳама, собит карданд, ки хунро на бо хун, балки бо бахшиш шуста, бо қалбҳои пок аз ғараз баҳри ободии ин сарзамини аҷдодӣ сарҷамъона талош намудан мумкин аст. Маҳз, бо ҷонфидоӣ тамоми имкону неруи зеҳнии худро баҳри тақвият бахшидани раванди сулҳу оштӣ сафарбар намуда, тавонистанд тавассути муҳаббату садоқати худ ба ин сарзамину ин миллат ҳисси кинаву адоват ва нафрату бадбиниро дар ҷомеа решакан намоянд. Ба ибораи дигар, ҳастии худро ба ин миллат бахшида, миллату давлатро наҷот доданд.
Тоҷику тоҷикистониён ба ҳеҷ ваҷҳ фаромӯш нахоҳанд кард, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарии давлатро дар кадом вазъ ба уҳда гирифтанд. Идоракунии дурусти равандҳо, таъмини тағйирпазирии ҳокимияти сиёсӣ вобаста ба хусусияти ҳар як марҳила ва фаъолияти мақсадноку дурандешона боис гардид, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон комёб ва маҳбуби миллат гарданд. Аз ин лиҳоз, бо итминон метавон гуфт, ки корномаҳои Президенти мо мактаби бузурги давлатдорист, ки ҳар як шахси худшиносу худогоҳ ва дорои эҳсоси баланди ватандорӣ бояд онро омӯзад.
Фарзона ХОҶАЗОДА,
вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамчунин дигар маводҳо:
