https://sadoimardum.tj

Ҳабиби халқу Ватан

№:17 (5069), 11 фев 2026, 17:13
0

Бояд дарк намоем, ки дирӯзи мо чӣ гуна буд ва имрӯз чӣ зиндагии хушу озодона дорем. Дар натиҷа бори дигар мутмаин хоҳем шуд, ки давлатсозӣ, фароҳам овардани шароит барои ташаккули миллат, таъмини истиқлоли сиёсиву иҷтимоӣ, ба вуҷуд овардани имиҷи Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои таърихи куҳан, давлати иҷтимоӣ, демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ аз ҷумлаи корномаҳое ҳастанд, ки ба азми қавӣ ва нияти неки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марбутанд. Фитрати азалӣ, устуворию ҷасорати беандозаи шахсию иродаи қавии сиёсӣ, меҳру муҳаббати бузург ба миллату Ватани хеш боис шуд, ки ин шахсияти нексиришту накукор чунин мақому манзалатро мушарраф гарданд. 

Ботини поку нияти холис, муҳаб­бати самимӣ ба халқу Ватани худ яке аз сарчашмаҳои асосии даст­овардҳои азими Роҳбари давлат дар арсаи сиёсату давлатдорӣ мебошанд. Ин абармард, сарфи назар аз авзои мураккабу печида ва пурмоҷаро, тавонистанд давлати моро, ки киштии ғарқшудаистодаро дар уқёнуси пурталотум мемонд, аз нобудӣ наҷот бахшанд ва миллатро ба соҳили мурод расонанд. Ин вазифаи басо вазнину мушкил буд, аммо Пешвои миллат ин рисолати таърихиро сарбаландона анҷом доданд. 

Ҷоиз ба зикр аст, ки ғояҳои оштии миллӣ, расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ аз рӯзҳои нахустини фаъолият барои ин бузургмарди сиёсати ҷаҳонӣ шиори кору пайкор буд. Натиҷаи хидмати беназири ин шахсияти нотакрор аст, ки имрӯз мардуми тоҷик дар фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ зиндагии оромона дорад ва пайваста шукргузорӣ менамояд. 

Таърих гувоҳ аст, ки чунин шахсиятҳо аҳён-аҳён рӯи саҳнаи сиёсат меоянд ва дар соҳаҳои муҳими ҳаёти мардум - иқтисоду иҷтимоъ, илму фарҳанг, руҳия ва ахлоқу маънавияти миллатҳову кишварҳо дигаргуниҳои куллӣ ба амал меоранд. Таърихи давлатдориҳои ҷаҳони муосир кам намунаҳое медонад, ки шахсиятҳои миллӣ ба хотири наҷоти кишвар ҷони ширини хешро ба гарав ниҳода бошанд. Толеи баланди мардуми Тоҷикистон аст, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвари давлат интихоб намуд. Ин фарзанди фарзонаи миллат аз байни мардуми заҳматкаш баромада, қадри одаму тақдири миллатро ба қалбашон пайвастанд. Аз рӯзи аввал ҳамаи дониш ва қувваташонро барои қатъ намудани ҷанги шаҳрвандӣ, бозгардонидани гурезаҳои иҷборӣ ба мамлакат, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ сарф намуданд.

 Дар он лаҳзаҳое, ки саросари кишвари моро нооромиву садои тиру туфанг фаро гирифта буд, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қотеъо­на гуфтанд: «Ман ба шумо сулҳ меорам!». Муҳим ва арзандаи арҷгузорӣ он аст, ки Пешвои миллат ба қавлашон ҷавонмардона вафо карданд. Ҷони худро дар хатар гузошта, ба минтақаҳои ноороми дохилу хориҷи кишвар барои гуфтушунид бо собиқ мухолифини тоҷик сафар карданд, фирориёнро ба Ватан бозгардонданд, ба Тоҷикистон сулҳу ваҳдат оварда, кишварро обод ва дилҳоро шод карданд.

Қобили зикри хос аст, ки таҷрибаи сулҳофарии Роҳбари давлати мо дар ҷаҳони ноороми имрӯза моҳияти боз ҳам бештар пайдо мекунад. Хусусан, истифодаи таҷрибаи баргардонидани гурезаҳо ба Ватан барои мамлакатҳои ҷанг­зада хеле муҳим аст. Имрӯз дар ҷаҳон даҳҳо миллион нафар инсон ҳамчун гуреза дар хориҷи кишварашон умр ба сар мебаранд ва ба ҳеҷ як роҳбари кишваре муяссар нагардидааст, ки мисли Роҳбари давлати мо фирориёнро ба марзу буми худ бозпас гардонида бошад. Маҳз, талошу ҷонбозиҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки тифлони гаҳвораҳои солҳои навадуми асри XX имрӯз ҷавонони саодатманди асри нав ва созандагони Ватан шудаанду дар бисёр кишварҳои дунё бо заковату дониши худ муаррифгари Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд.

 Ифтихормандем, ки Пешвои миллати мо яке аз чеҳраҳои шинохтаи дунёи сиёсат буда, соҳиби обрӯ ва эҳтироми давлатҳову созмонҳои бонуфузи байналмилалианд. Хизматҳои барҷаста ва иқдомҳои созандаву оқилонаи ин абармард дар сиёсати давлатӣ, низоми ҳуқуқӣ, шаклгирии иқтисодиёти миллӣ, адолати иҷтимоӣ, рушди фарҳангу маънавиёти миллат аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф ва қадрдонӣ шудаанд. 

Пешвои миллат ҳамчун Роҳбари эътирофшуда ва маҳбуби тоҷикон ва форсизабони дунё, барои ба ҳам наздикшавии тоҷикон ва форси­забонони дунё саъю талоши зиёд бар харҷ додаанд. Ҳамин аст, ки устоди Донишгоҳи ховаршиносии Панҷоби Ҷумҳурии Исломии Покистон профессор Офтоби Асғар фармудаанд: «Аллома Иқбол интизор буд ва умед мекашид, ки аз Мовароуннаҳр боз нафаре пайдо хоҳад шуд, ки тамоми форс-тоҷик ва даризабононро аз нав дар Шарқ муттаҳид менамояд. Имрӯз ман мегӯям, ки он нафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон аст…».

Донишгоҳи Кембриҷи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рӯйхати чеҳраҳои таърихиро тартиб додааст, ки дар он номҳои шахсони таърихии ҷаҳон, ба монанди Исои Масеҳ, Наполеон Бонапарт, паёмбари ислом Муҳаммад (с), Уилям Шекспир, Авраам Линколн ва дигарон ҷой дода шудаанд. Боиси ифтихори мо - тоҷикон аст, ки дар ин феҳрист исми муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ сабт шудааст. Ҳамчунин, номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаҳони ислом дар қатори 500 нафар шахсони маъруф ҷойгоҳи хоса дорад.

Дар маҷмуъ, корнамоӣ ва қаҳрамонии ин фарзанди баруманди тоҷикро ба сад номаву дафтар наметавон ба охир расонд, зеро дар таърихи давлатдории тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ­шахсияти нотакрору беҳамтоянд. 

Баҳром ИСМОИЛЗОДА,

сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

Ҳамчунин дигар маводҳо: