Худшиносии миллӣ ва саодати имрӯзу фардои миллат
Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии мамлакат ба худшиносию худогоҳии миллӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд. Соли 2026-ро, дар баробари вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ, соли тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ эълон намуданд. Ин бори аввал нест, ки Роҳбари давлатамон таваҷҷуҳи ҷомеаро ба ин мавзуъ ҷалб менамоянд. Ин таъкидҳоро аз суханрониҳои қаблиашон дар хотир дорем, ки мегуфтанд: «худшиносу худогоҳ бошед», «гузаштаи худро фаромӯш накунед», «аз таърихи пурғановат, фарҳанги бостонии оламшумулатон огоҳ бошед, ифтихор кунед ва аз он ҳимоя намоед».
Чаро Роҳбари давлатамон ба ин масъала таваҷҷуҳи махсус доранд ва насли наврасро пайваста ба худшиносию худогоҳӣ даъват мекунанд?
Худшиносию худогоҳӣ миллатро ба саодат мерасонад. Барои он ки худро дуруст шиносем, ба гузашта назар бояд кунем, решаҳои худро бояд биҷӯем ва оғози роҳеро дарёбем, ки имрӯз бо он равонаем. Решаҳои мо ин таърихи мо, гузаштаи мост. Таърих рухдоду ҳаводиси парешон нест, он санади муътамадест, ки давра ба давра ташаккул ёфтани ҳар миллатро бозгӯ менамояд.
Бе донистани саргузаштаи миллати хеш худшиносии мо ноқис мемонад. Ватандӯсти ҳақиқӣ будани мо, содиқонаю бо хоҳиши дилу ҷон ба хидмати миллату Ватан камар бастан, расидан ба қадри фарҳангу забон низ ба он вобаста аст, ки то кадом андоза таъриху миллати худро дуруст шинохтаему аз арзишҳои маънавиамон огоҳӣ дорем. Воқеан, инсонҳое, ки аз асли хеш бохабаранд, ҳеҷ ҳизбу ҳаракате риштаҳои пайванди онҳоро ба ватану миллату фарҳангу дину оинашон гусаста наметавонад.
Миллати тоҷик дар тӯли таърих ҷабри зиёд дидааст, ки сабаб гоҳе дар ғафлат мондану то андозае аз асли хеш дур шудан будааст. Гузаштаи дури дур не, таърихи таъсисёбии Тоҷикистони кунуниро, ки сад сол пештар ба вуқӯъ пайваст, донистанамон кофист, то ин ҳақиқати талхро дарёбем.
Оғози солҳои бистуми асри гузашта шуравиён хостанд дар Осиёи Миёна ба номи тақсимоти ҳудудӣ-миллӣ марзабандии нав анҷом диҳанд. Дар пасманзари ин амалашон чӣ ҳадафҳое ниҳон буд ва чаро ба чунин қарори қатъӣ расиданд, албатта, мавзуи баҳси ҷудогона аст.
Аммо нуктае, ки зикри онро муҳим медонем, ин аст, ки ҳини тақсимоти ҳудудӣ-миллӣ мавҷудияти тоҷикон, ки ҳазорсолаҳо дар ин сарзамин - Осиёи Миёна зиндагӣ доштанд, ҳамчун миллат инкор шуд. Ин чунин маъно дошт, ки ӯзбекҳо, туркманҳо, қирғизҳо - ҳар кадом бояд соҳиби давлати худ мешуданд, аммо тоҷикон на. Як сабаби инкор шудани тоҷикон агар ҳадафҳои муайяни сиёсӣ бошад, сабаби дигарро муҳаққиқони ин давраи таърих шакл нагирифтани худшиносии миллии тоҷикон миёни мардуми гуногуннажоди ин сарзамин донистаанд. Вақте миллат дар ғафлат асту аз асли хеш дур, пароканда намудану аз байн бурдани он барои бегонагон чандон кори душвор нест. Ба таъбири устоди зиндаёд Муҳаммадҷон Шакурӣ «мардуми моро гурӯҳе турку ӯзбек медонистанд, гурӯҳе форсу эронӣ меномиданд, гурӯҳе ғалча ё сорт мегуфтанд ва гурӯҳе исрор доштанд, ки инҳо тоҷиканд. Мо дар ин миён ҳайрон будем, ки худ кистем».
Чунин ҳайронию худбехабарӣ буд, ки бисёре аз ҳаммиллатони мо ҳини тақсимоти ҳудудӣ-миллӣ ва дар рӯйхати умумии аҳолии Осиёи Миёна, ки ба ин хотир анҷом дода шуд, тоҷик сабт нашуданд.
Баъдан, аз ин тақсимоти ноадолатона ба миллати куҳанбунёди тоҷик аз сарзамини паҳновари бобоҳои хеш чӣ қадар мерос расид, ба ҳама маълум, вале гап сари он ки вақте имрӯз Пешвои миллат дар бораи бедор намудани хотираи таърихӣ мегӯянду ба такрор таъкид мекунанд - гузаштаи худро омӯзему зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, маҳз чунин ҳаводиси сахту дар гузашта ба сари миллатомадаро дар назар доранд.
Мехоҳанд мо аз он рӯзгорон сабақ гирем, дар ғафлат намонем, Ватани азизамон - Тоҷикистони кунуниро, ки гӯшае аз сарзамини аҷдодонамон аст, аз ҳама хатарҳо эмин дошта, ҷойгоҳи худро дар ҷаҳони муосир дарк созем ва дар шебу фарози ҳаводиси давр зиндаву ҷовид монем.
Роҳбари давлатамон дар сиёсати пешгирифтаашон як барномаи наву тозаро дар самти худшиносию худогоҳии миллӣ пеш гузоштаанд ва то имрӯз ҳар амалеро, ки барои худшиносии таърихию маънавии ҷомеа зарур аст, анҷом доданд, ки ҳама аз онҳо огоҳии комил доранд.
Дар Паёми имсола аз бунёди Конун ё Маркази тамаддуни ориёӣ мужда расонданд. Ҳамчунин, бо назардошти фалсафаю ҳикмати ҷовидонаи Наврӯз, суннату анъанаҳои башардӯстонаи он ва истифодаи онҳо барои тарбия наслҳои оянда дастур доданд, ки дар шаҳри Душанбе Маркази байналмилалии Наврӯз бунёд шавад. Академияи миллии илмҳо, дигар муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва лоиҳакашӣ муваззаф гардиданд, ки бо ҷалби олимону донишмандон консепсияи марказҳои зикршударо дар асоси анъанаҳои меъморӣ ва шаҳрсозиву шаҳрдории бостонии тоҷикон таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.
Ин ибтикороти дурбинонаи Пешвои миллатро аҳли ҷомеа хуш пазируфтанд. Ин ду марказ, ки ояндаи наздик дар дили Тоҷикистон - шаҳри Душанбе бунёд мегарданд, як навъ рамзи пайванди фарҳангу тамаддуни бостонии миллат бо имрӯзу оянда хоҳанд буд ва дар тақвияти худшиносию худогоҳии миллию маънавии сокинони кишвар нақши муниру мондагор хоҳанд гузошт. Метавон гуфт, ки минбаъд ҷаҳониён ба Душанбе на танҳо чун маркази ҳаллу фасли умдатарин масоили башарият, балки ҳамчун оинаи тамомнамои тамаддуни ҷаҳонӣ назар хоҳанд намуд.
Дар тасаввури мо, оянда тамоми форсизабонони дунё ба дидани ин марказҳо хоҳанд омад. Ин марказҳо ба як макони муқаддас, зиёратгоҳи ориётаборони ҷаҳон табдил хоҳанд шуд.
Ташаббуси дигар дар ин самт таҳияи қонуни соҳаи бостоншиносӣ мебошад. «Мероси таърихиву фарҳангӣ шиносномаи миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад, вале бо вуҷуди он ки ёдгориҳои бостонӣ зиёда аз 70 фоизи ин меросро ташкил медиҳанд, дар кишвар қонуни соҳаи бостоншиносӣ мавҷуд нест. Вобаста ба ин, масъулини соҳаро зарур аст, ки лоиҳаи қонуни мазкурро дар муҳлати кӯтоҳтарин таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд», - таъкид намуданд Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Ин ва иқдомоти дигаре, ки Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ эълом намуданд, ба тарбияи маънавии ҷомеа, саодати имрӯзу фардои миллат хидмати бузург хоҳанд кард. Мо ба ин бовар дорем.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
