https://sadoimardum.tj

«Бозии Шодмонӣ»

№:27 (5079), 06 мар 2026, 17:12
0

Ё ДАРСЕ, КИ «ПОЛЛИАННА» БА МО МЕОМӮЗАД

Романи «Поллианна»-и нависандаи амрикоӣ Элинор Портер (тарҷумаи Толибшоҳи Давлат) аз асарҳои классикиест, ки бо гузашти солҳо арзиши худро гум намекунад. Ин китоб на танҳо достони ҳаёти як духтараки ятим, балки фалсафаи зиндагист.

Ҳангоми мутолиа роман ба назари аввал хеле сода менамояд: духтараке пас аз марги падару модараш дар тарбияи холааш мемонад. Холааш ӯро дар анбор ҷой медиҳад, ки на қолин дорад, на оина. Поллианна ҳамеша орзу мекард, ки хонааш қолин, оинаи зебо ва деворҳояш расмҳои рангин дошта бошанд. 

Аммо ғамгин намешавад. Баръакс, «бозии шодмонӣ»-ро ба ёд меорад. мегӯяд: Худоро шукр, ки дар ин ҷо оина нест. Дар оина, кунҷитакҳои рӯямро дида, шояд зиқ мешудам…

Шукр мекунад, ки дар ин хона расм нест, вагарна аз тамошои табиати зинда, ки аз тиреза баръало буд, маҳрум мегаштам…

Ин тағйири тафаккур аст. Тафаккуре, ки камбудиро ба неъмат табдил медиҳад.

Дар ҷои дигар Поллианна аз хидматгори холааш мепурсад:

- Шумо яхмосро дӯст медоред? Ман бениҳоят дӯст медорам. Ҳар рӯз бо падарам яхмос мехӯрдем. 

Хидматгор бо содагӣ мегӯяд, ки не, онҳо умуман яхмос намехӯранд. Дар ин ҳолат ҳам духтарак руҳафтода намешавад. Баръакс, бо лабханд мегӯяд: шукр, ки дар ин ҷо яхмос намехӯрем, вагарна гулӯям дард мекард…

Мо имрӯз дар ҷомеае зиндагӣ дорем, ки шикоят кардан осонтар аз шод зистан аст. Хабарҳои нохуш зудтар паҳн мешаванд, изтироб тезтар сироят мекунад. 

Поллианна бо рафтору гуфтораш исбот карда буд, ки шодӣ ҳам метавонад ба дигарон таъсир гузорад. Ӯ «бозии шодмонӣ»-ро, ки аз падараш омӯхта буд, идома медиҳад: дар ҳар ҳолат сабаби шодӣ ҷустан. Ин бозӣ сода менамояд, вале аз лиҳози моҳият машқи руҳист ва барои шод зистан хеле муфид мебошад. 

Қисмати таъсирбахши роман он аст, ки Поллианна ба имтиҳони сахт рӯ ба рӯ мешавад. Вақте аз роҳгардӣ маҳрум мегардад, «бозии шодмонӣ» дигар барояш осон нест. Дар ҳамин ҷо хонанда дарк мекунад, ки хушбинӣ танҳо сухан нест, имтиҳон дорад. Ҷомеае, ки аз ӯ дарси шодӣ гирифта буд, акнун ба ӯ неру мебахшад. Некиҳояш самар меоранд.

Ин роман ба мо хотиррасон мекунад, ки тағйирро набояд аз дигарон интизор шуд, он аз худи мо оғоз меёбад. Ҳар яки мо метавонем «бозии шодмонӣ»-и худро дошта бошем.

Шояд саволи асосие, ки ин роман ба миён мегузорад, ҳамин бошад:

Оё ман имрӯз сабаби шодии нафаре шудам?

Гулбаҳор РАҲМОНОВА,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: