Як дуои модар
Модар вожаи одӣ не, дар он як ҷаҳон маъно нуҳуфта аст. Ин вожа ба олиҳае мансуб аст, ки қудрати офаридгорӣ дорад. Ӯ инсон ба дунё меорад. Бо ранҷу машаққат ва бедорхобиҳо барои осоиши фарзанд талош мекунад. Ӯ аввалин омӯзгор, роҳнамо ва дӯст аст. Ҳар комёбии фарзанд самараи заҳмату дуои модар мебошад.
Барои васфи ин холиқи рӯи замин оҷизем. Дар дил боз чизе ногуфта мемонад. Мо беқудратии суханро низ дар баёни сифати модар мебинем.
Рӯзи Модар аз ҷашнҳоест, ки ҳамватанонамон бо самимият ва меҳри беандоза пешвоз мегиранд. Дар бисёр кишварҳо Рӯзи Модар дар санаҳои гуногун ҷашн гирифта мешавад, барои мо он бо оғози баҳор, эҳёи табиат ва гармии офтоби наврӯзӣ ҳамқадам аст. Ба ибораи дигар, гармии офтоби наврӯзӣ бо самимияти модар тавъаманд.
Модар аввалин олиҳаест, ки инсонро бо муҳаббат, сабр ва умед ба зиндагӣ ошно месозад. Аз лаҳзаи таваллуд то охири умр дуои модар сипари фарзанд аст.
Модар на танҳо тарбиятгар, балки омӯзгор, табиб ва дӯсту ҳамроз аст. Ӯ бо меҳнати шабонарӯзӣ фазои гарму оромеро фароҳам меорад, ки онро хона меномем.
Дар матлабе хондам: «Ман фикр мекунам, ки ҳеҷ касе модарашро ба мисли ман дӯст намедорад» Ин як ҳикмат аст, ки дар он фалсафаи зиндагии модар нуҳуфта.
Дуои модар неруи бузург дорад. Ин дуо аз қалби поку беолоиш бармеояд ва роҳи фарзандро равшан месозад. Ҳар гоҳе ки инсон дар зиндагӣ ба мушкилие рӯ ба рӯ мешавад дуои модар ӯро аз бадбахтиҳо нигоҳ медорад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ пайваста аз мақому манзалати Зан - Модар ёдовар шуда, саҳми онҳоро дар пешрафти ҷомеа бориз арзёбӣ мекунанд. Ин нишонаи он аст, ки қадршиносии модар танҳо як анъана не, балки ҷузъе аз сиёсати давлатии кишвари мост.
Қадри модарро донистан қадри зиндагиро донистан аст. Касе, ки модарро эҳтиром мекунад, арзишҳои инсониро низ пос медорад. Модар моҳиятан сарчашмаи меҳру бахшиш аст.
Ашъори Эраҷ Мирзо - бузургтарин модарноманависи ҷаҳон басанда аст, то кӣ будани модарро мағз андар мағзи ҷонамон эҳсос намоем. Модар ҳатто дар ҳолате ки ранҷ мебинад, барои фарзандаш танҳо дуои нек мекунад:
Оҳ, дасти писарам ёфт харош,
Вой, пои писарам хӯрд ба санг.
Ин шеър эҳсоси меҳру муҳаббат ва дилсӯзии модар нисбат ба фарзандро нишон медиҳад.
Биёед, на танҳо дар як рӯз, балки ҳар рӯз қадри модарро донем, зеро модар сарчашмаи зиндагӣ, рамзи муҳаббат ва илҳомбахши ҳар як инсон аст.
Рӯзи Модар танҳо барои тақдими гул ё туҳфа нест. Модар, бештар аз ҳама, ба муҳаббат, таваҷҷуҳ ва эҳтироми ҳаррӯза ниёз дорад. Бигзор, ҳар рӯз барои модарон ид бошад. Бигзор, табассум аз лабонашон канда нашавад. Бигзор, дуои неки онҳо ҳамеша роҳнамои мо бошад. Муҳимтар аз ҳама, сухани ширин, таваҷҷуҳ ва эҳтироми ҳамешагӣ аст. Занг задан, оғӯш гирифтан, кумак дар корҳои рӯзгор - ин ҳама метавонад дилеро шод гардонад, ки солҳо барои хушбахтии мо тапидааст.
Фархунда АБДУЛҲАКИМОВА,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
