Афзалияти зироатпарварии гармхонаӣ дар Суғд
Таъмини амнияти озуқаворӣ ва фаровонии маҳсулоти тару тоза дар бозори истеъмолӣ яке аз ҳадафҳои муҳими сиёсати аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, дар вилояти Суғд ба рушди соҳа, бахусус парвариши зироатҳо дар гармхонаҳо, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мегардад. Гармхонаҳо имкон медиҳанд, ки истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳама фаслҳои сол роҳандозӣ ва бозори дохилӣ бо сабзавоти тару тоза таъмин шавад.
Аз ҷониби дигар, иқлими минтақа на ҳамеша барои истеҳсоли мунтазами сабзавот дар фаслҳои сол мусоид аст. Аз ин рӯ, истифодаи гармхонаҳо ҳамчун роҳи самараноки рушди кишоварзӣ аҳамияти калидӣ дорад. Парвариши зироат дар муҳити муҳофизатшуда имкон медиҳад, ки ҳатто дар сардиҳои зимистон низ сокинон маҳсулоти тару тоза истеҳсол намоянд.
Ҳоло дар вилояти Суғд зиёда аз 500 гармхона фаъолият дорад. Дар онҳо помидор, бодиринг, қаламфур, кабудиҳо, лимӯ ва дигар зироатҳо парвариш карда мешаванд. Маҳсулоти истеҳсолшуда на танҳо бозорҳои вилоятро таъмин менамояд, балки ба дигар минтақаҳои кишвар низ интиқол дода мешавад.
Бартарии гармхонаҳо дар он аст, ки раванди парвариши зироат зери назорати доимӣ қарор мегирад. Ҳарорати мувофиқ, намнокии зарурӣ ва нигоҳубини дуруст ба афзоиши ҳосилнокӣ мусоидат мекунад.
Солҳои охир дар вилоят баробари гармхонаҳои анъанавӣ шумораи гармхонаҳои муосир низ афзудааст. Истифодаи технологияҳои нав, аз ҷумла низоми қатрагии обёрӣ ва назорати ҳарорат, ба беҳтар шудани сифати маҳсулот ва баланд гардидани самаранокии истеҳсолот мусоидат намудааст.
Ҳамзамон, афзудани шумораи гармхонаҳо ба таъсиси ҷойҳои нави кор мусоидат карда, сатҳи зиндагии аҳолиро беҳтар мегардонад. Бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ ва ҷалби сармоя майдони гармхонаҳо сол то сол васеъ мегардад.
Рушди зироатпарварии гармхонаӣ дар вилояти Суғд қадами муҳим дар роҳи таъмини амнияти озуқаворӣ ва фаровонии бозори истеъмолӣ ба ҳисоб меравад. Бо ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва идомаи ин раванд истеҳсоли сабзавоти тару тоза боз ҳам афзоиш ёфта, аҳолӣ бо маҳсулоти босифат таъмин мегардад.
Н. ТУРСУНОВ,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
