РУҲИ ХУДШИНОСӢ
ё фаротар аз ҷашне
Наврӯз чун муқаддастарин ва куҳантарин оини тамаддуни ориёӣ ва ҷузъи гаронмояи мероси маънавии башарият, дар тӯли ҳазорсолаҳо на танҳо рамзи эҳёи табиат, оғози гардиши нави зиндагӣ ва тантанаи рӯшноӣ бар зулмот, балки таҷассумгари ҷаҳонбинии амиқи фалсафӣ, ҳикмати шинохти низоми ҳастӣ ва оинаи равшани худшиносии миллӣ буд. Моҳияти аслии Наврӯз дар пайванди инсон бо табиат, арҷгузорӣ ба заҳмату созандагӣ, эҳтироми гузашта ва умеди созанда ба фардо таҷассум ёфта, онро ба ҷашне фаротар аз як маросими мавсимӣ табдил додааст. Бо ба даст омадани Истиқлоли давлатӣ ин суннати бузурги таърихӣ дар фазои нави давлатдории миллӣ бо шукӯҳу шаҳомати тоза эҳё гардида, ҳамчун рукни муҳими ҳифзи ҳувияти миллӣ, таҳки-ми ваҳдати ҷомеа ва арҷгузорӣ ба арзишҳои асили фарҳангӣ ҷойгоҳи хоса касб намуд. Маҳз бо сиёсати фарҳанг-парварона, хирадмандона ва ояндасози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз аз нав ба саҳнаи маънавию иҷтимоии миллат бо та-моми азамат ва асолати худ баргашт, мақому манзалати таърихии худро боз ёфт ва ба ҳайси ҷашни муҳими миллӣ ва падидаи эътирофшудаи байналмилалӣ муаррифӣ гардид.
Басо рамзист, ки таҷлили имсолаи Наврӯзи оламафрӯз ба соли таърихиву хотирмон, яъне, таҷлил аз 35-умин солгарди Истиқлоли кишвари маҳбубамон - Тоҷикистон рост меояд ва имрӯзҳо ҳар гӯшаву канори диёри ободу озоди мо қабои идона гирифтааст. Наврӯз рамзи пайванди гузаштаву имрӯз ва идомаи суннатҳои неки ниёгон ба шумор меравад. Ин ҷашни бостонӣ на танҳо хотиррасони асли таърихии миллат аст, балки пайвандгари наслҳо ва таҷассумгари эҳёи беҳтарин расму оин ва анъанаҳои миллии мо мебошад.
Аҳамияти иҷтимоӣ ва ахлоқии Наврӯз бисёр амиқ ва фаротар аз як ҷашн аст. Аз ин рӯ, онро танҳо ҳамчун ва-силаи фароғат ё айёми шодиву сурур арзёбӣ кардан дуруст нест. Наврӯз бозгӯи сатҳи баланди тафаккури созан-даву бунёдкоронаи мардум буда, ҳамзамон, бо ҳаракати табиии кайҳонӣ ва вуруди соли нави мардуми ориё-инажод иртибот дорад. Ин ҷашн рамзи бедории табиат, оғози марҳилаи нави зиндагӣ, шурӯи киштукор ва пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ маҳсуб меёбад. Бинобар ин, дар тамоми давру замон мардум фарорасии Наврӯзро ҳамчун муждаи нуру зиё, файзу баракат ва оғози зиндагии нав бо хушнудӣ интизор будаанд.
Тамаддуни халқи мо бо Наврӯз пайванди ногусастанӣ дорад. Ба ибораи дигар, Наврӯзро метавон оғози та-шаккули фарҳанги миллати тоҷик донист. Ин ҷашни куҳан беш аз шаш ҳазор сол аст, ки ҳамчун рӯзи муборак ва айёми шодиву нишот таҷлил мегардад. Барои миллати тоҷик Наврӯз сарнавишт аст ва ниёгони мо ҳатто дар душвортарин давраҳои таърихӣ низ ин ҷашни муқаддасро ҳифз карда, тавассути он руҳи умеду зиндагиро аз нав эҳё менамуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз паёмҳои шодбошии худ ба муносибати Ҷашни Наврӯз баён доштанд: «Мо, ворисони тамаддуни ориёӣ, баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатии Тоҷики-стон ин суннати писандидаро аз нав эҳё намуда, Наврӯзро ба иди умумимиллӣ ва умумидавлатӣ табдил додем, ки ин суннати нек дар таҳкими пояҳои давлатдории навини миллатамон, тақвияти худшиносиву худогоҳӣ, пойдории ваҳдат ва болоравии ифтихори миллии мардум нақши босазо гузошт».
Бемуҳобот, Истиқлоли давлатӣ, ин саодати ҷовидона, барои эҳёву таҷлили пуршукӯҳу бошаҳомати Ҷашни муқаддаси ниёгонамон - Наврӯзи оламафрӯз, наврӯзи ормонҳои навин, шароити мусоид фароҳам овард. Аз ин рӯ, мо, миллати сарбаланду хушиқболи тоҷик, бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо расем, шукрона кунем ва аз Истиқлоли давлати хеш чун бахти безаволи миллат ифтихор дошта бошем ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.
Қобили зикри хос аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон Наврӯз мазмуну муҳтавои нав касб намуда, ба ҷашни бузурги байналмилалӣ табдил ёфт, ки дар ин раванд саҳми Пешвои хирадсолори миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле боризу мондагор аст.
Бо ташаббус ва заҳматҳои пайгиронаи Пешвои миллат Ҷашни Наврӯз ба таври густурда ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ ва чун ҷашни тамаддунии халқҳои ҷаҳон эътироф шуд. Аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ба ҳайси ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шудани Наврӯз гувоҳи он аст, ки ҳанӯз дар замони қадим ниёгони мо бо нияти нек ва ормони олӣ ҷашнеро асос гузоштаанд, ки паёми ваҳдату муҳаббат, таҳаммулгароӣ, покиву садоқат, зебо-иву нафосат ва бедориву заҳмат мебошад. Пазируфта шудани Наврӯз ба ҳайси ҷашни байналмилалӣ аҳамияти бузурги фарҳангию сиёсӣ дошта, саҳми тамаддуни ориёӣ ва фарҳанги тоҷиконро дар рушди фарҳанги ҷаҳонӣ таъкид месозад.
Имрӯз Наврӯз дар баробари Тоҷикистон дар даҳҳо кишвари ҷаҳон низ таҷлил мегардад ва мардуми гуно-гунмиллатро гирди арзишҳои сулҳ, дӯстӣ, ҳамбастагӣ ва эҳтироми фарҳангҳо муттаҳид месозад.
Ба муносибати Ҷашни фархундаи Наврӯз, чун падидаи нодиру бузурги табиат, ҷавҳари тобнок ва тантанаи ростиву накукорӣ, зебоипарастиву инсондӯстӣ, оғози соли нави аҷдодӣ, ҳамасола дар саросари Тоҷикистон чо-рабиниҳои гуногуни ҷашнию варзишӣ, барномаҳои фарҳангӣ, намоиши ҳунарҳои мардумиву либосҳои миллӣ, озмуну фестивалҳо, карнавалу ҳамоишҳо баргузор гардида, хони наврӯзӣ ороста мешавад.
Боиси ифтихору сарафрозии мардуми тоҷик аст, ки дар пойтахти мамлакат – Душанбешаҳри азиз соли 2011 бузургтарин ҷашнкада - Наврӯзгоҳ бо истифода аз сабки меъмории Тахти Ҷамшед (тақрибан 2500 сол пеш дар аҳди Куруши Кабиру Дорои Бузург сохта шудааст) дар масоҳати 28 га бо 11 ҳазор ҷойи нишаст ва соли 2014 боғи Наврӯзгоҳ бо шаршараи дорои баландии 22 метр дар масоҳати 146 ҳазор метри мураббаъ сохта шудаанд, ки ба шаҳри Душанбе ҳусни тоза зам кардаанд.
Маҷмааи «Кохи Наврӯз»-и Душанбе низ аз бузургтарин ва нодиртарин кохҳои ҷаҳон ва яке аз ҷозибаҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол аст, ки соли 2014 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт ва соли 2019 ба унвони яке аз ҳашт муъҷизаи муосири Созмони ҳамкории Шанхай пазируфта шуд.
Дар ин баробар, бо иқдоми дурбинонаи Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз па-дидаҳои зеботарини наврӯзӣ – «Сайри гули лола» дубора ва бо таровишу зебоии латофатбахшаш эҳё гардид ва аз соли 2019 инҷониб, дар саросари мамлакат Фестивали «Сайри гули лола» баргузор мешавад. Шаҳри Душабе ва дигар минтақаҳои кишвар дар рӯзҳои Наврӯз сабзу хуррам ва гулу гулзор мешаванд, ки аз дидани он сокино-ну меҳмонон лаззат мебаранд. Танҳо дар пойтахти мамлакат - Душанбеи гулрез ҳамасола аз 5 то 6 миллион гули лола шинонда мешавад, ки ба пойтахтамон ҳусну тароват ва зебоии хосе мебахшанд.
Хушбахтона, вазъи муътадили сиёсӣ, дастовардҳои бузурги иҷтимоиву иқтисодӣ ва эҳтирому эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ имкон дод, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол мизбони даҳҳо конфронсу ҳамоишҳо, форуму фе-стивалҳо ва анҷуману симпозиумҳои байналмилалӣ зери унвонҳои «Наврӯз - мероси фарҳангию сайёҳӣ», «Наврӯзи Душанбе - меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» шавад, садҳо нафар олимону муҳаққиқон, адаби-ётшиносону фарҳангиён, рассомону гардишгарон ва сиёсатмадорону кишваршиносонро дар Ватани Наврӯз – Тоҷикистон дар остонаи Наврӯзи байналмилалӣ сарҷамъ намояд.
Барои мардуми тоҷик Наврӯз таърих, фарҳанг, рамзи худшиносии миллӣ ва пайванди наслҳо ба ҳисоб мера-вад. Тоҷикистон ҳамчун сарзамини бостонии тамаддуни ориёӣ дар ташаккул ва рушди фарҳанги Наврӯз нақши муҳим дорад. Аз ин рӯ, дар муҳити илмӣ ва фарҳангии минтақа ва ҷаҳон пайваста таъкид мешавад, ки «Тоҷики-стон Ватани Наврӯз аст». Дар ин сарзамин анъанаҳо ва расму оинҳои Наврӯз дар шакли аслӣ ва бо тамоми ран-горангии фарҳангии худ то имрӯз нигоҳ дошта шудаанд.
Наврӯзи фаррухпай аз даврони бостон чун Соли нави миллӣ ва тантанаи ваҳдати инсону табиат дар дили мардум беҳтарин орзуҳои созандагиро бедор сохтааст, бо қудуми худ ҳар сол ба хонадони мо хушҳоливу шод-монӣ ва файзу баракати тоза меорад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии мамлакат «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» иброз доштанд: «Мусаллам аст, ки тоҷикон яке аз миллатҳои фарҳангиву тамаддунсози дунё мебошанд. Боиси ифтихори мост, ки гузаштагони некноми мо – ориёиҳо ба ҷаҳониён забону фарҳанг, илму ҳунар, оину суннатҳои бою рангоранги башардӯстона, аз ҷумла Наврӯз, инчунин, анъанаҳои пешрафтаи давлатдорӣ, яъне, тамаддуну фарҳанги ҷовидонаро ба мерос гузошта-анд. Мо вазифадорем, ки дар баробари ифтихор кардан аз мероси оламшумули аҷдоди худ онро соҳибӣ кунем, омӯзем, идома диҳем ва барои наслҳои оянда ҳамчун ганҷинаи бебаҳои ҳувиятсоз ба мерос гузорем. Мо бояд ифтихор дошта бошем, ки аҷдоди хирадманди мо «пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек»-ро ҳамчун ар-зиши бузурги инсондӯстона шиори зиндагии худ қарор додаанд».
Пешвои миллат дар идома таъсиси Конуни тамаддуни ориёӣ дар шаҳри Душанбе ва бо мақсади тақвияти аҳамияти Ҷашни байналмилалии Наврӯз, инчунин, бо назардошти фалсафаю ҳикмати ҷовидонаи он бунёди Маркази байналмилалии Наврӯзро дар пойтахти мамлакат амри зарурӣ донистанд. Бо ифтихор метавон таъкид намуд, ки Наврӯз барои миллати куҳанбунёду соҳибтамаддуни тоҷик на танҳо як ҷашни мавсимӣ, балки рамзи ҷовидонаи ҳастии миллӣ, таҷассуми руҳи шикастнопазири таърихӣ ва оинаи пурҷилои фарҳангу маърифати халқ аст. Дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин суннати муқаддасу мероси га-ронмояи аҷдодӣ бо сиёсати бобарор ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президен-ти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шукӯҳу шаҳомати бесобиқа эҳё гардида, ба яке аз пояҳои устувори худшиносии миллӣ, ваҳдати ҷомеа ва таҳкими давлатдории навини тоҷикон табдил ёфт. Имрӯз Наврӯз ҳамчун паёми саодат, муждаи эҳёи маънавӣ ва башорати фардои ободу дурахшон дар саросари Тоҷикистони азиз танинандоз аст, ба қалбҳо нуру сафо, ба андешаҳо покиву созандагӣ ва ба руҳу равони мардум эҳсоси гарми ифтихор аз Ватан, садоқат ба давлат ва муҳаббат ба арзишҳои муқаддаси миллӣ мебахшад. Бо фарорасии Наврӯз на танҳо табиат, балки таърих аз нав бедор мешавад, замин ҷомаи сабзу пургул ба бар меку-над, фазо аз насими умед лабрез мегардад ва руҳи миллат ба сӯи қуллаҳои баландтари пешрафту саодат ба парвоз меояд.
Наврӯз таронаи ҷовидонаи зиндагӣ, садои қалби миллат, рамзи пирӯзии нур бар зулмот, гармӣ бар сардӣ ва ваҳдат бар парокандагист. Ва то замоне ки ин чароғи муқаддас дар фазои маънавии Тоҷикистони соҳибистиқлол фурӯзон аст, руҳи худшиносӣ, ифтихори миллӣ, муҳаббат ба сарзамини аҷдодӣ ва ин кишвари ободу пешрафтаи биҳиштосо ҷовидона равшан ва поянда хоҳад монд.
Мавсума МУИНӢ,
муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамчунин дигар маводҳо:
