Муаллим нишони эҳтиром, эътироф ва эътимод аст!
Омӯзгор будан бо доштани диплом маҳдуд намешавад. Омӯзгор нафарест, ки аз худ асар мегузорад: дар дилҳо, дар андешаҳо ва дар сарнавиштҳо. Ӯ ин унвонро бо заҳмат, бо шабҳои бедорхобӣ ва дигар хислатҳои ҳамида ба даст меорад. Омӯзгор будан на танҳо мартаба, балки масъулияти муқаддас ҳаст. Ба ибораи дигар, ҳар қадар ба омӯзгор эҳтиром гузорем, ҳамон қадар ба фардои худ нур меафканем.
Дар гузашта калимаи «муаллим» танҳо як муроҷиат набуд, балки нишони эҳтиром, эътироф ва эътимод ба шумор мерафт. Ҳар кас лоиқи ин мафҳум набуд ва на ҳар забон сазовори талаффузи он буд. Муаллим касе хитоб мешуд, ки бо дониши амиқ, ахлоқи воло ва масъулияти бузургаш назди ҷомеа сарбаланд аст, аммо қадри омӯзгор дар ин авохир то андозае коста гардид, вале ҷомеа тадриҷан ба ин ҳақиқат расид, ки бе омӯзгор пешрафт нест, ободӣ ҳам намешавад.
Таҳия, қабул, ҷонибдорӣ ва мавриди амал қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, воқеан, рӯйдоди таърихӣ ва сарнавиштсоз барои соҳаи маорифи кишвар аст. Ин санад на танҳо меъёрҳои ҳуқуқиро муайян мекунад, балки муносибату эҳтироми ҷомеаро нисбат ба омӯзгор эҳё мекунад ва шакл медиҳад.
Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор», фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ ва иҷтимоӣ барои омӯзгорон, бахусус дар деҳот, аз вазифаҳои муҳим маҳсуб меёбад. Хусусан, барои ҷалби ҷавонон ба касби омӯзгорӣ як қатор имтиёз пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, ҳуқуқи гирифтани таҳсилоти олии дуюм дар равияи омӯзгорӣ ба таври ройгон, ҷалб нашудан ба корҳои ғайритаълимӣ ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои касбӣ аз ҷониби давлат. Илова бар ин, муқаррар шудааст, ки санҷиш ва назорати фаъолияти омӯзгор танҳо аз ҷониби мақомоти ваколатдори соҳаи маориф анҷом дода мешавад. Давлат, инчунин, барои ҳифзи саломатии омӯзгорон тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» аз 6 боб ва 16 модда иборат буда, мақоми омӯзгор, ҳуқуқу уҳдадориҳо, тайёркунӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзӣ, аттестатсия ва дараҷаи тахассусии омӯзгор, маҳдудият ва дахлнопазирӣ дар фаъолияти омӯзгорӣ, кафолат ва ҳавасмандгардонӣ, инчунин, ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи қонунро дар бар мегирад.
Дар моддаи 4 қонун зикр шудааст, ки шаъну шарафи омӯзгор дахлнопазир буда, эҳтироми он аз ҷониби давлат ва ҷомеа таъмин мегардад. Амалҳое, ки бевосита ё бавосита ба паст задани шаъну шарафи омӯзгор равона шудаанд, манъ мебошанд.
Дар қисми 2 моддаи 11 қонун ба омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ имтиёз дода шудааст, ки метавонанд таҳсилоти олии дуюми равияи омӯзгориро дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба таври ройгон соҳиб шаванд.
Тибқи ин қонун, ба омӯзгорон аз ҷониби давлат фаъолияти озоди касбӣ кафолат дода шуда, онҳо бо маводи таълимӣ, методӣ, аёният, воситаҳои техникӣ ва дигар лавозимоти зарурии таълимӣ таъмин карда мешаванд.
Қонун на танҳо ҳуқуқ, балки масъулияти омӯзгорро низ равшан муайян менамояд. Тибқи моддаи 6, омӯзгор уҳдадор аст, ки хонандагонро дар руҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба қонун, арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ, ҳамчунин, эҳтиром ба падару модар ва атрофиён тарбия намояд. Яъне, омӯзгор танҳо омӯзонандаи фан не, балки тарбиятгари инсони комил, шаҳрванди масъул ва вориси арзандаи арзишҳои миллӣ аст.
Мавриди амал қарор гирифтани ин қонун заминаи устувори ҳуқуқиро барои баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа ва ҷалби кадрҳои шоиста ба муассисаҳои таълимӣ фароҳам меорад. Ин санади меъёрии ҳуқуқӣ эътирофи расмии ҷойгоҳи баланди омӯзгор аст. Он мавқеи иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодии омӯзгорро муайян намуда, рисолати бузурги ӯро дар тарбияи насли навин ва рушди фарҳанги миллӣ боз ҳам равшантар мекунад.
Ин қонун моро водор месозад, ки ба омӯзгор на чун корманди соҳа, балки ҳамчун поягузори маънавиёти миллат назар кунем. Агар ба омӯзгор арҷ гузошта шавад, дониш қадр ва мактаб даргоҳи муқаддас эътироф мегарданд, пас, ҷомеа роҳи дурусти рушдро интихоб кардааст.
Гулбаҳор РАҲМОНОВА,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
