https://sadoimardum.tj

Устод Айнӣ ва ориентатсияи миллӣ

№:42 (5094), 13 апр 2026, 17:18
11

Устод Айнӣ ва ориентатсияи миллӣ

Одатан, моҳи апрелро ба унвони «Моҳи Айнӣ» мешиносанд ва дар ин замина, маҳфилҳо доир намуда, оид ба шахсияти устод Садриддин Айнӣ ва ҷойгоҳи адабию илмӣ, сиёсӣ ва мафкуравию мадании ӯ суҳбатҳои илмию адабӣ меороянд.

Мусалламан, тасмимгирии мантиқӣ, пеш аз ҳама, ба сатҳи ҷаҳоншиносӣ ва дидгоҳи илмии фард бастагӣ дорад ва ҳар нафаре, ки бар мабнои ақл, фаросат, донишу маърифат, шинохту фикрат ва мушоҳидаву таҷриба тасмим мегираду коре анҷом медиҳад, ҳатман муваффақ мешавад. Ҳадафи мо дар ин матлаби ихтисорӣ мушаххас кардани ҷойгоҳи устод Айнӣ ба ҳайси як ояндабин ва ориенталисти миллӣ мебошад.

Суоли матраҳ ин аст, ки оё метавонем устод Айниро ба унвони як тасмимгири мантиқӣ ва ояндабин шиносем? Албатта, метавонем, зеро устод Айнӣ тӯли умр аз тариқи талошҳои мудаввом, тасмимгирии мантиқӣ ва ориентатсияи миллӣ на танҳо дар роҳи боло бурдани сатҳи донишу маърифату биниши ҷомеа гомҳои устувор бардоштааст, балки тариқи омӯзишу таҳқиқи вазъ оянда ва дурнамои миллатро ҳам мушаххас ва як навъ ояндабинӣ кардааст. Айнӣ нахустин маротиба, баъд аз мутолиаи «Наводир-ул-вақоеъ»-и Аҳмади Дониш, аз назари фикрӣ тағйир ёфт ва ба мушкилоти иҷтимоии замон пай бурд. «Аммо, вақте ки ман он аҳволи фалокатиштимолро дар мундариҷоти «Наводир-ул-вақоеъ» бо тасвири реалӣ - бо тасвире, ки худ дар зиндагӣ дида будам, дидам, - навиштааст устод Айнӣ,- ба ман ҳолати дигар рӯй дод. Ман дар дили худ гуфтам: «Ин аҳволро ислоҳ кардан лозим аст, модом ки ман ислоҳ карда наметавонам, аз вай нафрат кардан зарур аст». Инқилоби фикрӣ кам ҳам бошад, дар ман ана дар ҳамон вақт рӯй дод».

Устод Айнӣ бо зеҳни ҷӯёву пӯё, ҳунари мушоҳидакорӣ ва дақиқназарӣ ҷараёни воқеоту ҳаводиси замонро мушикофона пайгирӣ ва дар ин замина, ҳаёти мардуми аморати Бухороро, ки худ ҷузъи он салтанати қафомондаи феодалӣ буд, бо мушоҳидакорӣ, дақиқсанҷӣ ва ҷиддияти ҳунарӣ муваффақона ба риштаи тасвири бадеӣ кашидааст.

Фаротар аз ин, устод бо диди густурдаи худ дар қолаби насри бадеӣ на танҳо ба масоили сиёсӣ, балки ба куллияи матолиби замон ва макони мушаххас (манзур Бухорои амирӣ аст) бархӯрди воқеӣ - реалӣ ва таҳлилӣ-интиқодӣ кардааст. Ба назари устод Шакурӣ, «фикри амиқи замонӣ, чашмандози пурвусъати маънавию фалсафӣ шакли адабиётро тағйир медиҳад ва бадеияти нав ба он фикри муҳим, ба он ҷустуҷӯҳои маънавию фалсафӣ қувваи азиме ато карда, барои таъсири амалии эстетикӣ замина тайёр менамояд». Бо таваҷҷуҳ ба ин, устод Айнӣ ба «он фикри муҳим» ва «қувваи азим» тамаркуз карда, ин ду иборати меҳварии адабӣ-бедеиро дар инсиҷом оварда, ба сарманзили ҳадаф – бедории фикрӣ ва маънавии хонанда расидааст.

Устод Айнӣ дар муҳити Бухоро Аҳмади Донишро ба унвони раҳбари инқилоби илмӣ, адабӣ, иҷтимоию сиёсӣ ёд карда, дар ҷо-ҷойи осораш мувофиқи мақсад ва муносиби ҳол аз ӯ ҳамчун равшангар ва маорифпарвари беназир тамҷид намудааст. Мушаххасоти ниҳоди равшанфикрии миллӣ, ки раҳбараш Аҳмади Дониш буда, дар «Ёддоштҳо» батафсил дарҷ гардидааст, бояд имрӯз ҷиддӣ омӯхта шавад ва таҷрибаи муқовимати фикрӣ ва сиёсии он ба муқобили хурофоту таассуби динӣ-мазҳабии давр ҳоло ҳам дархӯр ва омӯзанда аст.

Аз ҷониби дигар, шинохту муаррифии осори устод Айнӣ дар доираи маҳдуди филологӣ - забону адабиёт ва завқу салиқашиносии бадеӣ-эстетикӣ ҳаргиз кофӣ нест, балки муҳтавиёту мушаххасоти эҷодиёти устод бояд фаротар аз улуми адабӣ - дар доираи илмҳои фалсафӣ матраҳ гардида, шахсияти чандбуъдии Айнӣ муаррифӣ гардад. Дар ин замина, татбиқи назариёти адабӣ, сиёсӣ, геосиёсӣ, мафкуравӣ, ҷомеашинохтӣ, равоншиносӣ, равонковӣ, фалсафӣ, таърихӣ ва амсоли инҳо дар маҳдудаи маконию замонии миллӣ бояд сурат бигирад. Манзур ин аст, ки фазои татбиқи назариёти илмию фаннии урупоиро метавон дар мероси арзишманди устод Айнӣ пайдо кард ва масири ҳаракати фикрӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, мафкуравӣ, ахлоқӣ, равонӣ ва фарҳангии миллиро дуруст шинохт.

Устод Айнӣ аз даврони толибилмӣ (айёми таҳсил дар мадориси Бухоро) ба муҳитҳои рӯшангарӣ роҳ меёбад. Маҳз аз ин марҳила (манзур солҳои 1905-1912) фаъолияти маорифпарварӣ-рӯшангарии устод Айнӣ шурӯъ мешавад. Айнӣ усулан бар мабнои донишу биниш ва таҷрибаю собиқаи маорифпарварону рӯшангарони замон, аз ҷумла Аҳмади Дониш, Мирзо Сироҷи Ҳаким, Раҳматуллоҳи Возеҳ, Сиддиқхоҷаи Аҷзӣ ва дигарон, дар масири ислоҳи авзоъ ва тағйироти зеҳнию иҷтимоӣ бардамона гом бардошт. Устод рисолати маорифпарварӣ-рӯшангариро дар беҳбуд бахшидани вазъи асафбори иҷтимоию маънавӣ, саводнок кардани мардум ва пахшу нашри улум қаламдод карда, тавсияи худро дар шакли барнома-стратегияи адабӣ, илмӣ ва маданӣ ироа медорад: «Аввал танвири афкор ва нашри улум лозим аст, сонӣ ислоҳот худ ба худ ё ба иҷбори афкори умумӣ хоҳад шуд. Хулоса: илм чу ояд, ба ту гӯяд, ки кун».

Агар марҳилаи аввали маорифпарварӣ-рӯшангарии устод Айнӣ ба замони амирӣ (солҳои 1908-1920) иртибот дошта бошад, марҳилаи баъдӣ ба даврони нави сохтмони давлат ва ҷомеаи сотсиалистӣ (солҳои 1920-1954) рост меояд. Хусусан, фаъолияти маорифпарварӣ-рӯшангарии Айнӣ дар марҳилаи ҳассоси нимаи дуюми солҳои бистуми садаи бист (солҳои 1924-1929), ки дар таърихи миллӣ ба сифати замони миллатсозӣ ва муқовимату муборизаҳои шадиди сиёсию мафкуравӣ муаррифӣ шудааст, сазовори таъкиду тазаккури муқаррар аст. Дар он марҳилаи ҳассос, ки тоҷик нав соҳиби ҷумҳурии алоҳида шуда буд, устод Айнӣ тариқи нашру пахши мақолаю матолиби публитсистӣ рӯшангарӣ мекунад. Дар нашрияи овозадори «Овози тоҷик» силсилаи матолиби ҷиддии публитсистӣ, аз ҷумла дар имтидоди солҳои 1924-1925 мақолаҳои «Қавми тоҷик ва рӯзнома», «Дар бораи мактаб ва маорифи тоҷик», «Тоҷикони кӯҳистон», «Дар бораи китобҳои мактабии тоҷикон», «Қобилияти ташкилотӣ дар тоҷикон», «Кори Тоҷикистон гул карданист», «Дар бораи адабиёт ва китобҳои мактабии Тоҷикистон» ва амсоли инҳоро навишта, ба ин восита дар садри ҳаракати маорифпарварӣ-рӯшангарии миллӣ қарор мегирад.

Бояд махсус ёдовар шуд, ки устод Айнӣ дар замон ва шароити ҳассоси таърихӣ (солҳои бистуми садаи бист), ки миллати тоҷик дар вартаи нобудию ҳалокат қарор дошта, мавҷудияташ аз ҳар тараф зери суол бурда мешуд, вазъро хуб дарк кард, дар пайи анҷом додани ибтикороти ҷиддию саривақтӣ шуд, ба таълифи китоби қисматсози «Намунаи адабиёти тоҷик», ки соли ҷорӣ ба таълифи он сад сол пур мешавад, камар баст, дар кӯтоҳтарин муддат онро таълиф кард. «Намунаи адабиёти тоҷик» нахустин асари бузурги адабиётшиносӣ ва сиёсӣ-мафкуравии Садриддин Айнӣ буда, соли 1926 дар Маскав ба табъ расидааст. Мусалламан, пас аз интишори китоб таҳоҷумоти ҷиддии сиёсию мафкуравӣ алайҳи Айнӣ ва китоби ӯ аз тарафи элитаи сиёсию ҳизбии пантуркистӣ сахт ҷараён мегирад, то дараҷае ки душманон ба яке аз нухбагони олирутбаи ҳизбии рус, дабири нашрияи расмии «Правда» Н. И. Бухарин (1888-1938) арз мекунанд, ки Айнӣ бо навиштани ин китоб амири Бухороро аз нав даъват кардану овардан мехоҳад. Дар асоси ин гуна дасисаву тавтеаҳо китоби «Намунаи адабиёти тоҷик» барчида, ахз ва нобуд карда шуд. Устод Айнӣ дар номае ба А. А. Знаменский (1887-1943 - дипломати машҳури рус ва намояндаи Вазорати умури хориҷии Иттиҳоди Шуравӣ дар Ӯзбекистон, ки аз ин китоби устод ҳимоят кардааст) иқрор кардааст, ки «бо таълифи «Намунаи адабиёти тоҷик» фармудаи таърихро ба ҷо овардам».

­Нозим НУРЗОДА,

мудири шуъбаи ташаккули ҳувияти миллӣ ва оммависозии илми АМИТ

Ҳамчунин дигар маводҳо: