Истихроҷи маводи ғайримаъданӣ
Аз масъулият то танзим
Дар шароити рушди босуръати иқтисодӣ, афзоиши сохтмон, пешрафти соҳаи саноат ва татбиқи лоиҳаҳои бузурги энергетикӣ истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои табиӣ ба яке аз масъалаҳои калидӣ табдил ёфтааст.
Энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия на танҳо муҳаррики рушди иқтисод мебошанд, балки мустақиман ба ҳолати муҳити зист, захираҳои об кишвар таъсир мерасонанд. Дар чунин шароит фаъолияти хоҷагидорӣ, аз ҷумла истихроҷи маводи ғайримаъданӣ (шағал, қум, рег, сангреза ва ғайра) бояд бо назардошти манфиатҳои стратегӣ, устувории экологӣ ва ҳамоҳангии байнисоҳавӣ амалӣ шавад.
Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 16 декабри соли 2025 истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, тақвияти назорати давлатӣ ва ҳамоҳангии сиёсати соҳавӣ мадди назар қарор доштанд. Аз ҷумла, Сарвари давлат ба истифодаи самараноку оқилонаи захираҳои зеризаминӣ ва тақвияти назорати давлатӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ба мақомоти дахлдори давлатӣ супоришҳои мушаххас доданд.
Бояд гуфт, ки захираҳои зеризаминӣ ҳамчун ҷузъи сарвати миллӣ истифодаи оқилона, танзими ҳуқуқии дақиқ ва масъулияти баланди давлатиро дар ҳамаи марҳилаҳои истихроҷ ва идоракунӣ талаб менамоянд.
Аз ҷониби дигар, рушди босуръати саноат ва сохтмон бо афзоиши талабот ба захираҳои табиӣ ва масолеҳи сохтмонӣ тавъам буда, дар чунин шароит тақвияти механизмҳои танзими давлатӣ ва масъулияти ҳуқуқӣ барои истифодаи оқилонаи ин захираҳо аҳамияти ҳалкунанда пайдо мекунад. Дар ин замина, танзими истихроҷи маводи ғайримаъданӣ аҳамияти хос пайдо намуда, бояд дар ҳамоҳангӣ бо сиёсати давлатии саноат ва сохтмон ҳаллу фасл гардад. Дар ин сурат истифода ва ҳифзи захираҳои об дар шароити рушди энергетика, саноат ва сохтмон хусусияти байнисоҳавӣ касб намуда, ҳамоҳангсозии сиёсати давлатӣ, танзими ҳуқуқии мукаммал ва масъулияти муштараки ҳамаи сохторҳои дахлдорро талаб менамояд.
Бояд мадди назар дошт, ки истихроҷи маводи ғайримаъданӣ дар объектҳои обӣ на танҳо масъалаи соҳавӣ, балки байнисоҳавӣ мебошад, ки таъсири он ба якборагӣ ба захираҳои об, инфрасохтори энергетикӣ ва рушди сохтмон эҳсос мегардад. Тавре маълум аст, дар шароити муосири тағйирёбии иқлим фишор ба манбаъҳои обии табиӣ ва истихроҷи аз меъёр зиёди канданиҳои ғайримаъданӣ дар соҳилҳо ва маҷроҳои дарёҳо ба яке аз омилҳои муҳими ба ҳам задани тавозуни экологӣ ва хавфҳои техногенӣ табдил ёфтааст. Бо назардошти аҳамияти афзояндаи ин масъала дар кишварҳои дигари аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) муносибат оид ба истифода ва ҳифзи захираҳои об ва истихроҷи умумии захираҳои табиӣ, аз ҷумла маводи ғайримаъданӣ, дар шакли гуногун тавассути санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ танзим шудааст. Ҷорӣ намудани мораторияи бемуҳлати истихроҷи маводи ғайримаъданӣ дар маҷроҳо ва соҳилҳои дарёҳо, муқаррар намудани ҷаримаи зиёд барои истихроҷи ғайриқонунии маводи ғайримаъданӣ, истифодаи минтақаҳои кӯҳию доманакӯҳӣ ҳамчун манъбаҳои алтернативӣ, сохтмони минтақаҳои нави саноатӣ барои аз маҷрои дарёҳо бурдани инфрасохтори мавҷудаи истихроҷ ва ташкили мониторинги доимӣ аз ҳамон ҷумла мебошанд. Масъалаҳои марбут ба ҳифзи об, аз ҷумла пешгирии ифлосшавӣ, зараррасонӣ ба манбаъҳои обӣ ва эмин нигоҳ доштани соҳилҳои дарёҳо, тавассути қонун танзим мешаванд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мушкилоти шабеҳ вуҷуд дорад. Мавқеи ҷуғрофӣ Тоҷикистонро ба минтақаи осебпазир аз сел, обхезӣ, эрозияи заминҳо табдил додааст. Мутаассифона, дар ҳолати феълӣ фаъолияти корхонаҳо ва шахсони алоҳида дар робита ба истихроҷи шағал ва қум боиси тағйироти ҷиддӣ дар маҷро ва соҳили дарёҳо, ифлосшавии оби нӯшокӣ, хушкшавии дарахту сабзаҳои соҳилҳои дарёҳо, ботлоқшавии маҷроҳо ва эрозия гардидааст.
Ҳарчанд санадҳои қонунгузорӣ, аз ҷумла Кодекси об, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ», барномаи соҳавии Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, асоси танзими фаъолияти соҳа мебошанд, вале барои пешгирии истихроҷи ғайриқонунии маводи ғайримаъданӣ кифоя нестанд. Омӯзиши санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишварҳои аъзои ИДМ нишон дод, ки истифодаи механизмҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ метавонад ба ҳалли мушкилоти экологӣ, тоза намудани маҷроҳо, соҳилмустаҳкамкунӣ ва ҳифзи заминҳои назди дарёҳо мусоидат кунад.
Инчунин, барномаҳои ҷойивазкунии истихроҷ ва кӯчонидан аз соҳилҳои дарёҳо ва иншооти дигари обӣ ба минтақаҳои кӯҳӣ ва домани кӯҳҳо таҳия гардида, механизмҳои барқарорсозии заминҳои вайроншудаи манбаъҳои дарёҳо ва эҳёи манзараи тибиӣ муқаррар шавад.
Ба ғайр аз ин, ҷалби маблағгузории байналмилалӣ ва донорҳо ба лоиҳаҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, истифодаи мониторинги кайҳонӣ, GIS ва дронҳо барои назорат ва муқаррар кардани механизмҳои рекултиватсия ва барқарорсозии ландшафт ба манфиати кор хоҳад буд.
Набояд фаромӯш кард, ки истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва зеризаминӣ, ҳифзи муҳити зист, захираҳои об ва пиряхҳо дорои аҳамияти миллӣ мебошанд.
Нуралӣ НИЁЗОВ,
вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Алишер АЗИЗӢ,
мушовири калони Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия
Ҳамчунин дигар маводҳо:
