https://sadoimardum.tj

Истиқлолияти энергетикӣ

№:56 -57 (5108-5109), 08 май 2026, 16:39
6

Танзими қонунӣ омили расидан ба ҳадафи стратегӣ

Энергетика барои Тоҷикистон яке аз соҳаҳои калидии иқтисоди миллӣ ба ҳисоб рафта, ҳамчун зербинои муҳим барои таъмини амнияти иқтисодӣ ва рушди устувори кишвар нақши стратегӣ дорад. Ба таври дигар, он на танҳо захираи неру, балки василаи рушди иқтисодӣ ва зиндагии ободи мардум мебошад. Барои ҳамин Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки «Рушди соҳаи энергетика барои истиқлолияти иқтисодӣ ва ободии мардуми Тоҷикис­тон аҳамияти аввалиндараҷа дорад».

Дар ҳақиқат, бо захираҳои фаровони об, бод ва офтоб Тоҷикистон имкон дорад, ки на танҳо талаботи дохилиро қонеъ созад, балки ба содироти энергия ва ҷалби сармояи хориҷӣ низ роҳ кушояд, аммо барои ин, фазои ҳуқуқӣ бояд устувор, равшан ва боэътимод бошад.

Захираҳои энергетии Тоҷикис­тон, асосан, обӣ мебошанд. Тибқи маълумоти мавҷуда, дар як сол зиёда аз 527 млрд. квт/соат энергия аз захираҳои гидроэнергетикӣ истеҳсол кардан мумкин аст, ки ин нишондиҳанда дар ҷаҳон ҷои 8-умро ишғол мекунад.

Масъалаи дигари муҳим истифодаи самараноки неруи барқ аст, ки ба рушди саноат, гармидиҳӣ мусоидат менамояд, аммо бархе масъалаҳои мавҷуда, аз ҷумла хунукназарӣ дар соҳа, истифодаи нодуруст ва талафоти барқ дар фасли зимистон (2,2–2,5 млрд. квт/соат), нишон медиҳанд, ки ба воситаи танзими ҳуқуқӣ ва идоракунии самаранок амнияти энергетикиву рушди устуворро таъмин намудан имкон дорад.

Бояд гуфт, ки қонунҳои қабулшуда дар Тоҷикистон ташаккулдиҳандаи муҳити рушди соҳа ва кафили сармоягузорӣ мебошанд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика» соли 2005 қабул шуда, асоси ҳуқуқӣ барои фаъолияти корхонаҳои энергетикӣ мебошад. Он ҳуқуқ ва вазифаҳои давлат, корхонаҳо ва сармоягузорони соҳа, ҳамчунин, таъмини манфиатҳои аҳолиро муайян мекунад. Амалӣ кардани қонун ба ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ва рушди инфрасох­тори энергетикӣ шароит фароҳам меорад. Масалан, сохтмони неругоҳҳои барқии хурду миёна дар чанд соли охир бо назардошти ин қонун имконпазир шуд.

Қонуни дигар «Дар бораи энергияҳои барқароршаванда» мебошад, ки соли 2019 қабул гардид. Ин қонун истифодаи захираҳои барқароршавандаи энергия, аз ҷумла об, бод, офтоб ва татбиқи технологияҳои навро танзим мекунад. Бо татбиқи ин қонун лоиҳаҳо дар самти энергияи офтобӣ амалӣ шуданд, ки ҳам истеҳсоли энергияро афзоиш дод ва ҳам хароҷоти неруи барқи электрикиро то андозае кам кард.

Қонуни дигар, ки ба соҳаи энергетика ҳам таъсири амиқ дорад, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузорӣ» буда, соли 2013 бо тағйиру иловаҳо аз ҷониби Маҷлиси Олӣ қабулу ҷонибдорӣ гардид. Ин қонун кафолатҳои ҳуқуқӣ ва имтиёзҳо барои сармоягузорони дохилию хориҷиро таъмин мекунад, ки барои рушди соҳа, таъсиси корхонаҳои нав ва татбиқи технологияҳои муосир дар соҳаи энергетика муҳим аст.

«Стратегияи рушди энергетика то соли 2030» ҳадафҳо ва механизмҳои рушди соҳа, аз ҷумла самаранокӣ, амнияти энергетикӣ ва истифодаи устувори захираҳоро муайян мекунад. Ин санад барои ҳамоҳангсозии қонунҳо ва рушди инфрасохтори энергетикӣ заминаи ҳуқуқӣ ва амалӣ фароҳам меорад.

Бо мавҷуд будани заминаҳои асосии ҳуқуқӣ маълум шуд, ки соҳа ба қавитар намудани заминаи қонунгузорӣ зарурат дорад. Аз ин рӯ, 15-уми апрели соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» имзо гузоштанд. Моддаи 382 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Риоя накардани қоидаҳои истифодаи қувваи барқ ва гармӣ» ном дошта, барои истифодаи қувваи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ, худсарона пайваст шудан (насб шудан) ба шабакаҳо ва дастгоҳҳои таъминоти барқ, истифодаи қувваи барқ ва гармӣ бе асбобҳои зарурии назоратӣ ва баҳисобгирӣ ё бе шартнома бо ташкилоти таъминоти қувваи барқ ва гармӣ, кандан ва шикастани пломбаҳои муқарраршудаи асбобҳои андозагирӣ, инчунин, аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи қувваи барқ, ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят, ба шахсони воқеӣ аз бист то сӣ, шахсони мансабдор аз сӣ то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин мешавад.

Ҳадафи асосии ворид намудани тағйир ба моддаи 382 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон илова гардидани моддаи нави 2531 пешгирии дахолати беасос ба таҷҳизоти ҳисоби неруи барқ ва вайронкуниҳои қоидаву меъёрҳои истифодаи қувваи барқ мебошад.

Моддаи 2531 Кодекси ҷиноятӣ аз се қисм иборат мебошад ва қисми якуми он ҷавобгарии ҷиноятиро барои аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи қувваи барқ, инчунин, истифодаи қувваи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ, агар чунин кирдор дар давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад, муқаррар менамояд. Барои содир кардани кирдорҳои дар қисми як зикршуда ҷазои ҷиноятӣ дар намуди ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо то панҷсаду чилу ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то се сол пешбинӣ гардидааст.

Агар кирдорҳои мазкур ба миқдори калон аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ ва ё аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ содир шуда бошад, мутобиқи қисми 2 ҷарима ба андозаи аз ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо, то як ҳазору дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 3 то 6 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

Пурзӯр кардани муқаррароти қонунгузориро бояд чунин фаҳмид, ки истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ на танҳо ба суботи иқтисодии давлат таъсири манфӣ мерасонад, балки боиси садамаҳо, қатъшавии барқ, сӯхтор ва хатар барои ҳаёт ва саломатии одамон мегардад.

Дар қонунгузории аксари кишварҳои ҷаҳон чунин меъёрҳо вуҷуд доранд ва ин равиш ба меъёрҳои байналмилалии мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ мутобиқат мекунад.

Гуфтан мумкин, ки ҷазодиҳии қонунӣ барои вайрон кардани қоидаҳои истифодаи қувваи барқ ҳадафи амиқи иқтисодию иҷтимоӣ дорад. Яъне, он барои нигоҳ доштани низоми ҳуқуқӣ, истифодаи самараноки захираҳои энергетикӣ ва таъмини амнияти шаҳрвандон нигаронида шудааст.

Хулоса, низоми қонунгузорӣ барои рушди энергетика масъалаи амалӣ ва таъсиррасон мебошад. Тақвияти фазои ҳуқуқӣ ва мутобиқ сохтани он ба стандартҳои ҷаҳонӣ имкон медиҳад, ки энергетика ҳамчун самти афзалиятнок рушд кунад. Ин фазои ҳуқуқӣ кафолати рушди босуръат ва устувори энергетика, таъмини ҷойҳои нави кор ва амнияти энергетикиро фароҳам мекунад. Бо татбиқи қонунҳои устувор ва истифодаи самараноки захираҳои табиӣ Тоҷикистон метавонад ба кишвари боз ҳам ободу пешрафта табдил ёбад ва зиндагии мардум беҳтар шавад.

Аҳмад МАҲМУДЗОДА,

вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамчунин дигар маводҳо: