Донишмандони зеҳнпарвари башар
Умари Хайём
Имрӯзиён ӯро бештар чун шоир ё рубоисаро мешиносанд, аммо дар замони худ (1048-1131) ҳамчун риёзидон, мунаҷҷим, физикдон ва файласуф маълуму машҳур будааст. Кашшофи қонуне, ки чун «Биноми Нютон» ба олам машҳур аст (ин формула имрӯз дар фаслҳои гуногуни математика - алгебра, назарияи ададҳо ва монанди инҳо васеъ истифода мешавад), Хайём мебошад. Баъзе донишмандони илми физика ба ин боваранд, ки бори нахуст масъалаҳои физикаро ба воситаи математика маҳз Умари Хайём ҳаллу фасл намуда буд. Умуман, пажӯҳишгарон ҷойгоҳи илмии ӯро бартар аз ҷойгоҳи адабӣ ва шоириаш медонанд. Аммо чӣ боис шуда, ки Умари Хайём бештар бо рубоиёти фалсафиаш машҳур гашт?
Номи пуррааш Ғиёсуддин Абулфатҳ Умар ибни Иброҳими Хайём мебошад. Дар шаҳри Нишопур ба дунё омадаю ҳамон ҷо фавтидааст. Аз худ бо ду забон - тоҷикӣ ва арабӣ осор мерос гузоштааст.
Ҳаводорони рубрика аз мақолаҳои қаблии мо огоҳанд, ки саромади рубоиёти фалсафӣ ба забони тоҷикӣ Абуалӣ ибни Сино мебошад, аммо Хайём онро комил намуд. Омӯзиш ва таҳқиқи мавзуъ нишон медиҳад, ки Хайём ҳамчун шоир аввал дар Аврупо машҳур гашт. Вақте соли 1859 Э. Фиҷҷералд рубоиёти ӯро ба забони англисӣ тарҷума намуд, ин донишмандро дар ҷаҳон камтар мешинохтанд. Дере нагузашта ин тарҷумаи ӯ дар муҳити адабии Аврупо ва Амрико харидори зиёд пайдо карда, 140 маротиба бознашр гардид.
Аҳли адаби рус Хайёмро охири асри XIX шинохтаанд. 18 рубоии Хайёмро В.Л. Величко соли 1894 тарҷума ва нашр кард. Аввалин таҳқиқот оид ба эҷодиёти Хайём дар адабиёти рус соли 1897 анҷом дода шуд, ки ба қалами ховаршинос В. А. Жуковски тааллуқ дошт.
Нахустин ашхосе, ки Хайёмро шинохтаю ба тарҷумаи осори ӯ камар бастаанд, аслан ба рубоиёти ӯ таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд. Баъдтар чун хостанд ба осори бештари Хайём дастрасӣ пайдо намуда, онро тарҷумаю нашр созанд, ӯро олими забардаст дарёфтанд. Маълум гардид, ки Хайём танҳо шоир нест, аз ҷумлаи нобиғагоне мебошад, ки муаммоҳои тираи замину осмонро равшану ҳал намудааст. Аврупоиҳо зимни таҳқиқ ин ҳақиқати таърихиро фаҳмиданд: қонуне, ки имрӯз дар ҷаҳон бо номи «Биноми Нютон» машҳур аст, аслан кашшофаш Хайём аст, ки зиёда аз 500 сол пеш аз Исаак Нютон зиндагӣ кардааст. Муҳаққиқон ин далелро аз «Мушкилот-ул-ҳисоб» ном рисолаи илмии донишманд дарёфтаанд. Ба ин далел ҳоло аз ин формула «Биноми Хайём-Нютон» (эътибор диҳед, аввал Хайём баъд Нютон) ном мебаранд. Боиси хушнудӣ мебошад, ки бозёфти арзандаи илмӣ ба мо - соҳибони аслии ин мерос бозпас гардонида шуд, аммо набояд фаромӯш гардад, ки Умари Хайём дастовардҳои дигаре низ дорад, ки дар таърихи илм ба номи ӯ сабт аст. Чунончӣ, бори нахуст дар таърихи илми математика ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир намудааст, ки муодилаҳои дараҷаи сеюм тавассути радикалҳои квадратӣ (яъне, ба воситаи паргор ва хаткашак) умуман ҳал намешаванд. Ин ақидаи ӯро баъд аз 800 сол риёзидони аврупоӣ Л. Вансел исбот кард.
Умуман, осори илмии Умари Хайём, ки тибқи сарчашмаҳои таърихӣ 15 рисоларо дар бар мегирад, асосан доир ба масъалаҳои физика, метематика, астрономия, фалсафа, география, мусиқӣ ва тиб баҳс мекунанд. Хайём қариб дар ҳамаи ин илмҳо бозёфт дорад. Омӯзиши фаъолияти илмии донишманд собит менамояд, ки ӯ аслан ба масъалаҳое таваҷҷуҳ зоҳир намудааст, ки аз назари олимони пешин дур монда буданд. Масалан, дар заминаи донишҳои пешиниён 14 навъи муодилаҳои дараҷаи сеюмро ҷудо намудааст, ки даҳтои он аз назари риёзидонҳои пешин берун монда буд.
Пешниҳоди мафҳуми васеътари адад аз ҷумлаи комёбиҳои дигари Хайём дар илми риёзӣ мебошад. Ӯ натиҷаи таҳқиқоти олимони пешинро хулоса карда, ба таълимоти нави математикии ададҳо бунёд гузошт, ки баъдтар олимони Шарқ ва Ғарб онро инкишоф доданд. Ин ва дигар кашфиёти математикии ӯ дар «Рисола фи-л-бароҳин ало масоил-ил ҷабр ва-л муқобала» ном асари донишманд ҷамъбасту хулоса шудаанд.
Дар ҳандаса (геометрия) барои собит намудани фарзияи Уқлидус (Евклид) Хайём назарияи хатҳои параллелро нишон додааст, ки дар таърихи илми ҳандаса бо номи «Чаҳоркунҷаи Хайём-Саккери» сабт шудааст.
Хайём дар соҳаи астрономия низ кашфиёт дорад. Мо аз таърихи илм медонем, ки донишмандони гузаштаамон то Хайём дар илми астрономия назарияҳои илман асоснок ва бозёфтҳои қобили таваҷҷуҳ доштанд. Умари Хайём низ ин мактаби нуҷумшиносиро идома дода (дар ин бора ва дастовардҳои дигари ӯ дар соҳаи ҳисоб хонандагон метавонанд аз «Энсиклопедияи советии тоҷик» ва китоби «Эҳёи Аҷам»-и А. Турсон маълумоти бештар пайдо намоянд), баъзе асрори кайҳонро фош сохтааст. Ҳамроҳи шогирдонаш «Зиҷи Маликшоҳӣ»-ро (зиҷ - ҷадвале, ки аз рӯи он ҳаракат ва вазъияти ситора ва сайёраҳоро меомӯзанд) тартиб додааст, ки дар замони худаш аз нодиртарин ва саҳеҳтарин дастгоҳ будааст.
Умари Хайём, ҳамчунин, бо ихтирои «Тақвими Ҷалолӣ» машҳур аст. Ин тақвим аз соли 1079 то имрӯз дар Эрон истифода мешавад. Саҳви тақвими мазкур дар 4500 сол 1 шабонарӯзро ташкил медиҳад. Саҳви тақвими григорианӣ (тақвиме, ки имрӯз мо истифода мекунем) дар 3280 сол ба 1 шабонарӯз баробар аст. «Тақвими Ҷалолӣ» то ҳол дар ҷаҳон дақиқтарин ба шумор меравад.
Баъзе аз нусхаҳои осори ӯ имрӯз дар Китобхонаи миллии Париж, Китобхонаи шаҳри Лондон ва дар Китобхонаи Ҳиндустон нигоҳдорӣ мешаванд.
Бо далели он ки Умари Хайём чун дигар олимони тоҷику форс дар бунёд, рушду такомули тиб, ҳандаса, риёзӣ, кимиё, мусиқӣ, фалсафа ва ғайра саҳми зиёд гузоштааст, ҳоло дар радифи се донишманди забардасти тоҷик - Абуалӣ ибни Сино, Закариёи Розӣ, Абурайҳони Берунӣ пайкараи ӯ низ дар назди бинои бонуфузтарин созмони ҷаҳонӣ - Созмони Милали Муттаҳид гузошта шудааст.
Масъалае, ки ҳини суҳбат бо донишмандон маълум гардид ва моро андуҳгин намуд, ба таври бояду шояд таҳқиқ нашудани саҳми ин донишманди забардаст дар илми физика мебошад. Ин дар ҳолест, ки муҳаққиқон ҳоло иддао доранд, ки Хайём аввалин донишманде ба шумор меравад, ки дар масъалаи физикии муайян кардани вазни хоси ҷисмҳо усули риёзиро пешниҳод карда, рисолае бо номи «Тарозуи хирад» таълиф кардааст. Ҳамчунин, саҳми ӯ дар илмҳои тиб, таърих ва педагогика низ мавриди омӯзиш қарор нагирифтааст.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:





