Таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳои Зарафшон
Чанд даҳсола мешавад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ аз баланд шудани ҳарорати замин ва тағйирёбии иқлим изҳори нигаронӣ менамояд. Яке аз натиҷаҳои пурхатари баландшавии ҳарорат ва тағйирёбии иқлим обшавии пиряхҳо мебошад. Аз ин лиҳоз, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30 соли охир бо силсилаташаббусҳо таваҷҷуҳи ҷомеи ҷаҳониро ба мушкилоти обу иқлим ҷалб менамоянд. Яке аз ташаббусҳои Роҳбари давлат, ки аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамовозии бесобиқа пайдо кард, эълон гардидани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва 21-уми март «Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» мебошад.
Тоҷикистон аз ҷиҳати захираи об дар минтақа ва ҷаҳон яке аз мавқеъҳои назаррасро соҳиб аст ва захираи асосӣ, албатта, пиряхҳо дар кӯҳҳои сарбафалаккашида мебошад. Тибқи маълумоти расмӣ, шумораи пиряхҳои мамлакати мо зиёда аз 10000 буда, масоҳати 8476,2 км2-ро ишғол менамоянд, ки 6 дарсади ҳудуди кишвар мебошад. Калонтарин пиряхи Тоҷикистон - Ванҷях бо дарозии беш аз 70 км, паҳноии 2 км ва ғафсии 1 км дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷойгир аст.
Водии Зарафшон низ аз пиряхҳо бой буда, онҳо сарчашмаи асосии дарёи пуртуғёни Зарафшон ҳастанд. Яке аз пиряхҳои калонтарини водӣ Зарафшон мебошад. Ҳамчунин, пиряхҳои Рама, Тро, Диҳаданг ва якчанд пиряхи хурди дигар дар болооби дарёи Зарафшон - ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ҷойгиранд.
ПИРЯХИ ЗАРАФШОН
Тибқи иттилои маркази яхшиносии Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, солҳои 60-уми қарни гузашта ҳангоми тартиб додани рӯйхати пиряхҳои ИҶШС пиряхи Зарафшон дар баландии максималии 4900 метр, бо дарозии 27,8 км, майдони умумии 132 км2 номнавис гардидааст.
Дар солҳои мавҷудияти Иттиҳоди Шуравӣ ҳамагӣ 4 маротиба дар пиряхи Зарафшон тадқиқоти экспедитсионӣ гузаронида шудааст. Соли 1927 аввалин маротиба пиряхи мазкур таҳқиқ шуда буд. Соли 1961 маротибаи дигар дар ин пирях тадқиқоти илмӣ ва санҷишӣ мегузаронанд. Маълум гардид, ки ин пирях аз соли 1927 то соли 1961 ба масофаи 280 метр об шудааст. Тадқиқоти соли 1976 нишон дод, ки аз соли 1961 то соли 1976, яъне дар 15 сол, пиряхи Зарафшон 980 метр коҳиш ёфтааст. Охирин маротиба соли 1991 санҷиш дар пиряхи Зарафшон собит намуд, ки суръати обшавӣ хеле зиёд аст. 1092 метр обшавии пирях дар 15 сол исботи ин гуфтаҳост.
Бори охир 17 июли соли 2009 дар пиряхҳои водии Зарафшон корҳои тадқиқотӣ аз тарафи шуъбаи гидрографӣ ва экпедитсионии Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон гузаронида шуд. Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносӣ, агар дар 30 соли пеш, пиряхи Зарафшон зиёда аз 1000 метр об шуда бошад, дар 10 соли охир ин нишондод ба беш аз 700 метр расидааст. Санҷишҳои охир нишон медиҳанд, ки ҳаҷми пиряхи мазкур беш аз 7000 м2 кам шудааст.
ПИРЯХИ ТРО
Пирях дар қисмати ҷанубии қаторкӯҳҳои Туркистон бо дарозии 3 км ва масоҳати 2,2 км2 ҷойгир буда, аввалин мушоҳидаи он соли 1959 оғоз гардидааст.
Тибқи иттилои мутахассисон, пиряхи мазкур аз соли 1976 то соли 1988 бо суръати миёнаи 1-2 метр/сол об мешуд. Аз соли 1988 то соли 1990 суръати обшавии Тро зиёд гардида, дар муддати ду сол 61 метр захираи худро аз даст додааст. Яъне, суръати обшавии он ба ҳисоби миёна ба 30м/сол расид.
Натиҷаҳои охирин тадқиқот дар пиряхи Тро маълум намуд, ки солҳои 1991-2009 пирях то 800 метр кам шудааст. Мутахассисон мегӯянд, ки айни замон суръати обшавии пирях ба 47 метр/сол расидааст ва хавфи аз байн рафтани он вуҷуд дорад.
ДИҲАДАНГУ РАМА ҲАМ ДАР ХАТАРАНД
Чун дигар пиряхҳои ҳавзаи дарёи Зарафшон пиряхи Рама низ дар ҳолати нобудшавӣ қарор дорад. Дарозии пиряхи мазкур 8,9 км ва масоҳаташ 22,3 км2 мебошад. Аз соли 1929 то 1975 он то 320 метр об шудааст. Дар 18 соли охир ин пирях низ хеле бо суръати баланд - 47-50 метр/сол коҳиш ёфтааст.
Дар байни пиряхҳои азими водии Зарафшон Диҳаданг аз дигар пиряхҳо тафовут дорад. Тафовут ба он маъно, ки аз соли 1959 то соли 1968 Диҳаданг 39 метр дароз шуд. Баъдан, коҳишёбӣ дар пиряхи Диҳаданг низ оғоз гардида, солҳои 1990- 1991 якбора 60 метр коҳиш ёфт.
Корҳои тадқиқотӣ дар пиряхи Рама 22 октябри соли 2019 гузаронида шуд. Маълум гардид, ки пирях дар ҳолати баланди таназзул қарор дорад. Давоми солҳои 1988 - 2019 ба ҳисоби миёна пирях 2,62 км об шудааст. Қисми чапи соҳилии забонаи пирях, ки назар ба қисми рости он 510 м поён омада буд, пурра аз байн рафтааст.
Ҷамшеди САБОҲИДДИН,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:





