Ватандорӣ
Вақте ғарқа дар хун Тоҷикистон буд
Рӯзу ҳафтаю моҳу солҳо хеле зуд сипарӣ мегарданд, вале даврони ноорому тираи ҷанги шаҳрвандӣ, ки беш аз панҷ сол идома ёфт, аз хотирҳо зудуда намегардад. То ҳанӯз қатли бераҳмонаи ҷавонмардон, оҳу сӯзи модарон, ғиреву фиғони ҷонгудози тифлон ва ғаму дарди беинтиҳои пиронсолон пеши назарам ҷилвагар гашта, он замони даҳшатноку хунрезиҳоро аз сари нав дар хотирам зинда месозанд. Баръало мебинам, ки чӣ сон ҷанги таҳмилӣ аланга гирифт ва мардумро қаҳтию гуруснагӣ думболагир гашт. Садҳо ҳазор гуреза шуда, ба кишварҳои ҳамсоя кӯч бастанд. Он рӯзҳо ҷангҷӯён ба касе тараҳҳум намекарданд, инсонҳои бегуноҳро қасдан мепарронданд, одамонро ваҳшиёна ба қатл мерасонданд, хонаҳоро оташ мезаданд, амволу ҷиҳози давлатию ҷамъиятиро ба яғмо мебурданд.
Аз чист, ки даҳшати он ҷанги бародаркуш, ки худ шоҳиди он будам, то ҳанӯз маро дар хобу хаёлҳо домангир аст. Мехоҳам ба коре андармон шавам, вале боз ҳамон гиряву навҳаи ҷонсӯзи модарон, нолаю фиғони азизон, ашки талхи пиронсолон ва фарёди ҷонгудози хурдсолон қалбамро безобитаю реш-реш месозанд.
Он ҳангом ҳар рӯз садҳо ҷавонони фавтидаро ба зодгоҳашон интиқол медоданд. Баъзан ҳалокшудагон тӯли чанд рӯз дар майдонҳо мемонданд. Қотилони бераҳм ва зархаридони ватанфурӯш ҷасадҳоро қасдан намедоданд. Размандагон ва ҷонибдорони Ҳукумати қонунӣ бо ранҷу машаққат, далерию фидокории махсус ҳалокшудагонро аз чанголи хуношоми он гурӯҳи моҷароҷӯ гирифта, ба маҳали зисташон интиқол медоданд.
Минтақаи даргир он рӯзҳо вазъи хеле пуршиддат дошт. Одамон аз тарсу ҳарос ва даҳшати ҷанг дилгир шуда буданд. Яроқбадастон ҳатто иншооту кӯпрукҳоро хароб ва майдонҳои киштро валангор месохтанд. Ҷанги бародаркуш рӯз то рӯз шиддат гирифта, касе ба касе раҳм намекард ва низову даргириҳо ниҳоят ҳалокатовар буд. Аз ҷумла, бархе аз ҷавонон нахуст, дар дасти мухолифин ба асорат афтода, пас аз латукӯб ва шиканҷаи бераҳмона қатл мешуданд. Аз касе пӯшида набуд, ки он солҳо балегӯёну сарпарастони асосии мухолифин хоҷагону сарварон, эссерону гурӯҳҳои иртиҷоии дигар давлатҳо буданд. Он замон иддаи бузурги ҷавонони бегуноҳ, ки барои ҳифзи Ватан, ҳимояи Ҳукумати қонунию конститутсионӣ, нангу номуси миллат бархоста буданд, ба таври фоҷиаангез ба ҳалокат расиданд. Мардуми навоҳии ҷангзада ба душвориҳо мувоҷҷеҳ гашта, аз ғояти қаҳтию гуруснагӣ кӯдакону пиронсолон ҷон мебохтанд. Дар ин лаҳзаҳо шеъри Мирзо Файзалӣ беихтиёр ба забон меояд:
Намедонам, ки наҳсӣ аз замин ё ки зи кайвон буд,
Зи қисмат буд, туҳмат буд ё васвоси шайтон буд.
Ба ҳар ҷо рӯканию мӯканию чашми гирён буд,
Ба ҷанги шаҳрвандӣ ғарқа дар хун Тоҷикистон буд...
Якеро ин камонбозӣ, дигарро бозии ҷон буд,
Бақои давлати тоҷик чу ашки нуги мижгон буд...
Ба вақти кандани ҷон мардуми бечора нон мегуфт,
Ба рӯи хон ниҳода бурдаи кунҷола, нон мегуфт.
Арӯси бевамонда, тифлаки бечора нон мегуфт,
Даҳону дасти ҳар касе бо зора нон мегуфт.
Забон ҷои сухан гуфтан фақат як пора нон мегуфт,
Чунон будӣ, ки гӯё ҷумлаи сайёра нон мегуфт!
Душманону бадхоҳони миллат тавонистанд байни фарзандони як миллат, мардуми як марзу бум, ҷигаргӯшаҳои як падару модар ҷангу ҷидол ва низою ҷудоӣ ангезанд. Акнун дар он замони тираю ноумедӣ ва ҷангу хунрезиҳо нафаре лозим буд, ки худро миёни оташи пуралангаи ҷангу даргириҳо афканда, ба ин нобасомонию ноадолатиҳо батамом хотима бахшад. Албатта, ин ҷавонмарди ғаюру ҷонфидо, далеру шуҷоъ Президенти маҳбуби мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки мо - ҳамагон аз ҷонбозию заҳматҳои бузурги ин абармарди миллат ба хубӣ огаҳем. Маҳз бо кӯшишу талошҳои ҷасуронаю оқилонаи Президенти мамлакат, хиради азалии мардуми тоҷик, диловарию қаҳрамонии фарзандони ҷоннисору шуҷои миллат ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима ёфт.
Тӯли солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурии мо зиёда 150 ҳазор кас кушта, беш аз 1 миллион нафар гуреза, 55 ҳазор кӯдак ятим ва 25 ҳазор зан бесаробон монда, ба иқтисодиёти мамлакат беш аз 10 миллиард доллар зиён расид ва рушди мамлакат чанд даҳсола ба ақиб партофта шуд.
Бале, барои хомӯш сохтани оташи ҷанги бародаркуш, барқарор сохтани сулҳу салоҳ, баргардонидани гурезагон, пойдории ваҳдати миллӣ, таҳкими пояҳои истиқлоли давлатӣ Роҳбари маҳбуби давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саъю талошҳои зиёд ба харҷ доданд ва ба он ваъдаҳое, ки фарзонамарди миллат аз минбари баланди Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода буданд, содиқонаю ватандӯстона вафо намуданд.
Дар ин айёми сангин, ки саросари дунёро ноамнӣ, низову ҷангу хархаша фаро гирифтааст ва ҳазорон тифлакону модарони кишварҳои ҷангзада зору ҳайрон ба таври фоҷиаангез мефавтанд ва аксаран мардуми бегуноҳ бехонаю дар гашта, дар манотиқи мухталиф дар хаймаҳо, зери барфу борон, бо сахтию азоб рӯз мебаранд, қалбам реш-реш мегардад. Аз дигар лиҳоз, диламро ноаён ҳиссиёти шодию фараҳ лабрез месозад, ки шукри Худо мардуми мо ба шарофати фарзонамарди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаёти тинҷу орому осоишта дорад.
Набояд ҳеҷ гоҳ фаромӯш кард, ки ин ҳаёти пурнишоту фараҳафзо маҳз тавассути кӯшишу талошҳои шабонарӯзии ин абармарди миллат бароямон муяссар гардид. Ана, дар ҳамин лаҳзаҳо мехоҳам аз самими қалб ба фарзонамарди миллат самимона ташаккур бигӯям ва аз ҳамин минбари баланд ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садҳо аҳсант бигӯям. Медонам чун ман садҳо ҳазор, миллионҳо сокини мамлакат, ки имрӯз тинҷу осуда, хушнуду хушҳол ва орому беташвиш ҳаёт ба сар мебаранд, ба Роҳбари муаззами давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаккури самимӣ изҳор менамоянд.
Аз Президенти маҳбубамон ифтихор дорем, чунки маҳз он кас ҷанги таҳмилиро дар ҷумҳурӣ хомӯш сохтанд, гурезаҳоро ба Ватан баргардонданд, сари ятимонро сила карда, дар қалби ҳаммеҳанон шуълаи умедро ба ояндаи нек фурӯзон намуданд. Сулҳу суботу ваҳдату якдилиро таъмин ва ҷумҳуриро хурраму обод сохтанд. Барои миллату давлати тоҷик хидматҳои шоистаю беназир намуданд.
Президенти маҳбуби мо акнун баробари муаррифии халқи тоҷик имрӯз аз минбарҳои баландтарини байналмилалӣ аз номи миллат ва давлати тоҷик бо истеъдоду маҳорати нотакрор сухан мегӯянд, ташвишу норасоиҳо, ғаму дарди халқи дунёро матраҳ месозанд, камбуду мушкили сайёраро ба аҳли дунё пешниҳод мекунанд. Чӣ сон метавонем бо чунин инсони нек ифтихор накунем ва ба ин абармарди миллат садҳо ташаккур изҳор нанамоем.
Бале, ана, дар ҳамин лаҳзаҳо бештар мехоҳам, ки хеле эҳтиромона, аз самими қалб, бо эътиқоду эътимоди комил, бо тамоми ҳастӣ ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самимона миннатдорӣ намоям: садсолаҳо тансиҳат бошед, ай абармарди миллат, ҳомию наҷотбахши халқи зулму азиятдидаи тоҷик.
Ш. ҲУСЕЙНЗОДА,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:





