Нигаронӣ
Чаро баъзе армуғонҳои мо симои миллӣ надоранд?
Соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ду воситаи муҳими муаррифии миллату кишвар мебошанд. Ҳар сайёҳе, ки ба кишвар ворид мегардад, миллати моро тавассути ҳунарҳои мардумӣ, ки намоде аз зиндагии тоҷикон аст, мешиносад ва ҳатман барои хотира бо худ армуғоне мебарад. Табиист, ки армуғон чун муаррифгари фарҳангу тамаддуни мо дар ёди гардишгар боқӣ мемонад, аммо дар ин самт баъзе камбудҳое низ ба назар мерасанд, ки бартараф намудани он ба манфиати кор аст.
Масалан, ҳайкалчаҳое, ки чун армуғон бо услуби кулолгарӣ тайёр мешаванду гардишгарон аз кишвари мо бо худ мебаранд, асосан аз хориҷи кишвар ворид мешаванд. Ташвишовар он аст, ки ин армуғонҳо, махсусан ҳайкалчаҳо, симои тоҷикона надоранд.
Рӯзе бо як гардишгари хориҷӣ ҳамсуҳбат шудам. Ҳайкалчаи сафолинеро ба ман нишон дода гуфт:
- Чеҳраи ҳайкалчаи харидаам тоҷикона нест. Ҳар қадар ҷустуҷӯ кардам, ҳайкалчае дастрас карда натавонистам, ки симои тоҷикона дошта бошад. Магар дар Тоҷикистон чунин армуғон бо симои миллӣ омода намекунанд?
Ин мушоҳида ва суоли гардишгар маро ба ҷустуҷӯ водор кард. Ба хотири дарёфти посух ба суоли ӯ ва равшанӣ андохтан ба масъала бо чанд кулолгар оид ба ин мавзуъ суҳбат кардам. Маълум шуд, ки пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ аксар корхонаҳое, ки дар ҷумҳурӣ ба ин кор машғул буданд, аз байн рафтаанд ва ҳоло тафдонҳое, ки ҳарораташон ба дараҷаи кофӣ бошаду ҳайкалчаҳои кулолиро бо симои миллӣ омода созанд, мавҷуд нест. Ростӣ, аз шунидани ин ҳақиқат хеле нороҳат шудам. Наход ин масъалаи муҳим аз мадди назари масъулони соҳа дур монда бошад?!
Зимни як сафар ба шаҳри Самарқанд ва Риштони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба масъала таваҷҷуҳ зоҳир намуда, бо кулолгарон вохӯрдам. Бухориҳое (печка) дидам, ки дар онҳо ҳайкалчаҳои андозаҳои гуногун омода мешаванд. Онҳо ҳаҷман хеле калон буда, мувофиқи маълумоти кулолгарон арзиши ҳар бухорӣ 150-200 ҳазор сомонӣ мебошад.
Зимни суҳбат устоҳои ӯзбекистонӣ ҳатто изҳор намуданд, ки барои кумак, яъне, бозомӯзии ин ҳунар ба ҳамкасбони тоҷики худ омода ҳастанд. Муҳимияти масъала ва омодагии кулолгарони ӯзбекистониро ба масъулони соҳа расондам. Мутаассифона, чунин ба назар мерасад, ки сохторҳои марбути соҳа ба ин кор бетафовутанд. Ҳол он ки агар ба дунёи афсонаҳои рангини халқи хеш, касбу кор ва суннатҳоямон фурӯ равем, он гоҳ метавонем персонажҳое пайдо ва онҳоро дар шакли армуғон эҳё созем, ки ба тарғибу ташвиқи фарҳанги миллӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ мусоидат намоянд. Инчунин, онҳоро ба гардишгарон пешниҳод намуда, фоидаи калони молиявӣ ҳам ба даст меорем. Симоҳои Хоҷа Насриддин, Коваи оҳангар, духтарони атласу чаканпӯш, Қаҳрамонҳои Тоҷикистон, шоҳ Исмоили Сомонӣ, адибони классику муосир, паҳлавонон, варзишгарони маъруф, бобои деҳқон, чеҳраи модари тоҷик метавонанд барои хубтар муаррифӣ кардани Тоҷикистон воситаи беҳтарин бошанд.
Неъматулло АЛИЕВ,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:





