Парламентаризм ва Ваҳдати миллӣ
Парламентаризм ҳамчун яке аз институтҳои вижаи сиёсӣ солҳои 1990 ба назария ва амалияи давлатҳои пасошуравӣ ворид гашт. Ин институт барои низоми ташкилоти давлатдории шуравӣ бегона буд, зеро низоми мазкур мавҷудияти парламентаризмро монеа ба тарғиби асолат ва ҳувияти мардуми меҳнаткаш меҳисобид.
Раванди ташаккули парламентаризм дар Тоҷикистон ва ҷанбаҳои ҷудогонаи он хусусияти худро доранд, ки ба шароити кишвар вобаста мебошанд. Ҷойи муҳимро дар таҳаввули парламентаризм Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 августи соли 1990 ишғол мекунад. Ин санади муҳими давлатӣ принсип ва меъёрҳои умумэътирофшудаи ташкилу фаъолияти ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла масоилеро, ки ба парламентаризм марбутанд, эътироф намуд. Масалан, дар банд 3-и ин ҳуҷҷат дарҷ шуда буд, ки «ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон бар асоси принсипи таҷзияи он ба ҳокимияти қонунбарор, иҷроия ва судӣ амалӣ мешавад». Муқаррароти мазкур аввалин меъёре буд, ки дар заминаи он муҳимтарин принсипи парламентаризм - таҷзияи ҳокимият ва эътирофи парлумон ҳамчун як шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ дар радифи ҳокимияти иҷроия ва судӣ расман пазируфта шуд. Аз ҷониби дигар, бо таҳкими ин принсип заминаи бунёдии ташаккули парламентаризм ба миён омада, асос барои таҳияи Конститутсияи нави кишвар гардид.
Қадами навбатӣ қабул шудани Конститутсияи Ҷумҳурии соҳибихтиёри Тоҷикистон (соли 1994) маҳсуб мешавад. Ин санади сарнавиштсоз принсипҳои давлатдории демократӣ ва ҳуқуқиро таҳким бахшид, ки онҳо пояи устувори ташаккули парламентаризм ва таъсиси мақоми намояндагӣ ва қонунгузор дар кишвар гардиданд.
Ваҳдати миллӣ аз ҷумлаи арзишҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии ҳар як давлат ба шумор меравад. Он на танҳо рамзи ягонагии миллат ва пояи суботи дохилӣ мебошад, балки асоси пешрафти устувории ҷомеа ва давлат аст. Дар таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон ваҳдати миллӣ ҳамчун омили таҳкими давлатдорӣ нақши калидӣ дорад.
Ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар баробари дигар масъалаҳо ҷанбаҳоеро дар бар мегирифт, ки барои ташаккули парламентаризм аҳамияти хоса доштанд. Қисми сеюми рӯзномаи музокироти байни тоҷикон «Масъалаҳои асосии сохтори конститутсионӣ ва таҳкими давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон» ном дошт. Дар ин бахш пешниҳоди Конститутсияи нав ва роҳҳои ҷалб намудани ҳамаи қишрҳои ҷомеа ба раванди ислоҳоти конститутсионӣ, қонуни нави интихобот, ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар раванди рушди қонунгузорӣ муқаррар шуданд.
Яке аз шартҳои асосии ваҳдати миллӣ таҳаммулпазирӣ ва эътирофи гуногунандешӣ мебошад. Мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузор бо қабули қонунҳое, ки ҳуқуқи иштирок дар ҳаёти сиёсӣ, озодии баён, озодии эътиқод ва иттиҳодияро танзим мекунанд, шароити мусоиди ҳуқуқиро барои рушди низоми ҳуқуқӣ таъмин намуд. Дар ин марҳила таъсиси парлумони касбӣ ва доимоамалкунанда имкон дод, ки шохаи ҳокимият вазифаҳои ба уҳдааш гузошташударо пурра иҷро кунад.
Боиси зикри хос аст, ки дар таъсис ва рушди парламентаризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бориз аст. Пешвои миллат барои таҳкими парламентаризм ва ваҳдати миллӣ сиёсати ватанпарварона ва фарҳангсолориро роҳандозӣ намуда, ба эҳёи арзишҳои миллӣ, ташкили давлати воқеан ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, ки метавонад заминаи воқеии шинохти арзишҳои демократӣ бошад, таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд. Дар баробари ин, Пешвои миллат барои таъмини ҳамзистии осоиштаи сокинони Тоҷикистон заминаи мусоиди ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ фароҳам оварданд. Дар кишвар фазои таҳаммул ва ҳамдигарфаҳмии динӣ ва фарҳангӣ ташаккул ёфт. Қонунгузорӣ ва сиёсати давлатӣ баробарии ҳама шаҳрвандонро, сарфи назар аз миллат ва эътиқоди динӣ, кафолат дод.
Тағйиру иловаҳое, ки соли 1999 ба Конститутсия ворид гардиданд, ба марҳилаи нави ҳаёти сиёсиву ҳуқуқии кишвар оғоз бахшид. Ин тағйирот ба таъсиси парламенти касбӣ ва ду палата шудани Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон замина фароҳам овард, ки нишонаи равнақи низоми демократӣ мебошад. Бо ташаббуси Пешвои миллат қонунҳои зиёде дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла таҳкими ҳуқуқи шаҳрвандон, фаъолияти ҳизбҳо, интихоботи озоду демократӣ ва васеъ намудани ваколатҳои парлумон таҳия, қабул ва ҷонибдорӣ гардиданд. Фаъол гардидани кумитаҳо ва комиссияҳои доимии Маҷлиси намояндагон, инчунин, таъсиси зерсохторҳои парлумон нишонаи рушди фарҳанги парламентарӣ мебошад.
Дар ин марҳила бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ислоҳоти сохтори мақомоти ҳокимияти давлатӣ бо мақсади кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таъмин намудани иштироки халқ дар раванди идоракунии давлатӣ амалӣ шуд. Пешвои миллат ҳамеша таъкид менамоянд, ки парлумон бояд минбари дифои манфиатҳои мардум бошад ва вакилон масъулияти баланд дошта бошанд.
Ин таъкид, ҳамчунин, ба саҳми вакилон дар таҳкими ваҳдати миллӣ низ рабт дорад, зеро ваҳдати миллӣ ва рушди парламентаризм аз дастовардҳои муҳими даврони соҳибистиқлолӣ, таҳкимбахши сулҳу субот, кафили волоияти қонун ва шарти муҳими пешрафти кишвар маҳсуб мешаванд.
Илҳом КАМОЛЗОДА,
раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ
Ҳамчунин дигар маводҳо:





