https://sadoimardum.tj

Аз орзу то воқеият

№:79 (4975) 26 июн 2025, 12:58
0

Дар олами муосир мафҳуми «ваҳдат» ба арзиши олии башар табдил ёфтааст. Тоҷикистон – кишвари кӯҳистоние, ки ҷанги пурфоҷиаи шаҳрвандиро аз сар гузаронда, таҷрибаи пурифтихори сулҳу оштӣ дорад, бо ифтихор Рӯзи Ваҳдати миллиро ҳамчун рамзи пирӯзии ақл болои ҷаҳл, дӯстӣ болои кина ва ваҳдат болои ҷудоӣ ҷашн мегирад.

СОЛИ 1992...

Тоҷикистон – кишвари навистиқлол дар гирдоби фоҷиаи бузурги миллӣ - ҷанги шаҳрвандӣ афтод. Пас аз касби Истиқлоли давлатӣ соли 1991 ба ҷойи шодии ваҳдати миллӣ мудҳиштарин рӯзҳоро фарзандони нохалаф ба сари миллат оварданд. Соли 1992 гардиши сарнавиштсозе буд, ки 150 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд. Як миллион нафар маҷбур шуданд хонаю ҷой, хоки падарӣ ва замини аҷдодиро тарк карда, ба кишварҳои ҳамсоя паноҳ баранд. Деҳаҳо сӯхтанд, мактабҳо баста шуданд ва умед ба фардо нобуд гашт...

Замони таназзули арзишҳо, ҷудоии дилҳо ва шикас­ти ормонҳо буд. Ба ҷои овози кӯдакон садои тир ҳукмфармо гашт. Деҳаҳое, ки аз шодӣ лабрез буданд, ба харобазору мотамкадаҳо табдил ёфтанд. Ашки модарон, гуруснагии фарзандон ва азоби гурезагон маъмул гардид.

СОЗИШНОМА ИМЗО ШУД, ВАЛЕ...

Роҳбарони ду тараф рӯ ба рӯи ҳам нишастанд, гуфтугӯ карданд, бахшиданд ва созиш карданд. 27 июни соли 1997, дар Маскав Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Рӯзе буд, ки Тоҷикистон аз нав таваллуд шуд. Ин созишнома танҳо як санад не, оғози марҳилаи зиндагии нав буд. Санад имзо шуд, вале роҳи ваҳдат осон набуд. Ҷисми пора-пораи як миллатро дубора васл кардан, эътимодро барқарор намудан, модаронро аз гиря боздоштан ва кӯдаконро ба мактаб баргардондан масъулияту садоқат тақозо мекард.

Мусаллам аст, ки вақте аз миёни хокистар гул мешукуфад, он на танҳо рамзи зиндашавии табиат, балки қудрати руҳи инсон низ ҳаст. Тоҷикистон низ, ки як замон зери хокис­тари ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ монда буд, имрӯз ба боғи сарсабзу обод табдил ёфтааст. Дар ин масир Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши калидию таърихӣ доранд. Аз миёни мардум бархостанд, дар миёни мардум монданд ва барои мардум ҷонбозиҳо карданд. Ин абармард бо нияти нек ва иродаи қавӣ ваҳдат­ро ба ҳадафи миллӣ табдил доданд. Бо садоқат ба Ватан ва қалби пур аз умеду ормон ба майдони сиёсат қадам ниҳоданд. Маҳз бо заҳмат ва ҷоннисориҳои ин абармарди миллат Тоҷикистон тадриҷан аз вартаи ҷанг раҳо гардид. 

Бояд иқрор шуд, ки агар он рӯз Пешвои миллат ҷон ба каф намегирифтанд, Тоҷикис­тон имрӯз вуҷуд намедошт. 

ИДОМАДИҲАНДАИ РОҲИ ПУРИФТИХОР

Имрӯз рисолати ҳифзу таҳкими ваҳдати миллӣ бар дӯши насли нав гузошта шудааст. Дар сафи пеши ин насл шахсияти барҷаста ва баномуси миллат, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами ­Эмомалӣ қарор доранд. Ӯ аз зумраи пайравони воқеии Пешвои миллат буда, бо амалҳои созандаю ватандӯстона ва мардумнавозиву башардӯстӣ маҳбуби ҳамагон гардидааст. Ҷаҳду талошҳои муҳтарам Рустами ­Эмомалӣ ба Душанбеи азиз ҳусну таровати хоса бахшид, онро рашки сад Лондону Париж намуд. Аз парваришгоҳҳои кӯдакон то мактабу китобхона ва кохҳои фарҳангу боғҳои сарсабз, ки ба пойтахти кишварамон шуҳрату шон бахшидааст, аён аст, ки ӯ номбардори Ориёи бузург буда, эътибораш на танҳо дар Душанбеи азиз ва Тоҷикис­тони биҳиштосо, балки дар арсаи байналмилалӣ бениҳоят баланд мебошад. Биноан, ки Душанбеи азиз бо роҳнамоии Пешвои миллату ибтикороти ӯ ба маркази фарҳангӣ табдил гардида, ҷои баргузории симпозиуму конфронсҳои байналмилалӣ ва боргоҳи сулҳу ваҳдат гардидааст. Номи тоҷику Тоҷикистон дар равоқи эътибори фарҳангиёни олам бо ҳарфҳои тиллоӣ ҳаккокӣ гардид.

Ташаббуси дигари муҳтарам Рустами Эмомалӣ – Президенти Федератсияи футболи Тоҷикис­тон, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ пешниҳод намудани рӯзи 25 май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол мебошад, ки он на танҳо иқдоми варзишӣ, балки паёми ваҳдати башарӣ аст. Ин ташаббусест, ки реша дар андешаи сулҳ ва ҳамгироии халқҳо дорад, зеро футбол имрӯз на танҳо як навъи маъруфи варзиш, балки воситаи муҳими муаррифии дӯстӣ, ҳамраъйӣ ва таҳкими ваҳдат миёни миллатҳост. Муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар паёми худ барҳақ таъкид намуданд, ки футбол метавонад майдони ҳамфик­рӣ ва муҳити ҳамдилӣ барои мардуми сайёра гардад. Бо пешниҳоди ӯ на танҳо мо, тоҷикон, балки кулли сокинони варзишдӯсти ҷаҳон ба роҳи ваҳдату инсондӯстӣ раҳнамун гаштанд. Ин ташаббус бо пуштибонии кишварҳои мухталиф пазируфта шуд ва Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун ташаббус­кори сулҳ ва ваҳдат муаррифӣ намуд. 

ДАРСИ ИБРАТ

Сулҳу ваҳдат ба миллати тоҷик имкони бунёди давлати муосирро фароҳам овард. Тоҷикистон аз кишвари ҷанг­зада ба давлати муназзам рушдёбанда табдил ёфт. Аз ҷумла, садҳо километр роҳҳои мошингард, нақбҳои бузург сокинони кишварро ба ҳам овард. Бун­ёди Неругоҳи барқи обии «Роғун», ки афсона менамуд, ба воқеият табдил ёфт. Бо сохтмони ин неругоҳ Тоҷикис­тон ба истиқлолияти комили энергетикӣ мерасад ва ба содиркунандаи неруи барқ табдил меёбад. Шумораи донишгоҳу мактабҳо ба маротиб афзудааст. Имрӯз ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон таҳсил мекунанд ва бо донишу таҷрибаи нав ба Ватан бармегарданд. Тоҷикистон бо табиати нотакрор, таърихи куҳан ва амният ба макони ҷолиби сайёҳон табдил ёфтааст. Ҷашнҳои миллӣ бошукуҳ таҷлил мегарданд ва фарҳанги миллӣ мешукуфад. 

Зикри батакрори дастовардҳои Ватан дарси ибрат барои ҳар фарди равшанзамиру худогоҳ ва муждаест аз фардои дурахшони Меҳан.

Ҷамшеди САБОҲИДДИН,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: