https://sadoimardum.tj

Ваҳдат - бақои миллат

№:79 (4975) 26 июн 2025, 13:04
0

Намедонам чанд моҳу чанд рӯзу чанд соатро болои тӯпи коғазҳо сипарӣ кардам. Хатҳои кӯршудаи дафтари хотираро бо азоб мехонам. Китобҳои дар ин мавзуъ ба табъ расидаро варақ мезанам, аммо ба навиштаҳои худ сарфаҳм намеравам. Мутолиаи китобҳо низ ба дардам намехӯрад. Гумоне ҳама чиз ба хотири фаромӯшӣ рафтааст. Ноумед намешавам, бовар дорам, ки хостаи диламро пайдо мекунам... 

Мехоҳам барои ҳамдиёрон дар боби маънии вожаи «ваҳдат» чанд ҳарфе бигӯям. Чизеро гуфтан мехоҳам, ки дигарҳо нагуфтаанд. Мехоҳам хурду калон ба пуштманзари ин вожа хуб сарфаҳм бираванд ва бузургии онро дарк кунанду эҳтиромашро қоил бошанд. Аммо ҳеҷ не, ки бо ин ҳама ҷустуҷӯҳо, бо ин ҳама шабзиндадориҳо муродам ҳосил шавад. Ҳанӯз андар сари кӯчае ҳайратзада ва хаставу нотавон истодаам. Тоб намеорам, хастагӣ қудрату тавон ва неруи маро рабудааст. Аз бехобӣ сарам вазнину пакар, дафтарро варақ мезанам, лекин аз ҳарфҳои навиштаам чизе ба ин каллаи мағзаш хаста ворид намегардад. Ноилоҷ аз ҷо баланд мешавам ва бо умеди рафъи хастагӣ ва эҳёи хотираҳо по аз остонаи дар берун мегузорам. 

Хеле барвақт шунида будам ин вожаро. Солҳои бачагӣ буд ва мо -бачаҳои деҳа аз забони калонсолон гоҳе мешунидем вожаи «ваҳдат»-ро. Ҳар кӣ бо қадри дониши андӯхта онро истифода мебурд. Устоди бузургвор Мирзо Турсунзода дар шеъраш низ ин вожаро кор фармудааст: «Ваҳдати халқи ҷаҳонро гум макун». Ӯ орзу дошт аҳли башар ҳамдил бошанд ва дӯстона умр ба сар баранд. Ин шеърро хурду калон мехонданду ба пуштманзари вожа назаре намеафканданд. 

Ва маънии онро хеле баъд каси дигар барои мо гуфт. Замоне гуфт, ки Тоҷикистон миёни оташ месӯхт. Мансабдорону давлатмардон «хонаи муш сад тилло», гуфтанду пароканда шуданд ба ҳар гӯшаи дунё...

Дар ангора он рӯзҳо Тоҷикис­тонро миёни дарёи оташ медидам. Ба киштии фарсудае мушобеҳ буд. Амвоҷи пурталотуми дарёи даҳшатзо киштиро такон медод ва тахтаҳои пӯсида аз бадани киштӣ канда мешуданд. Одамони зиёде миёни дарё бо фарёду фиғон сӯи тахтапораҳо шино мекарданд. Роҳи наҷот меҷустанд. Аммо фарёди онҳо ба гӯши касе намерасид. Дили касе ба ҳоли эшон намесӯхт. Дар он соат гӯши фалак кар шуда буд. Дилҳои аҳли башар ба санги хоро табдил ёфта буд. Ҳар оина пешомади пурдаҳшате миллати заҷркашидаи маро интизор буд. Киштӣ меларзиду тахтапораҳо аз ҳам ҷудо мешуданд ва киштинишастагон ба навбат ғарқ мегардиданд. Дигар умеди наҷот набуд. Аз шаш ҷиҳат бахти хоболуд роҳро ба рӯйи ҳамқавмони ман баста буд.

Аммо ҷавонмарди ватандӯсту миллатпарвар ба ҷое нарафт. Аз дидани ҳоли зори фарзанди тоҷик дилаш ба дард омад. Ҷон ба гарав гузошт ва пайи наҷоти кишвар аз ҷо баланд шуд. Ибтидо аз сулҳ гуфту амонӣ. Аз гузаштаи дури миллати заҷркашида бо алам қисса кард. Аз нияти бади душманони миллату хоинони ватанфурӯш ҳикоя кард...

Пас аз гузашти ду-се сол ҷавони паҳлавону соҳибистеъдод - атои Парвардигор ба миллати тоҷик аз ояндаи кишвари харобгардида навид овард. Ва садо баланд кард. Ба умеди касе набояд буд. Ватан ва миллатро танҳо худамон наҷот хоҳем дод. Ваҳдатро бақои миллат хонд. Ҳарфҳои содаву ширини ӯ ба гӯши мардум дарёвор мерехтанд ва баъди такрори ҳидоятҳои ин марди шариф сокинони кишвар ба маънои вожа сарфаҳм рафтанд. Донис­танд, ки ваҳдат шоҳсутуни пойдории давлату бақои миллат аст. Ба ин ҷавонмарди фидоии миллат бовар карданд сокинони кишвар. Дасти ҳамдигарро гирифтанд ва миёнро бастанду бо ҳидояти Ӯ пайи ободии мамлакат заҳмат кашиданд... 

Кӯчаи марказии деҳа камодам буд. Насими серун мевазиду сар ва рӯямро навозиш мекард. Аз он дар ҳайрат мондам, ки мардони деҳ ба чашм намехӯрданд. Он лаҳза ба ҳамнишину ҳамсуҳбат ниёз доштам, аммо... 

Саргарми андешаҳо қадам мезадам ва якбора садо баланд кардам:

- Ваҳдат ин ба ҳам омаданҳо, аз қатра ба дарё табдил ёфтанҳо, худшиносӣ, ҳувияти миллӣ, таъмини умри дарози истиқлолият ва пойдории давлат аст. Ва мо ҳар яке муваззаф ҳастем, то барои ваҳдати миллӣ ба қадри тавон кореро анҷом диҳем. 

Аз садои хеш ба худ омадам ва хиҷолатзада ба атрофу акноф назар кардам. Пирамарди нуроние назди дарвозаи ҳавлии хеш саргарми коре буд. Сухани маро шуниду лаҳзае даст аз кор боздошт ва даст пеши бар бо ифтихор садо баланд кард. Овози ширадораш фазои кӯчаи холиро пур кард:

- Ваҳдати миллӣ шиор не, амал аст. Ваҳдати миллӣ дурӯғгӯӣ, фиребгарӣ ва найрангбозиро намепарварад. Манманӣ, такаббур, ҷоҳталабӣ, беадолатиҳо миёни Ваҳдати миллиро мешиканад. Аз ин рӯ, ҳар кадоми мо бояд коре кунем, ки Ваҳдати миллии мо пояндаву ҷовидон бошад. 

Ҳузури пирамард истодам ва лаҳзае ба чеҳраи нурониву пурифтихораш нигаристам. Мехостам бо ӯ сари масъалаи маънии вожа суҳбат кунам.

- Рӯ ба рӯи мо иди бузурги миллӣ истодааст, - табассуми малеҳ дар лаб сукунатро халалдор мекунад ӯ. - Ба ҳамин хотир, ҳар рӯз то хаста шуданам кӯчаву ҳавлиамро ба тартиб меорам. Аз дигарҳо кам будан намехоҳам. Имрӯз хурду калон ба хотири сазовор пешвоз гирифтани ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба бунёдкориву созандагӣ камар бастаанд. Бубин, дар кӯчаҳои деҳ одаме намеёбӣ. Ҳама пайи коре. Бо туҳфаҳои арзанда мехоҳанд идро пешвоз гиранд. Ман аз қатор дур монданӣ нестам. Бо сари баланд ҷашнро пешвоз мегирам. 

- Аҳсант ба шумо, - мегӯям дар посух. 

Ва пир дар боби ваҳдат ҳарф мезанад. Ба ҳарфаш гӯш медиҳам. Пайкарамро роҳат фаро мегирад. Он чиро ки аз дафтари хотираву китобҳо меҷустам, дар суҳбати ин пири пурдон дарёфтам. Ҳамин лаҳза буд, ки гурӯҳе бачаҳо сари кӯча пайдо шуданд. Даст пеши бар бурданду бо як овоз дуруд гуфтанд. Онҳо порае аз суханҳои пирро шунида, паси чанд қадам нафаре аз байнашон рӯ ҷониби мо гардонду садо баланд кард:

- Ваҳдат бақои миллат... Ва дар ҳамон сурат суханашро идома дод. 

- Инро ман нагуфтаам. Ин ҳидояти Пешвои маҳбуби миллат аст, ки моро андарз гуфтаанд, то ба қадри ҳамдиливу ягонагӣ бирасем. Шоири ҳамдиёри мо амаки Авродхон аз ин ҳарфи Пешвои муаззам илҳом гирифтаву мегӯяд:

Гар ману ту Мо набошем,

Дар Ватан якҷо набошем,

Дар ғами фардо набошем,

Беҳтараш, ки мо набошем,

Андар ин дунё набошем. 

Мо агар яктан набошем,

Орӣ аз душман набошем,

Соҳиби мейҳан набошем,

Беҳтараш, ки мо набошем,

Андар ин дунё набошем.

Гар баробар мо набошем,

Чун бародар мо набошем,

Ҷону ҷигар, мо набошем,

Беҳтараш, ки мо набошем,

Андар ин дунё набошем… 

Бачаҳо аз назди мо дур мешаванд. Пирамард ҳам ба кори хеш рӯ меорад. Ман мемонаму олами андешаҳо. Ин лаҳза аз дуриҳо овози садҳо, балки ҳазорон тан аз ҳамдиёрон ба гӯшам ҳамранги борони найсон мерезад: «Ваҳдат бақои миллат». Табъам болида мегардад. Бовар мекунам, ки аз ҳафтсола то ҳафтодсола маънии вожаро медонанд ва онро эҳтиром менамоянд. Эҳтиёҷ ба шарҳу баён нест. Дигар онҳо ба навиштаҳои ман ниёз надоранд. Даст ба гиребон шукрона мекунам. Шукронаи Сарвари хирадманд, давлати соҳибистиқлол, миллати соҳибтамаддуну худшинос ва ҳамдилу ягонаро...

Диловари МИРЗО, 

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: