Агар хоҳанд миллатеро аз байн баранд…
Фарҳанг ва истиқлолияти фарҳангиро метавон пояи асосӣ ва мустаҳками давлатдории миллӣ номид. Бинобар ин, яке аз аввалин санадҳои муҳими қабулнамудаи Тоҷикистони тозаистиқлол Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг» буд, ки соли 1997 бо мазмуну муҳтавои баланди ҳуқуқӣ ба тасвиб расид. Баъдан, дар заминаи қонуни мазкур як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳову дастурамалҳои танзимкунандаи соҳа таҳия ва тасдиқ шуданд, ки барои рушди он ҳамаҷониба мусоидат намуданд.
Лозим ба ёдоварист, ки бар асари воқеаҳои нохуши солҳои 1992-1997 як қатор муассисаҳои фарҳангӣ, аз қабили осорхонаҳо, китобхонаҳо, клубҳои фарҳангӣ, муассисаҳои табъу нашр ва полиграфӣ, ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва базаҳои археологӣ, харобу фарсуда гардиданд. Маҳз бо шарофати Истиқлоли давлатӣ муассисаҳои фарҳангӣ барқарор шуда, дар аксар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ қасрҳои фарҳанг бо услуби хоси меъморӣ аз нав бунёд ва бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ шуданд.
Воқеан, баъд аз ба даст овардани истиқлолият Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсусро барои барқарорсозии муассисаҳои фарҳангӣ ва ҳифзи мероси фарҳангӣ равона кард, зеро барои сохтани идеологияи миллӣ ва ҳифзи хотираи таърихӣ ин амри зарурӣ ба ҳисоб мерафт. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид мекунанд: «Дар шароити имрӯза агар хоҳанд миллатеро аз байн баранд, пеш аз ҳама, забон, фарҳанг ва расму оинҳои миллиашро аз байн мебаранд». Хушбахтона, баъди ба истиқлол расидан дар ҷумҳурии мо фарҳангу забон ва тамаддуни беш аз шашҳазорсолаамон на танҳо ҳифз, балки дар арсаи байналмилалӣ шоиста муаррифӣ шуд. Ин давра мероси фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии миллати тоҷик дубора эҳё шуд.
Солҳои соҳибистиқлолӣ дар доираи барномаҳои давлатӣ 116 ёдгории таърихию фарҳангии меъморӣ ва бостонӣ пурра тармиму барқарор шуданд. Шаҳри бостонии Саразм, қалъаҳои Ҳисор, Ҳулбук, оромгоҳҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Хоҷа Муҳаммади Башоро, мазор - мақбараи Ҳазрати Султон, мақбара-мадрасаи Хоҷа Машҳад, қалъаҳои Бешкент, Балҷувон, Вамар, Ямчун, Муғтеппа аз ҷумлаи онҳоянд. Инчунин, унсурҳои фарҳангии миллии ғайримоддии тоҷик, ки солҳо ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта буданд ва хатари аз байн рафтанашон зиёд буд, дубора эҳё гардиданд. Ҷашнҳои миллӣ, ба монанди Наврӯз, Сада, Меҳргон, Тиргон, намунаи олӣ ва барҷаста маҳсуб меёбанд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори махсус қабул намуда, ба вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, аз ҷумла Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастур дода шуд, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат феҳристҳои миллии мероси фарҳангиро таҳия намояд, ки ин аз иқдомҳои муҳим барои ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ маҳсуб меёбад. Тибқи қарори мазкур аз ҷониби Вазорати фарҳанг Феҳристи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ бо фарогирии 3413 ёдгории таърихӣ (бостонӣ, меъморӣ ва монументалӣ) ва Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддӣ бо фарогирии 538 унсури фарҳангии миллии ғайримоддӣ дар 7 бахш бори аввал таҳия ва дар шакли китоб аз чоп баромад.
Гузашта аз ин, дар замони соҳибистиқлолӣ як қатор мероси фарҳангии моддӣ ва ғайримоддии миллати тоҷик дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ шуда, ба Феҳристҳои мероси фарҳанги умумиҷаҳонии ЮНЕСКО шомил гардиданд. Инҳо ёдгориҳои шаҳраки Саразм (бо таъриху тамаддуни 5500-сола), Шоҳроҳи бузурги абрешим: Долони Зарафшон-Қароқум (Панҷакенти қадим, Санҷаршоҳ, Хоҷа Муҳаммади Башоро, Тали хамтӯда, низоми обёрикунии Токсанкорез, қалъаҳои Кум, Муғ ва Ҳисорак) мебошанд. Парвандаҳои номинатсионии 11 ёдгории таърихию фарҳангии дигар аз вилояти Хатлон (силсиланоминатсияи Хутали қадим) омода ва ба дафтари марказии ЮНЕСКО дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса ирсол шуданд, ки чанде пеш зимни ҷаласаи навбатии Кумитаи мероси умумиҷаҳонӣ шомили Феҳристи асосии мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО гардиданд.
Ҳамзамон, унсурҳои фарҳангии ғайримоддӣ: Ҷашни Наврӯз, Фалак, Шашмақом, атласу адрас, кирмакпарварӣ ва абрешимбофӣ, латифаҳои Хоҷа Насриддин, санъати тазҳиб ба Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО шомиланд. Як қатор ҷашну солгардҳои муҳим ва мероси хаттӣ низ дар феҳристҳои ҷашнвораҳо ва хотираи ҷаҳон сабти ном шуда, намоди ифтихори миллӣ ва муаррифгари фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ арзёбӣ мешаванд.
Боиси хушнудӣ ва сарфарозии миллати тоҷик аст, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зиёда аз 50 кишвари ҷаҳон муносибатҳои фарҳангии зич дошта, узви комилҳуқуқи созмонҳои бонуфузи ҷаҳонии фарҳангӣ, ба монанди ЮНЕСКО ва ИСЕСКО, мебошад. Маҳз ҳамкориҳои байналмилалии фарҳангӣ ва муносибатҳои дипломатӣ имкон фароҳам меорад, ки доираи таблиғоти фарҳанги мо густариш пайдо карда, дар сатҳи ҷаҳонӣ шоиста муаррифӣ шаванд.
Истиқлоли давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон фароҳам овард, то кормандони фарҳанги ҷумҳурӣ давра ба давра рӯзҳои фарҳангӣ ва чорабиниҳои фарҳангиро дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон баргузор намоянд. Авҷи шукӯҳи ин ташаббусҳо маҳз се маротиба баргузор намудани рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса ба ҳисоб меравад, ки дар онҳо сарони кишварҳо иштирок кардаанд.
Метавон хулоса кард, ки фарҳанг ва мероси фарҳангӣ дар ҳама давру замон ҳамчун намоди ифтихоровар ва руҳиябахши миллатҳо буд ва ҳаст. Шароити кунунии ҷаҳонишавӣ торафт шиддат мегирад ва кишварҳо ба як бархӯрд гирифтор мешаванд. Тавре дар Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг (ЮНЕСКО) омадааст, мақсади асосии ин созмони фарҳангӣ аслан таъмини пойдории сулҳ дар ҷаҳон тавассути фарҳанг аст. Аз ин хотир, метавон гуфт, ки маҳз фарҳанг метавонад маҳаки асосии ҳамгироии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ гардида, дар ин ҷода нақши калидӣ бозад.
Мирзошариф АБДУСАЛОМОВ,
ҳамоҳангсози миллӣ оид ба масъалаҳои фарҳангӣ дар ЮНЕСКО
Ҳамчунин дигар маводҳо:





