https://sadoimardum.tj

Истиқлол ва саноат қадамҳои устувор ба сӯи кишвари саноатӣ-аграрӣ

№:102(4998), 03 сен 2025, 15:38
2

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 26 декабри соли 2018 таъкид намуданд: «Бо дарназардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ пешниҳод менамоям, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шавад».

Саноатикунонии босуръат барои таъмин намудани устувории иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва рақобатнокии он заминаи мустаҳкам мегузорад. Пешвои миллат бо назардошти аҳамияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат солҳои 2022-2026-ро «Солҳои рушди саноат» эълон намуданд. Ҷиҳати амалисозии ин иқдом тӯли солҳои 2022-2023 дар мамлакат беш аз 1200 коргоҳу корхонаи нави истеҳсолӣ бо 11000 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд.

Дар доираи татбиқи саноатикунонии босуръати кишвар дар назар аст, ки то соли 2030 ҳиссаи саноат дар Маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба сатҳи 30 фоиз ва вазъи қиёсии соҳаҳои коркард дар сохтори саноат аз нишондиҳандаи ниҳоии сатҳи байналмилалӣ (70 фоиз) ба сатҳи 75,5 фоиз расонда мешавад. Ноил гардидан ба ҳадафҳои мазкур ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки мавқеи худро дар арзёбиҳои байналмилалӣ аз ҷиҳати сатҳи саноатикунонӣ ба самти мусбат тағйир дода, кишварамон ба гурӯҳи мамлакатҳои дорои саноати рушдкунанда ворид гардад.

Мувофиқи маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ, дар нимсолаи якуми соли 2025 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар мамлакат ба 29,6 миллиард сомонӣ расид, ки бо нархҳои муқоисавӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-ум 7,1 миллиард сомонӣ ё 24 фоиз зиёд мебошад. Аз ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатӣ 43,1 фоиз ба саноати маъдан, 17,2 фоиз ба электроэнергетика, 16,2 фоиз ба саноати хӯрокворӣ, 8,5 фоиз ба саноати мошинсозӣ, 6,1 фоиз ба саноати сохтмон ва 5,8 фоиз ба саноати сабук рост меояд.

Агар дар нимсолаи якуми соли 2024 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва коркард 12,9 миллиард сомониро ташкил дода бошад, дар шаш моҳи соли 2025 ин рақам ба 13,6 миллиард сомонӣ расид.

Соли 1991 дар мамлакат ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ фаъолият мекард. Тибқи маълумоти оморӣ, ба ҳолати 1 июли соли 2025 дар ҷумҳурӣ 3849 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 269 адад зиёд мебошад. Танҳо дар нимсолаи якуми соли равон дар мамлакат 218 корхонаи нави саноатӣ бо таъсиси 3429 ҷойи корӣ ба истифода дода шуд. Аз ҳисоби корхонаҳои нав дар ин давра бо арзиши беш аз 95,3 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид. 

Дар маҷмуъ, дар давраи «Солҳои рушди саноат» бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар 168 корхонаи саноатӣ дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла мошинсозӣ, хӯрокворӣ, саноати сабук, сохтмон ва коркарди маъдан, мавриди истифода қарор гирифт.

Баҳри заминаи мустаҳкам гузоштан ба ҷанбаи ҳуқуқии соҳа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат» қабул шуд. Бо мақсади амалинамоии ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар ҳафт барнома ва консепсияи рушди соҳаҳои саноат таҳия шуда, айни замон мавриди амал қарор доранд. «Барномаи саноатикунонии ­босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025», «Консепсияи рушди соҳаи ангишт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040», «Барномаи рушди саноати хӯроквории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025», «Барномаи рушди саноати мошинсозии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои солҳои 2020-2025», «Барномаи рушди қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва «Барномаи рушди соҳаи металлургияи ранга ва сиёҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2025» аз ҳамин ҷумлаанд. Инчунин, «Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», ки барои пешрафту тараққиёти соҳа пешбинӣ шудааст, мавриди амал қарор дорад.

Барои пешрафти ҳар як соҳа омода кардани мутахассисони варзида ниҳоят муҳим аст. Дар замони соҳибистиқлолӣ ба ин самт таваҷҷуҳ зиёд гардида, донишкадаю коллеҷ ва литсейҳои соҳавии ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир таъсис ёфтанд. Ҳоло дар тобеияти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон панҷ муассисаи таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ фаъолият доранд. Вобаста ба талаби давру замон дар ин муассисаҳои таълимӣ дар самти саноат, зеҳни сунъӣ, инноватсия ва иқтисоди рақамӣ 20 ихтисоси нав таъсис дода шуд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ саноати хӯрокворӣ рушду такомул ёфта, ҳиссаи он дар содирот торафт зиёд мегардад. Алҳол дар самти саноати хӯроквории мамлакат беш аз 850 корхона фаъолият дорад, ки дар таъмини амнияти озуқавории кишвар ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми ҷумҳурӣ саҳми назаррас мегузоранд. Бо зиёд гардидани ҳаҷму номгӯи истеҳсолоти нав мавқеи маҳсулоти ватанӣ дар бозори дохилӣ устувор гардида, содироти он ба хориҷи кишвар, аз ҷумла ба ҷумҳуриҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мус­тақил, мамолики Амрико ва Аврупо, мунтазам афзоиш меёбад. Агар дар нимсолаи якуми соли 2024 ба маблағи 27,3 миллион доллари ИМА маҳсулоти асосии саноати хӯрокворӣ содирот шуда бошад, пас дар нимсолаи якуми соли 2025 ба хориҷи кишвар, аз ҷумла ба Қазоқистон, Россия, Туркия, Олмон, Чин, Ӯзбекистон ва Гурҷис­тон, ба маблағи 28,3 миллион доллари ИМА содирот шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи як соли пеш 103,7 фоиз зиёд мебошад. Дар ин давра меваи хушк 45,1 ҳазор тонна, нӯшокиҳои ғайриспиртӣ 16,2 ҳазор тонна, боқимондаҳои саноати хӯрокворӣ 200 тонна, консерваҳои меваю сабзавот 1,7 ҳазор тонна, маҳсулоти қаннодӣ 140, желатин 496 ва намак 185 тонна ба хориҷи кишвар содирот шудааст.

Соҳаи саноат пояи асосии иқтисодиёти кишварҳои пешрафта мебошад. Тавре аз факту рақамҳои зикршуда аён гардид, дар замони соҳибистиқлолӣ соҳаи саноати ҷумҳурӣ ба пешрафтҳои камназир ноил шуд ва он рӯз дур нест, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишвари пешрафтаи саноатӣ-аграрӣ табдил ёфта, сатҳи зиндагии мардуми кишвар боз ҳам баланду беҳтар мегардад.

Фарҳод Каримзода,

вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамчунин дигар маводҳо: