Офтоби истиқлолу озодӣ
Дӯстони падарам бо навбат дар хонаи якдигар ҷамъ шуда шоҳномахонӣ мекарданд. Онҳо як китоби фарсудаи «Шоҳнома», ки муқоваи чармӣ дошт ва бо нақшҳои минётурӣ оро ёфта буд, даст ба даст гардонда, бо сабки хосе қироат менамуданд.
Вақте маҳфили шоҳномахонӣ дар хонаи мо баргузор мешуд, падарам мо - кӯдаконро дар назди дар мешинонданд ва таъкид мекарданд, ки оромона ба «Шоҳнома» гӯш диҳем. Ман борҳо шоҳид шудаам, ки дӯстони падарам бо шунидани байтҳое аз «Шоҳнома» ба ваҷд омада, бехудона фарёд мекашиданд ва садои таҳсину офаринашон фазои хонаро пур месохт.
Як шоме ҳамин гуна маҳфили зебое дар хонаи мо баргузор шуд ва падарам бо лаҳн ва овозе хос ба хондани достони «Рустам ва Суҳроб» оғоз карданд. Ҳозирон хомӯшона ба достон гӯш медоданд. Замоне ки лаҳзаи шинос шудани Рустам бо Таҳмина шурӯъ шуд, мисраъҳои зерин садо доданд:
Паси парда андар яке моҳрӯй,
Чу хуршеди тобон пур аз рангу бӯй.
Ду абрӯ камону ду гесӯ каманд,
Ба боло ба кирдори сарви баланд.
Ин байтҳоро бобои Қудрат Азиз шунида, саллаашро аз сар гирифта як сӯ ҳаво дод ва бо ду даст ба зонувонаш зада, мастона ба гуфтор даромад: «Ана, инро Таҳмина мегӯяд, ана ҳусну ана ҷамол! Худо дари бахтро ба рӯи Рустам кушод»...
Ҳозирин суханони Қудрат Азизро бо ишораи сар ва таҳсину офарин тасдиқ мекарданд ва ҳар касе шӯру ҳаяҷони дилашро ба навъе баён месохт. Вақте саҳнаи кушта шудани Суҳроб фаро расид, бобои Назрулло аз шиддати ҳаяҷон гиребони куртаашро дарид ва дудаста бар сар зада, фарёд кашид. Дигарон низ ҳоли ӯро доштанд.
Падарам мо – кӯдаконро аз хона бароварда гуфт, ки шаб бемаҳал асту хоб равем.
Маҳфили шоҳномахонӣ ба руҳу равони мо низ таъсир гузошта буд ва ҳар гоҳе аз падар хоҳиш мекардем, ки ин ё он достони «Шоҳнома»-ро бароямон нақл кунад. Ӯ низ бо ҳавсала ин корро мекард.
Соле, ки Тоҷикистони азиз ба Истиқлол расид, падарам дар бистари беморӣ хоб буданд. Он кас маро, ки писари калониашон ҳастам, ба назди худ хонда, хеле насиҳату васият карданд ва дар охир ба даргоҳи Худованд шукр намуданд, ки Тоҷикистон ба Истиқлолият расиду баъд аз ин руҳи Фирдавсии бузург ҳам оромиш меёбад ва худашон низ беармон аз дунё мераванд.
Ман имрӯз дарк мекунам, ки барои падарам ва дӯстони шоҳномахонашон ба Истиқлол расидани давлату миллати тоҷик ормони бузургашон будааст. Онҳо, воқеан ҳам, фарзандони «Шоҳнома» буданд, барояшон Рустам рамзи тавоноӣ ва озодихоҳӣ буд. Онҳо гузаштаи миллати моро хуб медонистанд, намодҳо, суннатҳо ва арзишҳои миллиамонро хуб мешинохтанд. «Шоҳнома» низ барояшон рамзи истиқлолиятхоҳӣ будааст.
Имрӯз дар арафаи Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо ибтикори Сарвари давлату миллатамон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хонадони ҳар як сокини кишвар тақдим намудани «Шоҳнома»-и безавол басо рамзист. Бо ин иқдом миллати мо аз таъриху тамаддуни худ беҳтару бештар огоҳ мешавад, худшиносии миллӣ тақвият меёбад. Мо ба қадри Истиқлол хубтар мерасем, «Шоҳнома» ба мо дарси озодагӣ медиҳад.
ПЕШВО ВА ИСТИҚЛОЛ
Мебинам
Он шукуфтани шодиро,
Парвози баланди одамизодиро,
Он ҷашни бузурги рӯзи озодиро.
Оре, ба рӯзи озодӣ, ба Рӯзи Истиқлол расидем, ҳамон гуна ки офтоб аз дили шаб ба субҳи босафо, ба рӯзи нав мерасад. Мо аслан ба худамон расидем, аз ҷавҳари хеш берун омадем. Дар оинаи ҳастӣ ҷамоли худро ба тамошо нишастем...
Шере аз канори чамани сабзу муаттар мегузашт. Дид, ки галлаи гӯсфандон дар гӯшае чаро доранд ва шербачае ҳамроҳи барраҳо ба давутоз машғул аст. Шер аз ин ҳол ҳайрон шуд ва хост сабаби бо барраҳо бозӣ кардани шербачаро бифаҳмад. Вақте ба сӯи онҳо қадам бардошт, гӯсфандон фирор карданд. Он шербача ҳам рӯ ба гурез овард.
Шер босуръат давид ва шербачаро дошту пурсид:
- Ту кистӣ?
- Ман барраам.
- Ту барра нестӣ, шерӣ!
- Не, ман шер нестам, барраам.
Шер дарк намуд, ки шербача аз асли хеш дур гашта, худро бохтааст. Ӯро ба назди чашмае оварду амр кард:
- Ба оинаи чашма нигоҳ кун!
Чун ба оинаи чашма нигарист, шер будани худро дид ва наърае кашиду ба асли худ баргашт.
Истиқлол ҳам ба халқи тоҷик Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дод. Ӯ ҳамон кореро карданд, ки шер бо бачаи худ анҷом дод. Диданд, ки миллат парешону дар ҳоли ҷанг аст, онҳоро ба ҳам оварду ҷангро ба сулҳ мубаддал гардонид. Барои он ки миллат асли худро бишносад, решаҳояшро дарёбад, Наврӯзу Тиргон ва Меҳргону Садаро эҳё намуданд, суннатҳояшро зинда сохтанд. Китобҳои «Тоҷикон»-у «Шоҳнома»-ро чоп карданду ба ҳар хонадон тақдим намуданд. Яъне, ӯ оинаеро дар баробари миллати тоҷик гузошт, ки худро бубинаду бишносад.
Пешво шиносномаи моро ба дастамон доданд. Гуфтанд, дар ин дунёи пур аз тазод худро гум накунед, ба худу ба миллат бегона нашавед. Яқин бидонед:
Зиндагӣ дар бардагӣ шармандагист,
Маънии озод будан зиндагист.
Шумо озодазодагонед, бо илму маърифат дунёро шодоб сохтед. Акнун пайғоми Истиқлолро ба осмонҳо бибаред, бо дониш, хирад ва ҳикмат. Ба ҷаҳониён худро бо зебоӣ, доноӣ ва некуӣ муаррифӣ кунед.
ЗИНДАГӢ ХОБИ ПАРЕШОНЕ НЕСТ
Шабе Пешворо ба хоб дидам. Савори аспи зебое дар чамани сабзу пургул сайр мекарданд. Чашмашон ба ман афтоду пурсиданд:
- Ин ҷо чӣ мекобӣ?
- Дар ҷустуҷӯи ганҷе ҳастам.
Ин сухан аз куҷо ба забонам омад, намедонам. Ҳатто намедонистам, ки чӣ ганҷеро меҷӯям.
Пешво бо меҳр ба ман назар карданду табассуме ширин даври лабонашон гул кард. Сипас, камонеро мисли камони Рустами Дастон ва тиреро ба ростии сарв ба дастам доданду гуфтанд:
- Бирав, тирро ба камон гузор, ҳар ҷое ки афтид, ҳамон ҷо ганҷро пайдо мекунӣ.
Шодон ба хона омадам. Дар рӯи ҳавлӣ тирро ба камон гузоштам ва бо тамоми қувват онро кашида, ба сӯи саҳрои рӯ ба рӯ сар додам. Ба ҷои афтидаи тир рафтам, заминро ғалбер кардам, вале ганҷе наёфтам. Ноумед ба хона меомадам, ки Пешво савори ҳамон аспи зебо аз пешам баромаданд.
- Чаро ғамгинӣ?! – бо лаҳне ширин, вале омирона пурсиданд.
- Супоришатонро иҷро кардам, вале дар ҷои афтодаи тир ганҷе наёфтам.
Пешво даст ба шонаам гузоштанд. Ба тамоми баданам гармие давид ва вуҷудам саршор аз нур шуд. Он гоҳ ба ман гуфтанд:
- Ман нагуфтам, ки аз камон тир паррон, балки гуфтам онро ба камон гузор, ҳар ҷо ки афтид, ганҷ ҳамон ҷост.
Ман ҳам дарҳол тирро ба камон гузоштам, вақте онро сар додам, ба бағалам афтид. Ҳамон лаҳза садои Пешво ба гӯшам даромад:
- Ганҷе, ки меҷӯӣ, дар вуҷуди худат пинҳон аст. Ҳастии худро ҷустуҷӯ кун, он ҷо ганҷеро пайдо мекунӣ, ки дар ҳайрат мемонӣ. Тамоми асрори олам дар вуҷуди худат пинҳон аст. Ту кони илм ва ҳикмат ҳастӣ. Берун аз худат чизе нест.
Пешво инро гуфтанду ман аз хоб бедор шудам. Дар ғафлат будам, ба огаҳӣ расидам. Донистам, ки миллати огоҳу соҳибистиқлол ба кӯи мурод мерасад. Зиндагӣ хоби парешоне нест.
ВОРИС,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:





