Тоҷикӣ забони фарҳангу сиёсат ва сулҳу ваҳдат аст
Чун мавҷудияти осори моддию ғайримоддии фарҳанги оламшумул ва маърифати расмии тоҷикон, тибқи пажӯҳишҳои олимону муаррихон, ба беш аз 6000 сол сутудаю нисбат дода мешавад, пайдост, ки дар сари ин ҳама ғановати моддию маънавӣ ҳамчун зояндаи он забони ин миллат истодааст ва ҳеҷ шубҳае нахоҳад рафт, агар бигӯем, ки мавҷудияту зуҳури он (яъне забон) фаротар аз ин рақамҳост. Агар иғроқе наравад, чунин мепиндорам, ки дар рӯи замин кам аст миллате бад-ин минвол умру бад-ин сон кӯлвори бузурги маънавию фарҳангӣ.
Забони ноби тоҷикӣ дар тӯли ҳазорсолаҳо рисолати бузурги таърихияшро адо карда, муносибатҳои ҷамъиятии тамоми қишрҳои ҷомеаи хиттаи мансуби худро танзим ва ниёзҳои ин миллати музаффару шарафмандро, нигоҳ накарда ба шароитҳои сангину вазъи ноҳамвори замонҳо, пайваста қонеъ карда омадааст.
Албатта, чун забон аз унсурҳои зиндаю муҳими ҳаёти башарист, бо дигаргун шудани муносибатҳои ҷамъиятӣ ва таҳаввулоти сиёсию авзои ноҳамвори ҳудуди истеъмол ҳамеша якмарому якнавохт хидмат карда наметавонад ё худ он низ ҳамчун рукни ҳаёти ҷамъиятӣ тағйирпазир буда, бо навозиш рушд ва бо дуруштию нохушбиниҳо таназзул мекунад. Забони тоҷикӣ низ дар чунин мавридҳо мустасно нест.
Таърих гувоҳ аст, ки забони тоҷикии мо дар масири мавҷудияту фаъолияти худ дар ҳама замонҳо бо латофати табъи беғубору илтифоти беканораш хидматгузори беозори некхоҳону нохушбинони ин миллати равшанзамир будааст.
Дар замони салтанатдории Оли Сомон бар асари сиёсати некбинонаю маорифпарваронаи шоҳон аз хушбинию лутфи сиёсӣ ва ҳисси баланди худшиносии миллии эшон забони тоҷикӣ мақому мартабаи давлатӣ касб намуда, бузургтарин ҷаҳише дар роҳи рушд кардааст, вале бо заволи ин давлати пурқудрат маҳруми дасти навозиши истилогарону давлатмардони аҷнабӣ гардид. Агарчӣ дар фаросӯи 10 садсола миллати тоҷик аз салтанатдории худ дур шуд, аммо забони тоҷикӣ, бинобар сабаби забони сиёсату илму адаб ва лаҳни ширину сириштсоз буданаш, аз маснад наафтод, лоҷарам забони расмии давлатдории бегонагон гашту салтанаташро нигоҳ дошт. Он (забон) натанҳо бо сиришти покаш хидмати сиёсатҳоро кард, балки бо лутфу имконоти серпаҳнояш дар хидмати пойгоҳи беназири илму фарҳанги қавми башарпарвари тоҷик низ қарор гирифт. Ҳамин буд, ки миллати мо дар дарозои таърихи пуршебу фарози худ орифону шахсиятҳои оламшумули адабию илмии зиёдеро дод, ки андешаю осори барҷаста ва таълимоти беназиру фанонопазири онҳо зинатбахши пештоқи илму фунуни ҷаҳонӣ гаштаанд. Чакидаҳои хомаи қаламкашони ин забон дар мисоли Саъдӣ, ки мегӯяд:
Бани одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.
Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор,-
имрӯз пештоқи даргоҳи сиёсии бонуфузтарин ташкилоти байналмилалӣ - Созмони Милали Муттаҳидро музайян мекунад.
Баъд аз ҳазор соли назарбандиҳои роҳи сиёсату истиқлолият халқи тоҷик ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта ё худ интиҳои ҳазораи дуюми солшуморӣ ба армонҳои парвардаю деринтизори худ - Истиқлолияти комили давлатӣ расид. Ин рӯйдоди таърихӣ, ки аз санаҳои хеле мубораку муқаддаси халқи пурозарму пурозор аст, дар таърихномаи миллати мо саҳифаҳои наву дурахшонро боз кард. масиреро эҳдо намуд, ки моро тариқи шоҳроҳи ҳувияту худшиносии миллӣ ба сӯи ояндаҳои дуру дурахшон мебарад.
Бо ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ Тоҷикистони азизи мо аз низоми сиёсии шаклан миллию мазмунан сотсиалистӣ, ки тӯли 70 соли мавҷудияти Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравии Сотсиалистӣ дар ҳайати он мақом дошт, ба низоми ҳам шаклан ва ҳам мазмунан миллӣ гузашт. Акнун мо тақдиру сарнавишт ва масири рушди минбаъдаи ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии худро на бо иродати дигарон, балки мустақилона ва дар адвори сиёсати сирф миллии хеш муқаррар мекунем ва дар роҳи рушди серпаҳнову фарогир қадами ҷиддиву босубот мегузорем.
Маҳз, соҳибистиқлолии Тоҷикистони маҳбуб буд, ки халқи тоҷик бо дастгирӣ аз сиёсати Пешвои муаззами худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳнати бунёдкоронаю созандааш дар ҳама ҷанбаҳои зиндагӣ ба дастоварду музаффариятҳои беамсол ноил гардид. Бидуни шак, ҳама нусрату пирӯзиҳо ва муваффақиятҳои бадастовардаи Тоҷикистони навинро бе муҳимтарин воситаи муомилоту муносибот – забони тоҷикӣ наметавон тасаввур кард. Воқеан, забон дар ҷомеа кореро метавонад кунад, ки муқтадиртарин дастгоҳу мошинолоти замонҳо карда наметавонад. Мисоли равшану раднопазири онро дар табдили ҷангу хунрезиҳои таҳмилии ҳамватанӣ ба сулҳу субот ва истиқрори миллӣ, ки тариқи кору пайкор, ҳадиси сулҳомезу забони сеҳрангези тоҷикии Сарвари давлати тозаистиқлоли тоҷикон рӯи кор омад, метавон дид. Ин аст, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо такя ба қудрати ваҳдатофаринии забони тоҷикӣ дар истиқрори сулҳу ваҳдат ба он ҳамчун рукни муҳими давлатдорӣ пайваста арҷ мегузоранд.
Қайд кардан бамаврид аст, ки ҳанӯз то замони соҳибистиқлолӣ дар партави ислоҳоти сиёсии замони шуравӣ ва айёми бозсозию хурӯҷи ошкорбаёниҳо 22 июли соли 1989 Шурои Олии ҶШС Тоҷикистон бо саъю талоши иддае аз вакилону зиёиёни равшанзамир «Қонуни забон»-ро қабул кард, ки дар ҳамон замон ин иқдоми басо наҷиб ва низ ҷуръатбор буд, вале раванди ҳаёт нишон дод, ки бо ҷурми нағунҷидан дар қолабҳои танги андешаҳои зимомдорони сиёсии давр, беҳавсалагию беэътиноӣ дар татбиқу риояи меъёрҳои ин санади қонунӣ ва дар маҷмуъ - вуруди пурмушкилоти он ба ҳаёти воқеӣ қонуни мазкур рисолати худро ба таври бояду шояд иҷро карда натавонист. Қарори Шурои Вазирони ҶШС Тоҷикистон аз 11 августи соли 1989, №142 «Тадбирҳо оид ба иҷрои «Қонуни забон»-и РСС Тоҷикистон», ки марҳилаҳои то ҳадди пурра гузаштан ба забони давлатиро муайян карда буд, низ беҳаракат ва дар рӯи коғаз монд.
Танҳо баъд аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ таҳти сиёсати хирадмандона ва ибтикороту кӯшишҳои пайгиронаи Роҳбари давлат забони миллии мо ба маснади волои худ – мақоми давлатӣ соҳиб шуд. Тамоми заминаю имкониятҳо фароҳам оварда шуданд, ки забони тоҷикӣ ҳамчун ҳодию мунодии арзишҳои миллӣ ва такондиҳандаи асосии рушди ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ дар тафаккури аҳли ҷомеа ҷойгоҳи устувори худро дарёбад.
Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон дар қатори дигар давлату халқиятҳои боҳиммати олам ҳамчун субъекти комилҳуқуқи СММ зуҳур кард ва ҳамзамон, бо саъю эҳтимоми Роҳбари воқеан ғамхору ватандораш забони шевову ширини он ҳамчун забони давлатии як миллати куҳанбунёд, тамаддунофару фарҳангсолор аз минбарҳои олии сиёсию байналмилалӣ садо баланд кард, дар он маъвои ҳамешагӣ сохт ва бо савти фораму руҳнавозии худ гӯши аҳли сайёраи заминро навохт.
Пешвои миллат дар овони нахустин марҳалаи ташаккули таърихи навини давлатдории тоҷик дар баробари ҳалли вазифаҳои муҳими ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат, дар ҳолате ки анбуҳи масъалаҳои ҳалталаб беҳисобу беохир ва таъхирнопазир буданд, ба масъалаҳои марбут ба рушди забони тоҷикӣ таваҷҷуҳи саривақтӣ зоҳир намуда, як силсила санадҳои меъёрии ҳуқуқиро давра ба давра ба тасвиб расониданд. Қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1994 «Дар бораи ҷашн гирифтани Рӯзи забон», Қарори Ҳукумати мамлакат аз 31 октябри соли 1995, №662 «Дар бораи таъсиси Комиссияи татбиқи «Қонуни забон»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 1995, №142 «Доир ба тамдиди «Тадбирҳо оид ба иҷрои «Қонуни забон»-и ҷумҳурӣ», ки давраи гузариш ба татбиқи «Қонуни забон»-ро то соли 1999 муқаррар намуд, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 октябри соли 1997, №459 «Барномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба тавсеа ва рушди забони давлатӣ ва забонҳои дигари қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва соири санадҳо перомуни таъсиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, тасдиқи қоидаҳои имлои забони адабии ҳозираи тоҷик, «Соли забони тоҷикӣ» эълон намудани соли 2008, қабули ду барномаи давлатии рушди забон барои солҳои 2012-2016, 2020-2030 ва дигар санадҳо аз ҷумлаи онҳоянд.
Ниҳоят, 5 октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бевосита бо ибтикору ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории Президенти кишвар пешниҳод гардида буд, ба тасвиб расонида шуд. Ин аст, ки ҳамасола дар ин рӯз Иди забон дар сатҳи баланди сиёсию ташкилӣ дар қаламрави мамлакат ва ҳатто берун аз он – макони иқомати ҳамватанони бурунмарзӣ таҷлил мегардад.
Маҳз бо шарофати соҳибистиқлолӣ мо соҳиби қонуни мукаммали забони давлатӣ гардида, ғановати бузурги маънавиамонро ҳифз, покию беолоишии забонамонро густариш додем ва муҳимтар аз ҳама, дар ин ҳошия дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат қомусҳои истилоҳоти соҳавиро рӯи кор овардем, ки ба ҳувияти миллии мо такони ҷиддӣ бахшид.
Бо зикри мухтасари ин ҳама аснод метавон хулоса кард, ки забони ноб ва ширину шевои тоҷикӣ имрӯзҳо дар ҳама шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва ташкилоту идораҳо ҳамчун забони давлатӣ мақом дошта, тамоми муносибатҳои вобаста ба забонро муваффақона танзим менамояд. Яъне, дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ҳама заминаҳои ҳуқуқӣ, моддию техникӣ ва ташкилии татбиқи босамари Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» фароҳам оварда шудаанд ва мардуми бонангу номус, дорои таърих, забон, китобу дафтару қомуси мо бо ҳувияти миллию асолати ватандории худ дар роҳи ҳифзу густариш ва амну безаволии он ҳама имкониятҳоро масраф хоҳанд кард.
Дар ҳадду сарҳадшиносии ҷаҳон
Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст,
То забон дорад, ватандор аст ӯ,
То забондор аст, бисёр аст ӯ.
Шарифҷон ҲАКИМЗОДА,
вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон