Меҳргон омад, гирифта фолаш аз некӣ мисол
Боиси шукргузорӣ ва ифтихор аст, ки ба шарофати Истиқлоли давлатӣ ва кӯшишу иқдомҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо имкони эҳё кардани ҷашнҳои бостониамон - Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргонро пайдо намудем. Ҷашнҳои мазкур расман ба қонунгузории кишвар ворид гардида, имрӯз онҳоро дар саросари Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил мекунанд.
Мавриди зикр аст, ки чоруми декабри соли 2024 дар нуздаҳумин ҷаласаи Кумитаи байнидавлатии ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии Созмони маориф, илм ва фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид (ЮНЕСКО), ки дар шаҳри Асунсйон - пойтахти Ҷумҳурии Парагвай бо ташаббуси муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҷашни миллии Меҳргон ба сифати ҷашни ҷаҳонӣ ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардид.
Меҳргон пас аз Наврӯз ва Сада сеюмин ҷашни миллии мост, ки бо номи аслиаш дар ин ниҳоди бонуфузи ҷаҳонӣ сабт гардидааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таърихи пайдоиши Ҷашни Меҳргон чунин таъкид менамоянд: «Меҳргон ифодагари фасли заррини тирамоҳ буда, ниёгонамон онро ҳамчун шукургузорӣ барои неъматҳои табиат ва заҳмати кишоварзон баргузор мекарданд».
Бунёдгузории Ҷашни Меҳргонро ба шоҳи пешдодӣ - Фаридун нисбат медиҳанд. Абулқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и безаволаш чунин ёдоварӣ кардааст:
Фаридун чу шуд бар ҷаҳон комгор,
Надонист ҷуз хештан шаҳрёр.
Ба расми каён тоҷу тахти меҳӣ
Биёрост бо кохи шоҳаншоҳӣ…
Парастидани Меҳргон дини ӯст,
Таносоию хӯрдан оини ӯст.
Ба гуфтаи фолклоршиноси маъруф, номзади илмҳои филология Дилшод Раҳимӣ, «Меҳргон бо вожаи «митро» (меҳр) пайванди луғавӣ ва истилоҳӣ дошта, дар асотири бостонӣ ва миёнаи паҳлавӣ ба сифати эзади фурӯғу рӯшноӣ ва аҳду паймон шинохта шудааст. Аз ин ҷост, ки номи Ҷашни Меҳргон дар сарчашмаҳои бостонӣ ба гунаи Митракона зикр шудааст».
Шоирони классики тоҷику форс дар ашъори хеш аз хусусиятҳои Ҷашни Меҳргон зиёд ёдоварӣ кардаанд. Чунончӣ, Абулқосим Ҳасан ибни Аҳмади Унсурӣ фармудааст:
Меҳргон омад, гирифта
фолаш аз некӣ мисол,
Неквақту некҷашну некрӯзу некхоҳ.
Абулқосим Фирдавсӣ ҷои дигар чунин мефармояд:
Чунон шуд Фаридуни фаррухнажод,
Дар ин Меҳргон тоҷ бар сар ниҳод.
Масъуди Саъди Салмон низ ин ҷашни бостониро васф кардааст:
Рӯзи меҳу моҳи меҳру ҷашни
фаррух Меҳргон,
Меҳр бифзой, эй нигори
моҳчеҳри меҳрубон.
Алломаи бузурги тоҷик Абурайҳони Берунӣ дар «Осор-ул-боқия» чун дигар идҳо дар бораи таҷлили Меҳргон низ маълумот додааст: «Ин ид монанди дигар аъёд (идҳо) барои умуми мардум аст. Аз оини Сосониён дар ин рӯз ин буд, ки тоҷеро, ки ба сурати офтоб буд, ба сар мегузоштанд ва дар ин рӯз барои ирониён бозоре барпо мешуд».
Меҳргон, қабл аз ҳама, ҷашни деҳқонон буда, ба айёми ҷамъ овардани ҳосили кишоварзию боғдорӣ рост меояд. Он рамзи баракату фаровонӣ ва файзи дастурхони мардум ба шумор меравад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи шукӯҳи ин ҷашни бостонӣ чунин таъкид менамоянд: «Таъриху фарҳанг ва тамаддуни қадимии тоҷикон собит месозад, ки ҳаёти инсоният бо олами атроф - табиату коинот робитаи ногусастанӣ дошта, ниёгони мо аз қадимулайём барои арҷгузорӣ намудан ба неъматҳои табиат маросиму ҷашнҳои гуногун баргузор мекардаанд.
Маҳз, дар муҳити ориёитаборон ба вуҷуд омадани Садаву Наврӯз ва Тиргону Меҳргон бо расму оинҳои рангорангу қадимаи онҳо, ки ба як ҷузъи ҷудоинопазири ҳувияти миллии тоҷикон табдил ёфтаанд, далели возеҳи ин гуфтаҳост».
Имрӯзҳо кишоварзони мамлакат ҳосили бо заҳмат рӯёндаашонро ҷамъоварӣ ва барои фасли зимистон захира мекунанд. Аз баракати меҳнати деҳқонон дастурхони мардуми кишвар пурфайз мегардад. Умед мекунем, ки қадами мубораки Ҷашни Меҳргон ба кишвари мо файзу баракати бештар меорад.
Сайфиддин Суннатӣ,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:





