Ҷашни баҳамоиву хушҳолии миллӣ
Меҳргон ҷашни бостонии халқҳои ориёитабор буда, дар баробари Наврӯз, Тиргон ва Сада ифтихори миллати мост. Хушбахтона, пас аз соҳибистиқлолӣ ин ҷашни миллӣ ҳамасола бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегардад. 4 декабри соли 2024, дар ҷаласаи 19-уми Кумитаи байнидавлатии ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар шаҳри Асунсйони Парагвай номинатсияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон «Ҷашни Меҳргон» расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид карда шуд. Яъне, имсол ин иди миллии мо бо мақоми умумибашарӣ таҷлил мегардад.
Дар арафаи Иди Меҳргон бо ходими пешбари илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, фарҳангшинос Нозим Нурзода перомуни таърих, хусусиятҳои инсондӯстона ва нақши Истиқлоли давлатӣ дар эҳёи ин ҷашни миллӣ ҳамсуҳбат шудем, ки фишурдаашро пешкаши хонандагон менамоем.
- Нахуст, мехоҳем суҳбатро аз сайри таърихии Меҳргон шурӯъ кунем.
- Дар доираи фарҳанги форсии тоҷикӣ, бо назардошти махсусиятҳои муҳитизистӣ ва иҷтимоӣ, тайи таърихи пешин ҷашнҳои миллию мардумии Наврӯз, Тиргон, Меҳргон, Ялдо, Сада ва амсоли инҳо барои танзими барномаҳои зиндагии инсонӣ роҳандозӣ шудаанд. Гузашта аз ин, зиндагии оинӣ ва маросимии мардуми форсу тоҷик аз умқи таърих сарчашма мегирад. Донишманди маъруфи эронӣ Ҳошим Разӣ умри ҷашнҳои бостонии миллиро ба умри миллату халқ баробар донистааст. Ҳар як ҷашну оин ва маросим мушаххасоти худро дорост. Нуқтаи меҳварии ҷашнҳои миллию мардумӣ даъвати табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ ба иҷрои маросим аст, ки махсусият ва вежагии умумимиллӣ ва умумимардумӣ мебошад.
Дар силсилаи оину ҷашнҳои миллию мардумӣ Ҷашни Меҳргон ҷойгоҳи махсус дорад. Ба ин тариқ, Меҳргон бо вожаи «митро» (меҳр) пайванди луғавӣ ва истилоҳӣ дошта, дар асотири бостонӣ ва миёнаи паҳлавӣ ба сифати эзади фурӯғу рӯшноӣ ва аҳду паймон шинохта шудааст. Аз ин ҷост, ки номи Ҷашни Меҳргон дар сарчашмаҳои бостонӣ ба гунаи «Митракона» зикр шудааст. Дақиқтараш, Меҳргон рӯзи таваллуди дубораи Меҳр аст ва тибқи назари Абурайҳони Берунӣ, ин рӯз дар айёми куҳан рӯзи аввали зимистон будааст. Муҳаққиқони муосир дар робита ба Ҷашни Меҳргон таъкид мекунанд, ки дар рӯзшумории куҳани Эрон ҳар як аз сӣ рӯзи моҳ ном дорад, ки исми дувоздаҳ моҳи сол низ дар миёни онҳо ҳаст. Дар гузашта миёни мардум расм будааст, ки ҳар моҳ, ки номи моҳу номи рӯз баробар меомадааст, он рӯзро ҷашн мегирифтанд. Аз он ҷашнҳои дувоздаҳгона (фарвардингон, урдубиҳиштгон ва амсоли онҳо) пас аз ислом танҳо Меҳргон ба таври расмӣ ва шукӯҳманд таҷлил мегардидааст. Дар сарчашмаҳои асримиёнагӣ маҳал, макон, мушаххасот ва густураи ҷашни Меҳргон инъикос ёфтааст.
- Меҳргонро гузаштагонамон ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймон ва дӯстию муҳаббат таъбир кардаанд…
- Ҷашни Меҳргон монанди ҷашнҳои дигари аҷдодӣ (мисли Наврӯзу Тиргон ва Сада) ҷанбаҳои амиқи фалсафӣ, иҷтимоӣ, тақвимӣ-нуҷумӣ (фалакӣ), кишоварзӣ ва маданӣ дорад. Зимнан, таҷлили Ҷашни Меҳргон бо ҳаводиси устуравии пирӯзии Фаридун бар Беваросп (Заҳҳок) иртиботи сириштӣ ва фикрӣ пайдо намудааст. Дар ин замина, фарҳангшиноси бузурги асримиёнагии тоҷик Абурайҳони Берунӣ, ки доир ба зиндагии оинӣ ва маросимии миллию мардумӣ таълифоти ҷиддӣ ба мерос гузоштааст, дар «Ат-Тафҳим» нигоштааст: «Меҳргон шонздаҳум рӯз аст аз меҳрмоҳ ва номаш меҳр, андар ин рӯз Афридун зафар ёфт бар Беварасби ҷоду, он ки маъруф аст ба Заҳҳок ва ба кӯҳи Дамованд боздошт ва рӯзҳо, ки сипаси Меҳргон аст, ҳама ҷашнанд ба кирдори он-чӣ пас аз Наврӯз бувад».
Бар илова, ба қиёми Коваи оҳангар, пирӯзии ӯ бар Заҳҳоки морон ва ба шоҳӣ расидани Фаридун нисбат гирифтани Ҷашни Меҳргон аз мушаххасоти муҳими ин ҷашни аҷдодӣ ба шумор меравад. Бар ин асос, ин ҷашн бештар достон ва устураи қиёми Коваи оҳангар дар баробари бедодгариҳои Заҳҳокро таҷассум мекунад, ки ёдмони ин ҷашни намодин мебошад. Асотир ва боварҳои қадимаи миллӣ Заҳҳок (шакли қадимиаш «Ажидаҳҳок»)-ро алайҳи рӯшанӣ ва барподорандаи торикӣ эълом доштаанд. Заҳҳок гирандаи хуршед аст ва дар миёни омма то имрӯз расме роиҷ аст, ки ҳангоми гирифтани офтоб мардум таблу ташт мезананд, то Заҳҳок хуршедро раҳо кунад. Пас, шигифт нест, ки рӯзи пирӯзии Фаридун бар Заҳҳок Меҳргон номида шудааст. Гузашта аз ин, бовар ва эътиқод ба эзади меҳр ва оинҳои меҳрӣ (митройӣ), ки пеш аз Зардушт дар Ҳинду Эрон вуҷуд дошта, ба моҳи меҳр ва Ҷашни Меҳргон симои динии бештаре афзудааст.
- Меҳргон ва сарчашмаҳои илмиву адабӣ: дар бораи ин ҷашни миллӣ дар осори кадоме аз бузургонамон вохӯрдан мумкин аст?
- Доир ба Ҷашни Меҳргон дар замони Ғазнавиён иттилооти бештаре дар даст аст. Ашъори шоирони даврони Ғазнавӣ - Унсурӣ, Манучеҳрӣ, Фаррухӣ ва дигарон гувоҳи онанд, ки Ҷашни Меҳргон бо шукӯҳу шаҳомати махсус таҷлил мегардидааст. Муаррихи машҳури замони Ғазнавӣ Абулфазли Байҳақӣ тартиби Ҷашни Меҳргон ва ороишоту тадорукоти меҳргониро, ки бо ҳузури Султон Маҳмуди Ғазнавӣ солҳои 428, 429 ва 430 ҳиҷрии қамарӣ иттифоқ афтода буд, ба қалам дода аз ҷумла, дар ин бобат нигоштааст: «…Ва рӯзи чаҳоршанбеи нуҳуми зулҳиҷҷа ба Ҷашни Меҳргон бинишаст ва ҳадяҳои бисёр оварданд».
Бузургони адабу фарҳанги миллӣ Дақиқӣ, Фирдавсӣ ва Асадии Тӯсӣ аз Ҷашни Меҳргон ва махсусиятҳои он ёд кардаанд.
Ҳаким Фирдавсӣ дар достони «Фаридун» ҳудуди даҳ байтро ба таъсиси Ҷашни Меҳргон, иллати зуҳур ва маросими он ихтисос додааст.
Ҳамчунин, дар бахши «Банд кардани Фаридун Заҳҳокро», ки ба достони «Заҳҳок» марбут аст, Фирдавсӣ аз мушаххасоти кори Фаридун сухан дар миён оварда, тарҳи масъалаи азнавсозмондиҳӣ, низоммандии давлатӣ ва ташаккули табақоти иҷтимоӣ, танзими касбукор ва ҳирфаю пешаро, ки дар ҳазораи Ҷамшед иттифоқ афтода буду дар ҳазораи Заҳҳок ба ҳукми фаромӯшӣ супурда шуд, бозгӯ мекунад. Ҳакими Тӯс ба таври мушаххас дар ҳаҷми 12 байт (абёти 436 - 447) пирӯзии Фаридун бар Заҳҳок ва танзими зиндагии наву ҷадидро ба риштаи тасвир мекашад.
Ба ин маъно, Меҳргон рӯзи Фаридун аст, чунонки Наврӯз рӯзи Ҷамшед талаққӣ шудааст. Пас, Фаридун зиндакунандаи оини куҳани ҷамшедӣ аст ва табиист, ки хуршедкирдор мебошад.
- Ниёгонамон ҳангоми таҷлили Ҷашни Меҳргон оташ афрӯхта, дастурхони идона бо ҳафт меваи меҳргонӣ ва гандум, ки неъмати худовандӣ ва боиси бақои инсонӣ аст, меоростанд. Чӣ рамзе дар ин амал нуҳуфтааст?
- Дар бораи таҷлили Ҷашни Меҳргон ва иҷрои маросими меҳргонӣ қабл аз ислом донишмандон, муаррихон ва шоиру нависандагон изҳори назар кардаанд. Ҷиддитарин нукотро дар заминаи Ҷашни Меҳргон ва мушаххасоти таҷлили маросимоти меҳргонӣ фарҳангшиноси шаҳири асримиёнагии тоҷик Абурайҳони Берунӣ баён доштааст: «Ин ид монанди дигар аъёд барои умуми мардум аст. Аз оини Сосониён дар ин рӯз ин буд, ки тоҷеро, ки ба сурати офтоб буд, ба сар мегузоштанд ва дар ин рӯз барои эрониён бозоре барпо мешуд…». Поинтар дар мавриди суннат ва шеваи тақдимоти ҳадияҳои меҳргонӣ дар дарбори мулуки Хуросон менависад: «Ва дар мулуки Хуросон расм аст, ки дар рӯзи Меҳргон ба сипоҳиён ва артишиён рахти поизӣ ва зимистонӣ медиҳанд…».
Иттифоқан, чун Меҳргон бо рӯшноӣ ва гармии зиндагӣ (оташу хуршед) тавъам аст, табиист, ки дар маросимоти он унсурҳои вобаста ба оташу гармӣ авлавият доранд. Мардум дар рӯзҳои ҷашнӣ тадорук дида, одатан аз ҳафт навъи зироат, аз ҷумла гандум, ҷав, арзан, ҷуворӣ, наск, биринҷ ва лӯбиё, нон пухта, суфраи идонаро аз анвои гуногуни маҳсулоти нонӣ оро медоданд. Дар ин баробар, суфраи идона ва ба истилоҳ, хони меҳргонӣ бо анвои ҳафтгонаи меваҳо, мисли найшакар (ё шакар), турунҷ, себ, биҳӣ, анор, унабӣ (ҷигда), ангури сафед ва соири меваҷоти хушккардашуда тазйин дода мешуд. Бар илова, рӯи суфраи меҳргонӣ меваҳои тару тоза, шохҳои гулу шакару беду зайтун, анору муруд ва коҷ (навъе аз сарв) мегузоштаанд, ки ҳамагӣ рамзу рози худро доранд. Барои намуна, шакар - рамзи ширин гузаронидани умр, хурмо – намоди серҳосилӣ ва лаззати зиндагӣ, норгил ё чормағз – рамзи мустаҳкамию побарҷоӣ, ҷавзи ҳиндӣ – намоди самаранокию пурбории умр, муруд – рамзи хушҳолию шикебоӣ, анор – рамзи серфарзандӣ.
Мунтаҳо, кулли рамзу рози анвои ғизоиву меваҷотӣ, ки хони меҳргониро зебу зинат мебахшанд, аз ин ва ё он ҷиҳат ба меҳру хуршеду оташу гармӣ тамаркуз доранд ва ин алоқамандии мундариҷавию муҳтавоӣ ҳаста - ядрои ҷашнро ифода менамояд.
- Тавре маълум аст, аз идҳои чоргонаи мо - Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада танҳо Наврӯз дар тӯли асрҳо пайваста таҷлил шуда омадааст. Сабаби камранг, ҳатто як муддат ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтани идҳои дигар, аз ҷумла Меҳргон, дар чист?
- Аввал ин ки Меҳргон ба унвони ҷашни бостонии миллӣ дар оинаи таърихи миллат ҳеҷ гоҳ камранг набудааст. Мисолу намунаҳое, ки оварда шуд, маънои онро доранд, ки Меҳргон по ба по бо Наврӯз ва соири ҷашнҳои бостонии миллӣ гом бардошта, то замони мо беосеб расидааст. Ҳарчанд Наврӯз бо муҳтавои ботинию зоҳириаш ҷуғрофиёи бузургтареро тасхир карда буд, Меҳргон аз он монданӣ надошт ва дар фазою муҳитҳои гуногун таҷлил гардида, роҳро барои тавсеа додани ҷуғрофиё ҳамвор мекард. Кор то ба ҳадде расида будааст, ки замоне ҳар ду моҳ - меҳрмоҳ ва фарвардинмоҳро, ки ба тартиб оғози эътидоли поизӣ ва баҳорӣ маҳсуб ёфта, дар он баробарии рӯзу шаб иттифоқ меафтад, ба унвони соли нав ҷашн мегирифтанд. Афзун бар ин, бархе Ҷашни Меҳргонро бар Ҷашни Наврӯз бартарӣ додаанд ва ин нуктаро ба нашри ҳашарот дар фасли баҳор, ки боиси коҳиши зироат мегардидааст, марбут донистаанд. Рози ҷазбаи ҷашнӣ ва маросимии Меҳргон дар хамираи ҳувиятии он ки бо мушаххасоти маҳосини ахлоқию отифии меҳр, муҳаббат, илтифот, самимият, хирад, фазилат, садоқат, шарофат, мурувват, саховат ва мунтаҳо, инсоният омезиш ёфтааст, ниҳон аст.
Ба гумони ғолиб, Меҳргон на ба хотири он ки номи моҳ ба рӯзи моҳ баробар мешудааст, мавриди таҷлил қарор мегирифт, балки ба ифтихори шарофату волоияти зиндагӣ ва арзиши умри инсонӣ таҷлил мегардид. Ба ин маъно, Меҳргон эҳсоси зиндагипарастии инсон ва дар маҷмуъ, мардумро ифода мекунад. Чун Меҳргон бо аҳду паймон ва меҳру муҳаббат иртиботи зотӣ ва маъноӣ дорад, сатҳу сифати зиндагидӯстӣ ва зебоиписандии одамонро боло мебарад. Ин навъи биниши арзишманди миллӣ ва мардумиро дар густурдани хони меҳргонӣ, ки аз анвои меваҷоту сабзавот таркиб ёфтааст, мушоҳида кардан мумкин аст. Дар силсилаи дастурхони ҷашнӣ, чӣ дар гузашта ва чӣ имрӯз символикаи оина муҳим аст. Оина намоди покию рӯшанӣ, фурӯғу биноӣ ва шукӯҳу тавоноии инсонист. Бо густурдани хони меҳргонӣ инсон ҳосили меҳнату заҳмати солонаашро, ки айёми поиз ва ё тирамоҳ ҷамъбаст мешавад, ба намоиш мегузорад. Аз ин лиҳоз, Меҳргон бо меҳнат ва саъю талоши фикрию ҷисмонии инсон тавъам аст.
- Нақши Истиқлоли давлатиро дар эҳёи ҷашнҳои миллӣ, хоса Меҳргон, чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
- Маҳз, Истиқлоли давлатӣ шароити мусоиди шинохту муаррифии шоистаю боистаи ҷашнҳои миллию мардумии моро дар мисоли Наврӯз, Тиргон, Меҳргон, Ялдо Сада фароҳам оварда, тағйироти сифати дар тафаккури миллӣ ба вуҷуд овард. Беҳуда нест, ки Сарвари давлат таъкид кардаанд: «Истиқлолият оғози зиндагии нави халқамон ва ибтидои марҳилаи тозаи ҳаёти сиёсии давлати миллии тоҷикон аст. Ба ибораи дигар, ҳар соли ҳаёти сиёсии мамлакатамон аз рӯзи истиқлолият оғоз мегардад ва мо ҳар кореро, ки дар давоми сол анҷом медиҳем, ба номи истиқлолият ва ба хотири таҳкими истиқлолият аст». Аз сӯи дигар, танҳо дар шароити Истиқлоли давлатӣ масъалаҳои ҳифзи хотираи таърихӣ, эҳёи суннату одобу русуму ҷашну маросимоти дерини аҷдодӣ дар мисоли Наврӯз, Тиргон, Меҳргон, Ялдо ва Сада, муаррифии шоистаи мероси гаронмояи фарҳангӣ ба авлавияти давлатӣ табдил ёфта, ҷиҳати роҳандозӣ кардани барномаҳои ҷиддии давлатӣ дар ин замина иқдомоти зарурӣ рӯйи даст гирифта шуд. Бинобар ин, эҳёи ҷашнҳои миллӣ ва густариш ёфтани онҳо дар миёни ҷомеа ба марҳилаи нави таърихӣ – замони соҳибистиқлолӣ иртиботи бевосита дорад. Ин аст, ки мо муваззафем дар баробари таҳдиду хатарҳои имрӯзӣ тавассути ҷашну маросимоти бостонии миллӣ, аз ҷумла Меҳргон, муқовимат кунем ва роҳро барои тақвияти ҳувияти миллӣ ва давлатдории навинамон ҳамвор созем.
- Ташаккур барои суҳбат.
Мусоҳиб
Фархунда Абдулҳакимова,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:





