Ифтитоҳи бинои маъмурии ҷамоати деҳоти Рӯшони ноҳияи Рӯшон

№ 14.10.2024

212 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи нахустини сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бинои нави маъмурии Ҷамоати деҳоти Рӯшони ноҳияи Рӯшонро ба истифода доданд. 

Бино аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 9 ҳуҷраи корӣ мебошад, ки ҳар яки онҳо бо мизу курсӣ, компютер ва дигар дастгоҳу таҷҳизоти лозимӣ муҷаҳҳаз карда шудааст.

Толори маҷлисӣ бо 40 ҷойи нишаст дар ошёнаи дуюм ҷойгир буда, дар он барои ташкилу баргузор кардани ҷамъомадҳои гуногун шароити мусоид фароҳам мебошад.

Бинои маъмурии деҳоти Рӯшон дар заминаи собиқ бинои ҷамоат, ки бо мурури замон таъмирталаб гардида буд, дар масоҳати умумии 6 садяк замин бо сифати баланд сохта шудааст.

Ҳоло шумораи кормандони ҷамоат беш аз 10 нафарро ташкил менамояд, ки аксари онҳо ҷавононанд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки минбаъд бо истифода аз шароиту имкониятҳои фароҳамгардида дар бинои ҷамоат ба сокинони 5 деҳа, ки дар умум беш аз 6 ҳазору 620 нафарро дар бар мегиранд, хизматрасонии босифат расонида мешавад.

Лозим ба таъкид аст, ки асоси рушди ноҳияи Рӯшон ба даврони соҳибистиқлолии кишвар рост меояд ва дар зарфи 33 соли соҳибистиқлолӣ, махсусан чанд соли охир бо бунёди иншооти гуногуни маишӣ сатҳу сифати зиндагии мардум ба маротиб беҳтару хабтар гардидааст.

Кормандони Ҷамоати деҳоти Рӯшон ҷавобан ба ғамхориву дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат минбаъд низ дар татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳолӣ, ҳисси ватандӯстии ҷавонон ва рушди бахшҳои гуногуни иқтисоди миллии ҷумҳурӣ саҳми арзишманд мегузоранд.