Вакил ва интихобкунанда

№128(3429) 26.09.2015

Мулоқотҳо ба рафъи мушкилот мусоидат мекунанд

Дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту муассисаҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, омӯзишгоҳ ва коллеҷҳои ноҳияи Ёвон вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Ёвон № 29 Азимзода Толибхон Ситамурод  бо интихобкунандагон баргузор гардид.

Дар  вохӯрие, ки дар шаҳраки Ҳаёти нав баргузор гардид, инчунин раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоанвар Ахмедов иштирок карданд. Зимни вохӯрӣ интихобкунандагон ба вакилон суолу дархост, пешниҳодот ва арзу шикоятҳои худро иброз намуданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагиҳои деҳқонӣ» мубоҳисаҳои тӯлонӣ ҷараён гирифта, хоҷагидорон барои ворид намудани тағйирот ба моддаҳои гуногуни қонун таклифҳои мушаххас пешниҳод намуданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азимзода Толибхон Ситамурод бо рафти хизматрасонии тиббӣ дар шуъбаи таваллудхонаи Маркази саломатии №2 шинос шуда, бо табибон ва ҳамшираҳои шафқати беморхона  суҳбат намуд.

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин бо афсарон ва сарбозони қисми низомии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор намуданд.

Дар вохӯрие, ки дар деҳоти «Даҳана» бо аҳолии деҳот ва намояндагони корхонаҳои сохтмонӣ, саноатӣ ва  сохтмончиёни роҳи оҳани Ваҳдат- Ёвон баргузор гардид, мардум оид ба тақсимоти одилонаи заминҳои наздиҳавлигӣ, таъмини оби нӯшокӣ барои сокинони деҳаи Тутбулоқ ва ғайра таклифу дархост пешниҳод намуданд.

Зимни вохӯрӣ бо намояндагони деҳоти «Ситораи Сурх» бошад, масъалаҳои риоя намудани талаботи қонунҳои амалкунанда ва тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза ба муқобили гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистӣ, террористӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар, махсусан ба Федератсияи Россия, эълон гардидани соли 2015 ҳамчун Соли оила, пешгирии худкушӣ ва ҷудошавии оилаҳо мавриди гуфтугӯ қарор гирифтанд. Дар навбати худ интихобкунандагон таклиф, дархост ва арзу шикояти худро ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон расониданд.

Дар вохӯрӣ бо аҳолии деҳаи Чормағзак нисбати таъмири роҳи мошингарди Ёвон- Чормағзак, ки дар натиҷаи мунтазам ҳаракат кардани мошинҳои боркаши калонҳаҷм як қисмати роҳ таъмирталаб шудааст, ибрози назар карда шуд. Сокинони ин деҳа барои сохтмони муассисаи таълимӣ, таъмиру иваз кардани симчӯбҳои барқӣ, таъмини оби нӯшокӣ, ҷудо кардани замини наздиҳавлигӣ дархостҳои худро пешниҳод карданд. Азимзода Толибхон Ситамурод ба интихобкунандагон ваъда дод, ки баҳри ҳалли масъалаҳои гузошташуда кумак мерасонад.

Бояд зикр кард, ки дар вохӯриҳо моҳият ва аҳамияти Истиқлолияти давлатӣ, таҳкими Ваҳдати миллӣ, рушди босуботи иқтисодиёти мамлакат ва заҳматҳои дар ин роҳ кашидаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсус таъкид гардид.

Р. Зубайдуллоев, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон  дар ноҳияи Ёвон

 

Вохӯриҳо судманд буданд

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Кӯлоб №37 Раҳмонзода Абдулғаффор Азиз дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 40, деҳоти «Кӯлоб» бо интихобкунандагон мулоқот баргузор намуд.

А. Раҳмонзода дар назди интихобкунандагон оид ба фаъолияти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум, қонунҳо, санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии аз ҷониби онҳо батасвибрасида, вазъи сиёсию иқтисодии кишвар ва масъалаҳои ҳалталаби рӯз суханронӣ карда, иштирокчиёни вохӯриро ба ҳушёрию зиракӣ ва дурандешию таҳаммулпазирӣ даъват намуд.

- Ҷойи таассуф аст, ки аз ин ҳавзаи интихоботӣ беш аз 40 нафар ҷавонон  бо ҳар роҳу восита аз ҷониби гурӯҳҳои ифротгаро фирефта, вориди воқеаҳои Сурия шудаанд. Дар натиҷаи чунин беандешагиҳо,- таъкид намуд Абдулғаффор Раҳмонзода,- қисмате аз онҳо ҷони ҷавонашонро бохта, зану фарзандони худро танҳову ятим мондаанд.

Дар робита ба дархосту пешниҳодҳои интихобкунандагон А. Раҳмонзода таъкид намуд, ки масъалаҳои алҳол ба миёнгузоштаи шумо ба ман ҳамчун собиқ раиси шаҳр хуб маълум аст ва талош менамоям, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва дигар ташкилотҳои масъул роҳи ҳалли ин мушкилотро  пайдо намоям.

То ин дам ҳамин гуна вохӯриҳоро Абдулғаффор Раҳмонзода бо интихобкунандагони худ аз деҳоти «Даҳана», «Зиракӣ» ва як қисми сокинони шаҳри Кӯлоб низ баргузор намуд

Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ,

«Садои мардум»

 Таҷассумгари пешравиҳо

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Фархор №34 Саидҷаъфар Исмонов, пас аз як қатор вохӯриҳо бо интихобкунандагони шаҳраку деҳоти ноҳияи Фархор, ҳамроҳ бо вакили Маҷлиси  намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Қудратов ба ноҳияи Панҷ омада, бо фаъолон ва  кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳияи мазкур вохӯрӣ баргузор намуданд.

Дар вохӯрӣ Рустам Қудратов ба сухан баромада, оид ба рушди иқтисоди кишвар изҳори андеша намуд. Мавсуф зимни баёни андешаҳои худ, зикр кард, ки тӯли ҳафт соли охир даромади Буҷети кишвар чор маротиба афзоиш ёфт. Ин ҳолат имкон дод, ки давлат уҳдадориҳои иҷтимоии худро пурра иҷро намояд. Тӯли панҷ соли охир музди кормандони соҳаҳои буҷетӣ, аз ҷумла илму маориф, тандурустиву фарҳанг, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз дуюним то се баробар зиёд гардид.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидҷаъфар Исмонов дар суханронии худ диққати ҳозиринро ба самтҳои гуногуни ҷомеа, минҷумла рушди соҳаи саноат, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, маорифу илм ва тарбияву ба камол расонидани насли наврас ҷалб намуда, хотирнишон сохт, ки шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва иштироки онҳо дар муқовиматҳои мусаллаҳонаи давлатҳои дигар нигаронкунанда аст.

Дар анҷоми вохӯрӣ интихобкунандагон ба вакилон суолҳо дода, посухҳои мушаххас гирифтанд.

 Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ,

«Садои мардум»

Мардум аз фаъолияти парламент қаноатманданд

Дар маркази ноҳияи Шаҳринав чунин як вохӯрӣ бо кормандони соҳаи тандурустӣ ва маориф доир гардид.

Мусалам Қодирова  дар назди интихобкунандагон баромад карда, нахуст сокинони ноҳияро бо 24-умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии кишвар табрику муборакбод намуда, роҷеъ ба фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум ва атрофи чанд қонуни дар ин давра қабулгашта, аз ҷумла Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» ба ҳозирин маълумот дод.

Бино ба гуфти ӯ, қонунҳои таҳияшуда, пеш аз ҳама, ба талаботи ҷомеа, муносибатҳои ҷамъиятӣ ва ба манфиати мардум равона шудааст.

Вакили Маҷлиси намояндагон ба аҳли толор рӯ оварда гуфт, ки қарзи инсонии ҳар як шаҳрванди солимфикри ин марзу буми Ватан, пеш аз ҳама, ба муқобили ҳама гуна зуҳуроти номатлуб мубориза бурдан аст. Зарур ва ногузир аст, ки ҷавононро аз хатарҳои даҳшатбори муосир,  мисли ҳамроҳшавӣ ба гурӯҳу ҳаракатҳои тундрав ва ширкат дар ҷангҳои Сурия боздорем, — таъкид намуд номбурда. Ӯ  ҳозиринро даъват намуд то дар ҳифзи Истиқлолияти Ватани маҳбубамон, таҳкими Ваҳдати миллӣ ва тақдири имрӯзу фардои ин диёри азиз бетараф набошанд.

Хоҳиш мекунам, ки ба суханони сохтаву бофта бовар накунед. Сарҳади кишвар мустаҳкам аст ва артиши мо, дигар он артиши солҳои 1992-1995 нест. Чандин машқҳои ҳарбие, ки гузашт, нишон дод, ки артиши мо хеле пурқувват аст.

Мусалам Қодирова  дар поёни мулоқот ба суолҳои иштирокдорон, ки масъалаҳои вобаста ба соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, ҳуқуқиву шахсиро дар бар мегирифтанд, посух дод.

Ҳамин гуна мулоқотҳо бо интихобкунандагон дар ҷамоатҳои деҳоти «Шаҳринав», «Сабо», «Истиқлол», «Боғистон», «Акрам Ҳасанов», «Чуст», «Қаратоғ», «Ҷӯра Раҳмон», «Мирзо Ризо» ва «Мирзо Турсунзода» низ барпо гардид.

Х. ШАРИПОВ,

«Садои мардум»

 Вохӯриҳо дар рӯҳияи хештаншиносӣ баргузор гардиданд

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаёт Одинаев вохӯриҳои хешро бо интихобкунандагон аз ҳавзаи интихоботии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ №35 аз маркази ноҳия – шаҳраки Москва оғоз намуда, дар литсейи касбӣ — техникӣ, деҳоти «Қаҳрамон», беморхонаи марказӣ ва деҳоти «Меҳнатобод» идома бахшид.

Хусусан, вохӯрие, ки дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 7-и деҳоти «Меҳнатобод» бо иштироки васеи фаъолону омӯзгорон баргузор гардид, хеле хотирмон буд. Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин вохӯрӣ аслан атрофи хизматҳои муқоисанашавандаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу суботи мамлакат, боло рафтани сатҳи зиндагии аҳолӣ, сохтмони роҳҳо, неругоҳҳои барқи обии хурд, вазъи сиёсии кишвар, ватандӯстӣ ва расидан ба қадри истиқлолияти кишвар ва ғайра суханронӣ намуд.

Муаллими муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 26 Муродалӣ Ризоев ва нафақахӯр Икром Исмонов ба сухан баромада,  аз дастовардҳои солҳои охир дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат ҳарф зада, сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Тоҷикистонро дастгирӣ намуданд. Аз ҷумла Икром Исмонов чунин зикр намуд:

- Ман солҳои дароз ба сифати раиси колхоз ифои вазифа доштам. Ин ишора ба он хотир аст, ки банда тамоми  пастиву баландиҳои зиндагиро дар он замон нисбат ба дигар аъзои колхоз хубтару беҳтар ҳис мекардам. Аз ин рӯ, дар муқоиса арз карданиам, ки сатҳи зиндагии имрӯзаи мо даҳҳо баробар боло рафтааст. Шаҳодати баёни ин андеша, пеш аз ҳама, дастурхони пур аз нозу неъмати аҳолии деҳот аст. Ҳамаи ин фаровонию осоиштагӣ аз файзи истиқлолият ва ба сулҳу салоҳ расидани сокинони кишвар мебошад. Дирӯз аз тариқи телевизион ҷисми духтарчаи сесолаи дар баҳр ғарқшудаи суриягиро дида, гиристаму ҳазор шукр аз оромию осудагии кишвари азизи хеш кардам. Сад нафрат хондам ба генерал Абдуҳалим Назарзода ва афроди ба ӯ монанд, ки ин тинҷию осудагии бар ивази ҷонбозиҳо бадастовардаи моро халалдор карданӣ мешаванд.

Т. ФАЙЗАЛӢ,

«Садои мардум»

 Мулоқот ба таҳкиму равобит мусоидат мекунад

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Ҳисор №7 Шарофиддин Сироҷов бо интихобкунандагон вохӯрӣ доир намуд.

Намояндаи мардумӣ дар Ҷамоати деҳоти «Хонақои Кӯҳӣ», муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 12, 49, Ҷамоати деҳоти «Дурбад, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 13, 22, 51, Ҷамоати деҳоти «Алмосӣ», муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 45 оид ба баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву риояи меъёрҳои одобу ахлоқи ҳамида, омода намудани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва ба роҳи рост ҳидоят кардани онҳо суханронӣ намуд. Ӯ мардумро даъват намуд, ки талаботу муқарароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро риоя намоянд ва дар ин замина миёни наврасону ҷавонон тарзи ҳаёти солим мунтазам тарғиб шавад.

Дар мулоқот дар баробари ба интихобкунандагон пешниҳод намудани маълумот роҷеъ ба фаъолияти намояндагии худ, ҳамчунин ба масъалаҳои марбут ба илму маориф, аз ҷумла ҷалби бештари ҷавонону духтарон ба таҳсил, иштироки онҳо дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ, ба роҳ мондани корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ дар замири онҳо, ҳифзи марзу буми Ватан таваҷҷуҳ зоҳир шуд.

Шарофиддин Сироҷов дар суҳбат бо мо иброз дошт, ки дар вохӯрӣ бо интихобкунандагон ҳамчунин дар бораи дастовардҳо ва пешрафтҳое, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи 24 соли соҳибистиқлолӣ ба даст овардааст, изҳори назар кардааст.

Мавсуф ҳадафи баргузории мулоқоту вохӯриҳо бо интихобкунандагонро таҳкими равобит байни вакил ва интихобкунанда арзёбӣ карда, изҳор дошт, ки қисми зиёди пешниҳодҳои мардум ҳангоми таҳия ва қабули қонун ва дигар санадҳо ба инобат гирифта мешаванд.

Дар баробари ин, ӯ аз сиёсати роҳбарияти Ҳукумати ҷумҳурӣ дар бахши ҷавонон ёдовар шуда, гуфт, ки ҷавонон ба ин ғамхориҳо бояд бо рафтори намунавӣ, ахлоқи ҳамида ва таҳсили хубу аъло посухи сазовор диҳанд.

Ёдовар мешавем, ки номбурда ҳамчунин бо интихобкунандагони худ дар ҷамоатҳои деҳоти «Шаҳраки Ҳисор», «Деҳқонобод», «Сомон», «Навобод», «Ориён», «Шарора» ва муасисаҳои таълимиву тиббӣ мулоқотҳои судманд анҷом дод.

 

Х. ШАРИПОВ,

«Садои мардум»

Ҳама кӯшиш баҳри ободии Ватан

Давоми ду ҳафтаи гузашта вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадҷон Қобилов аз ҳавзаи интихоботии «Спитамен» №25 дар ноҳияҳои Спитамен, Ғончӣ ва Зафаробод бо интихобкунандагон вохӯриҳо баргузор намуд.

Чунин вохӯриҳо, аз ҷумла бо интихобкунандагони деҳоти ба номи Турсун Ӯлҷабоев, шаҳраки Нов, деҳоти «Тағояк», «Куруш», «Истиқлол», «Сарбанд»-и ноҳияи Спитамен, «Яхтан»-и ноҳияи Ғончӣ, Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Зафаробод сурат гирифтанд. Аҳмадҷон Қобилов дар назди интихобкунандагон дар бораи сафари кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҷашни Рӯзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Кӯлоб, муҳтавои суханрониҳояшон зимни ин сафар, ба истифода додани як қатор иншооти ҷашнӣ, дастовардҳои мардуми кишвар дар давраи Истиқлолияти давлатӣ  ва дигар корҳои бунёдкориву созандагӣ суханронӣ намуд.

Масъалаҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», пешгирии наврасону ҷавонон аз гумроҳшавӣ ва гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, даст задан ба амалҳои номатлуб, аз қабили худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ, дар онҳо тарбия намудан ҳисси ватандӯстӣ, посдории арзишҳои миллӣ, шукргузорӣ аз рӯзгори ободу осудаи имрӯза низ аз мавзӯъҳои суханрониҳои мавсуф буданд.

Дар ин вохӯриҳо мардум фаъолона иштирок намуда, дархостҳояшонро доир ба мушкилоти худ ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешниҳод намуданд.

Ҳусейни  НАЗРУЛЛО,

«Садои мардум»