1. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015 ба Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мукофотонидани 21 нафар варзишгарон тибқи қарори Комиссияи мукофотпулиҳои Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ 673750 (шашсаду ҳафтоду се ҳазору ҳафтсаду панҷоҳ) сомонӣ ҷудо намояд.
2. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи саривақтӣ ва мақсадноки маблағҳои ҷудошударо таъмин намуда, ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи хароҷоти анҷомдодаро пешниҳод намояд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 24 декабри соли 2015 №АП — 652