Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ дар нишасти матбуотие, ки 12 феврали соли ҷорӣ доир гардид, аз дастоварди олимони мамлакат ёдовар шуд. Ӯ қайд намуд, ки Академияи илмҳои Тоҷикистон фаъолияти илмӣ ва илмиву ташкилиро самаранок ба роҳ монда, неруи илмиро барои тараққӣ додани тадқиқоти илмии бунёдӣ ва амалӣ ба самтҳои афзалиятноки илмҳои дақиқ, амалӣ намудани сиёсати илмию техникӣ, омӯзиши дастовардҳои илми ҷаҳонӣ равона кардааст.
Соли 2017 олимони Академияи илмҳо тадқиқотро аз рӯйи 97 мавзӯъ, аз ҷумла 53 мавзӯи илмӣ — тадқиқотии бунёдӣ ва 31 мавзӯи илмӣ — тадқиқотии амалӣ идома дода, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд. Аз тарафи олимони Академияи илмҳо 16 патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1 патенти ИМА барои ихтироот, 3 қарори мусбат оид ба додани патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироот ба даст оварда шуд.
Агар олимони соҳаи физика доир ба физикаи ҳолати конденсӣ, оптика ва электроникаи квантӣ ва акустикӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида бошанд, олимони соҳаи геология дар массиви ишқории Дараи Пиёз (ноҳияи Ромит) минерали нав бо номи ғармит (Garmit)-ро кашф намуданд. Илова бар ин, омилҳои назорати маъданнокӣ дар конҳои стратиформии сурбу руҳи ноҳияи Балҷувон ва меъёрҳои ҷустуҷӯӣ ва пешгӯйии маъданҳои стратиморфиро муайян карданд.
Кормандони Муассисаи давлатии «Хадамоти геофизика» дар 11 моҳ бо ёрии пойгаҳои рақамӣ 11002 заминларзаро ба қайд гирифтанд, ки маркази 37-тои он дар Тоҷикистон буд. Инчунин, аз ҷониби кормандони муассисаҳои илмии Академияи илмҳо 1990 корҳои илмӣ, аз ҷумла 170 китобу монография, 136 мақола дар маҷаллаҳои кишварҳои ИДМ ва 72 мақола дар маҷаллаҳои дигар давлатҳои хориҷӣ ба табъ расиданд.
Соли сипаригашта дар Академияи илмҳо 70 чорабинии илмӣ, 1 симпозиуми байналмилалии илмӣ, 6 конференсияи илмии байналмилалӣ, 24 конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд.
Фарҳод Раҳимӣ, ҳамчунин оид ба истифода, коркард, густариш ва таҳияи атласи гиёҳҳои шифобахш дар ҷумҳурӣ, ҳафриёти бостоншиносӣ дар Саразм ва Қалъаи Кӯлоб сухан карда, ба саволҳои хабарнигорон посух гуфт.
Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,
«Садои мардум»