Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иттилоия

№76 3870) 21.06.2018

29019509548_31cdd6309d_o19 июни соли равон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар он «Дар бораи Нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли 2018» ва «Дар бораи Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шахсони масъул ҳисобот доданд.

Сипас, лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия», «Дар бораи гарави молу мулки манқул ва бақайдгирии уҳдадориҳои таъминотӣ», «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» ва «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» баъди шунидани гузориши шахсони масъул барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуданд.

Ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунарҳои бадеии халқӣ» ирсол гардид.

Инчунин, лоиҳаи як қатор қарорҳои Ҳукумат – «Дар бораи Барномаи давлатии расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 – 2020», «Дар бораи арзёбии самаранокии фаъолияти агентиҳои амаликунандаи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ» ва «Дар бораи таъсиси Шӯрои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ шуд.

Дар хотима Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Ҳукумат ва роҳбарони сохторҳои давлатӣ оид ба татбиқи қарорҳои Ҳукумат, қонунҳои ҷумҳурӣ ва иҷрои дигар масъалаҳои дар маҷлис баррасишуда дастурҳои мушаххас доданд.

www.president.tj