12 марти соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбари ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор хонум Падамжа Хандевалро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои молиявии дуҷониба доир ба барномаи ояндаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хазина дар доираи «Механизми васеи қарздиҳӣ» баррасӣ гардид.
Ҷонибҳо ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Хазинаи байналмилалии асъорро мусбат арзёбӣ намуда, зикр карданд, ки дар натиҷаи татбиқи ислоҳот ва ҳамкориҳои судманд бо шарикони рушд, аз ҷумла, Хазинаи байналмилалии асъор, тайи солҳои охир фазои соҳибкориву сармоягузорӣ дар Тоҷикистон беҳтар гардида, барои ҷалби сармояи хориҷӣ заминаҳои зарурӣ фароҳам оварда шуданд.
Қайд гардид, ки дар доираи стратегияи рушди дарозмуддат азму талошҳои Ҳукумати мамлакат барои ноил гардидан ба чор ҳадафи стратегӣ — истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат ба ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва ташкили ҷойҳои корӣ мусоидат менамояд.
Дар мулоқот дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо низ баррасӣ шуданд.
www.president.tj