Омили муҳими таъмини ҳадафҳои рушди устувор
Дар шароити тағйирёбии иқлим густариши истифодаи энергияи «сабз» ё худ барқароршаванда ва аз ҷиҳати экологӣ тоза яке аз абзорҳои калидии кишварҳо ба шумор меравад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ дар роҳи коҳиш додани таъсири манфии тағйирёбии иқлим ва истифодаи зиёди захираҳои сӯзишворӣ беш аз пеш ба энергияи «сабз» такя менамояд.
Тоҷикистон, ҳамчун кишвари ташаббускори масоили обу иқлим дар сатҳи ҷаҳонӣ, мавқеи устувори худро дар сатҳи муносиб касб намуда, дар ин самт қадамҳои устувор гузошта истодааст. Тибқи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баланд бардоштани иқтидорҳои тавлиди неруи барқ ба 10 ГВт, ҳаҷми содирот ба 10 млрд. кВт/соат, паст намудани талафот то 10 дарсад ва таъмини 10 дарсади иқтидорҳои мавҷудбуда аз дигар сарчашмаҳо (офтоб, шамол ва ғайра) пешбинӣ гардидааст. Аз ин лиҳоз, бо мақсади ноил гардидан ба ин ҳадафҳо татбиқи як қатор лоиҳаҳои афзалиятноки аҳамияти маҳаллию минтақавидошта, аз ҷумла лоиҳаҳои бузурги гидроэнергетикӣ ва истифодаи васеи манбаъҳои барқароршавандаи энергия (офтоб ва бод), дар назар гирифта шудааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои иқтидори бузурги гидроэнергетикӣ буда, ба ҳолати имрӯза танҳо 5 дарсади ин захираҳо истифода мешавад. Дар мавриди истифодаи ин захираҳо, ки дар як сол 527 млрд. кВт/соат арзёбӣ шудаанд, имкони қонеъ намудани на танҳо талаботи Тоҷикистон, балки кулли минтақа бо барқи аз нигоҳи экологӣ тоза мавҷуд аст.
Ҳамасола дар Тоҷикистон тахминан 98 дарсади истеҳсоли неруи барқ ба неругоҳҳои барқи обӣ рост меояд. Дар баробари паҳлуҳои мусбати экологию молиявӣ доштани истеҳсоли зиёда аз 90 дарсад энергияи барқ аз ҳисоби захираҳои гидроэнергетикӣ ин вобастагиро аз ҳаҷми резиши об дар дарёҳои кишвар ва вазъи обу ҳаво дар шароити тағйирёбии иқлим ба таври назаррас зиёд менамояд.
Дар баробари захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ Тоҷикистон, инчунин, дорои захираҳои бузурги энергияи офтобӣ ва бодӣ мебошад, ки то кунун истифода нашудаанд. Тибқи таҳлилҳо иқтидорҳои аз лиҳози иқтисодӣ асосноки офтобӣ 369 600 МВт ва бодӣ бошад, 4 485 МВт-ро ташкил медиҳад. Бо мақсади андешидани тадбирҳои иловагӣ ҷиҳати истеҳсоли энергияи «сабз» бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2022, таҳти №482 «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023 - 2037» тасдиқ шудааст.
Барои бунёди иқтидорҳои иловагии неруи барқ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия тақвият додани ҳамкориҳо бо шарикони рушд низ хеле муҳим аст. Дар ин самт, истифодаи усул ва механизмҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ ба манфиати кор дониста мешавад.
Соҳаи энергетика яке аз соҳаҳои сармояталаб ба ҳисоб рафта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт пайваста талош меварзад. Тибқи таҳқиқот, барои бунёди иншооти нав ва таҷдиду навсозии иншооти мавҷудаи соҳа то соли 2030 ҷалби зиёда аз 4 млрд. доллар ва барои идомаи корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» 6,1 млрд. доллари ИМА зарур аст.
Шурӯъ аз соли 2001 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 36 лоиҳа дар соҳаи энергетика бо маблағи умумии беш аз 2,7 миллиард доллари ИМА амалӣ гардидааст. Айни замон боз 20 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 1,7 миллиард доллари ИМА амалӣ шуда истодааст.
Маврид ба зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои азхудкунии иқтидорҳои бузурги гидроэнергетикӣ тамоми кӯшишҳоро ба харҷ дода, сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро бомаром идома медиҳад. Айни замон беш аз 50 дарсади корҳои сохтмонӣ дар неругоҳ ба анҷом расида, ду агрегати ба истифода додашудаи он аллакай зиёда аз 9,1 миллиард кВт/соат неруи барқ истеҳсол кардаанд.
Аз ҷониби Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия барои солҳои 2023-2027» амалӣ шуда истодааст. Мақсад аз қабули барномаи мазкур беҳтар намудани сатҳи таъминоти барқи аҳолии минтақаҳои дурдаст ва баландкӯҳ, баланд бардоштани самаранокии иқтисодию энергетикии неругоҳҳои аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия сохташаванда ва аз худ намудани захираҳои энергияи ғайрианъанавӣ дар мамлакат мебошад. Ҳамчунин, барномаи мазкур барои беҳтар намудани вазъи иҷтимоии аҳолӣ, рушди минтақаҳои дурдасту баландкӯҳ ва ҳавасмандгардонии аҳолӣ барои зист дар ин минтақаҳо бо роҳи ташкил намудани низоми таъминот бо неруи барқ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршаванда, ҳифзи экологияи ноҳияҳои баландкӯҳ, манъи буридани ҷангалу буттаҳо, рушди сайёҳӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ғанӣ гардонидани буҷети ҷумҳурӣ аз ҳисоби рушди иқтисодии ин ноҳияҳо равона карда шудааст.
Дар сурати амалишавии тамоми ҳадафҳои гузошташуда Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2032-юм 100 фоиз ба кишвари тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил меёбад.
Ҳамзамон, аз рӯи меъёрҳои байналмилалӣ то соли 2037 партови газҳои гулхонаӣ дар кишвар то ҳадди ниҳоӣ коҳиш дода мешавад ва Тоҷикистон ҳамчун давлати пешсафи ҷаҳон соли 2037, воқеан, ба кишвари «сабз» табдил хоҳад ёфт.
Ҷиҳати ба таври муассир татбиқ намудани энергияи «сабз» ва расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор мо бояд як қатор иқдомҳоро рӯи даст гирем. Аз ҷумла, тақвияти сиёсати давлатӣ дар самти дастгирии лоиҳаҳои энергияи «сабз», бахусус, додани имтиёзҳо ба сармоягузорон, таҳким бахшидани шарикии давлат ва бахши хусусӣ, омода намудани мутахассисони касбӣ дар самти энергияи барқароршаванда, баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа дар бораи манфиатҳои энергияи «сабз» ва масъулияти ҳар фард дар ҳифзи муҳити зист, таҳияи харитаи роҳ ва нақшаи стратегӣ барои гузариш ба иқтисодиёти «сабз» ва коҳиши вобастагӣ аз захираҳои сӯзишворӣ.
Пешрафти ояндаи ҷаҳон ба энергияи «сабз» вобастагии зич дорад, зеро он омили муҳими таъмин намудани тараққиёти босуботи иқтисодию иҷтимоӣ, ҳифзи муҳити зист, алалхусус коҳиши партови гази гулхонаӣ, мебошад.
Насрулло ҲАСАНЗОДА,
вакили Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамчунин дигар маводҳо:
