https://sadoimardum.tj

Рӯйи мизи кориам Конститутсия ҷойгоҳи хос дорад

№:130 (5026) 05 ноя 2025, 16:43
1

Рӯйи мизи кориам Конститут­сияи кишвари азизамон - санади олии ҳуқуқие, ки Тоҷикис­тонро давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дун­явӣ, иҷтимоӣ ва ягона эълон намуд, ҷойгоҳи хос дорад. Чунин падидаро дар аксар ҳуҷраҳои корӣ мушоҳида менамоям, ки амали нек ва гувоҳи манзалати хосаи ин санади ифодагари истиқлолу озодии халқи мо маҳсуб мешавад. Муҳим, дарки моҳия­ти Конститутсия, огоҳ будан аз мазмуну рисолат ва иҷрои муқаррароти он мебошад. Зеро Конститутсия анъанаҳои давлату давлатдории тоҷиконро ин­ъикос карда, кӯшишу талошҳои фарзандони огоҳи миллат­ро дар роҳи расидан ба истиқлолу озодӣ ва давлатдории миллӣ амалӣ гардонд.

Конститутсия, ки маҳсули хиради волои Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон аст, инъикоскунандаи суннатҳои пурғановати халқи тоҷик буда, аз фарҳанги ниёкон ва мероси ғании таъриху фарҳанги миллат маншаъ гирифтааст. 

Ба ҳеҷ ваҷҳ фаромӯш намекунам, ки дар оғози солҳои 90-уми асри гузашта, яъне дар ибтидои соҳиб­истиқлолӣ, Конститутсия ва қонунҳо поймол шуда, фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ фалаҷ ва дар кишвар беҳокимиятиву бенизомӣ ҳукмфармо гардида буд. Дар он давраи мудҳиш таҳия кардани лоиҳаи Конститутсияи нав ва ҷавобгӯ ба ормонҳои давлатдории нави миллӣ осон набуд, вале чун азми муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қавӣ буду нияташон нек, комёб гардидем. 

Дар таҳия ва муҳокимаи лоиҳаи Конститутсия, ки қариб ду сол идома пайдо кард, ҳамватанонамон ­фаъолона иштирок карда, зиёда аз 8,5 ҳазор пешниҳоду дархости худро ба комиссия манзур намуданд. 

Қабули Конститутсияро ба ёд оварда, бори дигар ба раъиятпарварии Пешвои миллат аҳсант мехонам. Маҳз, ба шарофати ин хислати ҳамида Конститутсия аз тариқи раъй­пурсии умумихалқӣ қабул гардид. Ин тарзи қабул далели қатъии ба халқ тааллуқ доштани ҳокимияти давлатӣ буда, устувории Конститутсия ва амали бевоситаи меъёрҳои онро таъмин намуда, қувваҳои гуногуни сиёсиро барои мунтазам ворид намудани тағйиру иловаҳо ба он комилан дасткӯтоҳ кард.

 Бори дигар ба дурандешиву иродаи қавии сиёсии Роҳбари мамлакат сано мегӯям, зеро ин ҳуҷҷати муҳим дар марҳалае таҳия гардид, ки таъсири мафкураву арзишҳои даврони гузашта хеле қавӣ буд. Эътироф бояд кард, ки он замон гуногунандешии сиёсӣ ва мафкуравӣ, бисёрҳизбӣ, баробарҳуқуқӣ ва шаклҳои гуногуни моликият барои ҳамватанонамон афсонае беш набуданд. Ҳатто, дар бобати интихоби шакли идоракунии давлатӣ дар Конс­титутсия андешаҳо яксон набуд. Иддае ҷонибдори ҷумҳурии президентӣ ва боқимонда муштоқи шакли идораи парламентӣ буданд. Маҳз, суханони Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон, дар бобати он ки муқобил гузоштани ин ду шакли идоракунии давлат дуруст нест, зеро дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон ҳарду навъи ҷумҳурӣ қабул шудаанд ва бо назардошти хусусиятҳои таърихиву фарҳангӣ, сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву ан­ъанавии онҳо амал мекунанд, ба ин баҳс нуқта гузошт. Дар натиҷа, аъзои комиссияи конститутсионӣ ба хулоса омаданд, ки барои шароити Тоҷикистон ҷумҳурии президентӣ шакли мувофиқ ва боэътимод мебошад. Моҳияти ин тасмим, ки дар саргаҳи он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доштанд, дар он зоҳир мегардад, ки бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ, таъриху фарҳанги миллӣ ва баромадан аз вазъи даҳшатноки буҳронӣ таъсиси ҳокимияти неруманди мутамарказ, ягона ва муназзам зарур буд. Рушди минбаъдаи Тоҷикистони азизамон бори дигар исбот намуд, ки тоҷику тоҷикистониён бо роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон дар интихоби шакли идоракунии давлат хато накардаанд.

Дар Конститутсия тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, моҳия­ти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат муқаррар гардидааст. Конститутсияи Тоҷикистон дар асоси арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро ҳамчун арзиши олӣ эътироф намуда, риоя ва ҳифзи ҳуқуқҳои инсонро аз ҷониби давлат кафолат додааст. 

Ба шарофати таъмин гардидани рушди устувори ҷомеа ва амалӣ шудани ҳуқуқҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии шаҳрвандон имкон фароҳам мебошад, то сатҳу сифати зиндагии мардум мунтазам баланд бардошта шавад.

 Дар Конститутсия мустақилияти ҳокимияти судӣ, ­фаъолияти озоди иқтисодӣ, гуногунии сиёсиву мафкуравӣ, бисёрҳизбӣ, озодии эътиқод, сухан, матбуот, гуногуншаклии моликият ва дигар арзишҳо, ки далели равшани мавҷуд будани низоми демократӣ дар мамлакат мебошанд, ифода ёфтаанд. Муҳимтар аз ҳама, ягон санади дигари ҳуқуқӣ наметавонад Конститутсияро тағйир диҳад ё бар хилофи меъёрҳои он қабул карда шавад. 

Конститутсияи мамлакат, ки мазмунан миллӣ, моҳиятан демок­ратӣ, қолабаш башарию ҳикматаш халқист, мояи ифтихор, сармашқи кор ва таҳкимбахши ифтихору ­масъулиятшиносии мост. 

Далер АБДУЛЛО, 

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: