https://sadoimardum.tj

Конститутсияи мо аз замири халқ рӯидааст

№:130 (5026) 05 ноя 2025, 16:24
1

Ин суханони пурҳикмат ҳанӯз 31 сол қабл, 6 ноябри соли 1994, аз забони Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садо дода буд: «Халқе, ки дар замираш тухми бунёдкорӣ ва созандагӣ сабз шудааст, ба ояндаи нек умед баста метавонад. Конститутсияи кишвари мо аз замири халқ рӯидааст. Онро ба ояндаи неку обод роҳнамоӣ мекунад».

Баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ 6-уми ноябри соли 1994 дар таърихи навини давлатдории халқи тоҷик боз як рӯйдоди муҳими сиёсию ҳуқуқӣ - қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба вуқӯъ пайваст. Баъди қабули ин санад ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар кишвар ба куллӣ тағйир ёфт. Мардум бо сарварии Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ояндаи давлату миллат бо чашми нек менигаристанд. 

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо ва танҳо ба нафъи мардум иншо шуда, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро возеҳу равшан нишон ва ҳифз менамояд. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миёни дигар давлатҳои мутараққии ҷаҳон яке аз кишварҳои амнтарин ба ҳисоб рафта, онро ҳамчун давлати демократӣ ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мешиносанд. 

Бояд ёдовар шуд, ки солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои мардуми тоҷик хеле душвор буд, чунки дар кишвар он замон ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт. Бо вуҷуди ин, шаҳрвандони Тоҷикистон тавонистанд бо дарки масъулият ва қарзи ватандорӣ, эҳтиром ба таъриху фарҳанги гузаштаи худ, таъмини ояндаи дурахшони миллат, ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ, барқарорсозии сохторҳои давлатӣ, таъмини волоияти қонун, оромиву осоиш ва зиндагии босаодати худ тариқи раъйпурсии умумихалқӣ нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлолро қабул намоянд. Бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудани Конс­титутсия нишонаи ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандони Тоҷикистон нисбат ба ояндаи худ, тақдири минбаъдаи давлат ва ифодаи руҳияи ватандӯстию худшиносии мардум аст. Конститутсия имкон фароҳам овард, ки дар мамлакат сулҳу суботи сартосарӣ барқарор, ҳаёти ҷомеа ба маҷрои осоишта равона ва қонунияту тартибот ҳукмрон гардад. 

Мақсади халқи Тоҷикистон, ҳадафу нақшаҳои давлат, ки дар Конститутсия эълон шуда буданд, дар як муддати кӯтоҳ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуданд. Чунки онҳо бо арзишҳо ва ҳадафҳои олии ҷомеаи мутамаддини башарӣ мутобиқ мебошанд. 

Аҳамияти таърихии Конститутсия дар он аст, ки ин ҳуҷҷати сиёсию ҳуқуқӣ арзишҳои олии халқи тоҷикро дар худ таҷассум намуда, суннатҳои таърихии давлатдорӣ ва ғояҳои инсондӯстонаи миллати фарҳангсолори тоҷик­ро инъикос кардааст ва таъмини адолати иҷтимоӣ, волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқиро яке аз мақсадҳои асосии фаъолияти тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ қарор дода, мардумро ба ояндаи неку обод раҳнамоӣ мекунад. 

Қабули Конститутсия, аз як тараф, даст­о­варди муҳими замони соҳибистиқлолӣ бошад, аз ҷониби дигар, татбиқи меъёрҳои он ба хотири таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар кишвар аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад, зеро Конститутсия саҳифаи нави таърихи сиёсии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуда, низоми миллии давлатдории муосири моро устувор кард. 

Воқеан, Конститутсияи мо санади таърихист ва ҷомеаро ба сӯйи фардои дурахшон раҳнамун сохта, ҳуҷҷати сарнавиштсоз дар роҳи расидан ба мақсадҳои олии инсонӣ мебошад. Конститутсия барои мардум ҳаёти осоишта, сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ, ҳуқуқу озодӣ ва зиндагии орому осоишта фароҳам намуд. 

Аз ин рӯ, вазифадорем ба Конститутсия ҳамеша эҳтиром гузорем ва талаботи онро риоя намоем.

Исломи РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: