https://sadoimardum.tj

Конститутсия таҷассумгари фарҳанг ва ҳувияти мост

№:131 (5027) 10 ноя 2025, 17:00
0

Ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши ин санади олии ҳуқуқӣ дар таҳкими давлатдории навини миллии мо хабарнигори рӯзнома бо узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Маҳмад Раҳимзода ҳамсуҳбат шуд, ки фишурдаи он манзур мегардад:

- Бо ба даст овардани соҳиб­истиқлолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон зарурати аз нав таҳия намудани механизми нави таъмини ҳуқуқии муносибатҳои нави ҷам­ъиятӣ ба миён омад. Ин вазифа минбаъд чӣ тавр иҷро гардид?

- Баъд аз соҳибистиқлолиро ба даст овардани Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати аз нав таҳия намудани механизми нави таъмини ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятии ҷавобгӯй ба талаботи давлати демократию ҳуқуқбунёд ва иқтисоди бозорӣ, инчунин, интихоби воситаҳои ҳуқуқии баамалбарории онҳо ба миён омад. Вале санади ҳуқуқии ягонае, ки дурнамои инкишофи минбаъдаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо назардошти рушди муносибатҳои нави ­ҷамъиятии давраи гузариш бояд ба танзим дарорад, мавҷуд набуд. Чунин санади волои ҳуқуқӣ метавонист танҳо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад. Ҳамзамон, зарурати қабули Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба даст овардани соҳибистиқлолӣ, гузариш аз як сохти ҷамъиятӣ ба сохти дигар, тағйирёбии сохти давлатӣ, рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ, бахусус, иқтисоди бозорӣ, ба вуқӯъ пайвастани дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоии ҷомеа тақозо намуд. Аз ин рӯ, 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд, ки бо тағйиру иловаҳои минбаъда, тавре ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 25-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд, инъикоскунандаи воқеияти даврони истиқлолу озодии Ватан, рушди давлат ва пешрафти миллати тамаддунсози тоҷик гардид. 

Конститутсия дурнамои сиёсати ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муайян кард, роҳи пешгирифтаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демок­ратӣ, ҳуқуқбун­ёд, дунявӣ ва ягона муқаррар намуд ва миллати тоҷикро барои амалӣ гаштани ормонҳои волои миллӣ ба созандагию бунёдкорӣ роҳнамоӣ намуд. 

Минбаъд, ҳамчун санади волои ҳуқуқӣ ва муайянкунандаи сиёсати ҳуқуқӣ, Конститутсия на танҳо дурнамои рушди сиёсати иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, балки заминаи инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамин асос, низоми ҳуқуқии онро муайян кард. Дар он заминаи муайянкунандаи низоми ҳуқуқии ба шакл ва мазмуну моҳият мустақил ва аз дигар низомҳои ҳуқуқии давлатҳо фарқкунанда таҷассуми худро ёфт. 

Дар Конститутсия орзуву омол, ҳу­вияти миллати тоҷик ифода ёфта, таҷассумгари фарҳангу расму оин, одату ан­ъанаи таърихӣ ва маънавияти миллати мост. Дар худ роҳи пуршебу фарози беш аз ҳазорсолаи тайнамудаи халқи тоҷик, инчунин, шароити таърихии бавуҷудоӣ, ташаккулёбӣ ва барқароршавии давлат ва ҳуқуқи моро ифода менамояд. 

- Нақши Конститутсияро дар рушди қонунгузории мамлакат чӣ тавр арзёбӣ мекунед?

- Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккул ва рушди қонунгузорӣ дар хусусияти зерини он зоҳир мегардад: 

Аввал, он ҳамчун санади дорои эътибори олии ҳуқуқӣ, ба ҳайси меҳвари сиёсати танзими ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, заминаи ҳуқуқии қонунгузории амалкунандаро ташкил медиҳад. 

Сониян, санади ҳуқуқии низомбавуҷудоваранда буда, дар он сох­ти амудӣ ва уфуқии қонунгузории Тоҷикистон, яъне асоси қонунгузории хусусӣ ва оммавии Тоҷикистон, ифода меёбад. 

Солисан, он на танҳо рисолати танзимнамоии муносибатҳои ҷамъия­тиро дорад, балки ягонагии меъёрҳои дохилии низоми ҳуқуқии Тоҷикистон ва самаранокии алоқаҳои ҳуқуқиро ба қонунгузории хориҷӣ таъмин менамояд. 

Баъдан, моҳият ва мазмуни қонунгузории амалкунандаро, ки ба арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд асос меёбад, муайян намуда, ба ташаккули механизми танзимнамоӣ, ҳуқуқэҷодкунӣ ва ҳуқуқтатбиқнамоӣ таъсир мерасонад. 

Бояд қайд намоем, ки қабули Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба он зарурати танзим ва такмили муносибатҳои нави ҷамъиятиро ба миён оварда, марҳилаи навро дар таҳия, такмил ва қабули қонунҳо оғоз намуд. Зеро, он давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ будани Тоҷикистонро эътироф намуда, асосҳои сохтори конс­титутсионӣ, ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, ваколатҳои Маҷлиси Олӣ (парламент), Президент, Ҳукумат, ҳокимияти маҳаллӣ, суд ва прокуратураро муайян намуд. 

Дар асоси Конститутсияи нав барои таҷзияи рукнҳои давлат ва ташаккули давлати соҳибистиқлол шароити мусоид фароҳам омад. Ҳамзамон, таҷзияи ҳокимият дар сатҳи Конститутсияи мамлакат ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ муайян гардида, нақши мақомоти қонунгузор дар қабул ва такмили қонунгузорӣ муайян шуд.  

Таъмини волоияти Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ ва муайянкунандаи қоидаи амал ва рафтори субъектҳои муносибатҳои ҷамъиятӣ (давлат, ташкилот, шаҳрванд) таҷассуми худро дар қонунгузории амалкунанда меёбад, зеро ба воситаи қонунгузорӣ ҳуқуқу уҳдадорӣ ва қоидаи рафтори онҳо бо таври мушаххас танзим шуда, амалӣ гардидани онҳо асосан таъмин карда мешавад. Аз ин ҷо, баъд аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи барқарорсозӣ ва ташаккули минбаъдаи воситаҳои нави ҳуқуқии амалӣ намудани он бо дарназардошти талаботи меъёрҳои он ба миён омад. Ин ба он вобаста буд, ки ба даст овардани истиқлолият ва ворид шудани Тоҷикистон ба фазои сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии муосир, инчунин, байналмилалӣ, бе мавҷудияти қонунгузории мукаммал, такмилёфта, босифат ва самараноки ба асосҳои сохти конс­титутсионии демократӣ ва санадҳои байналмилалии ҳуқуқӣ асосёфта ниҳоят мушкил буд. 

- Таъсиси парламенти дупалатагӣ дар рушди низоми қонунгузории мамлакат чӣ гуна таъсир гузошт?

- Тавре зикр кардем, қонунгузории Тоҷикистон баъд аз қабули Конститутсия бо назардошти ворид намудани тағйиру илова ба он марҳила ба марҳила ташаккул ёфт. Агар баробари қабули Конститутсия асоси низоми нави қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барқарор шуда бошад, минбаъд таҳия ва қабули қонунҳо аз тарафи субъект­ҳои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ (м. 58 Конститутсия) дар ҳар даъвати Маҷлиси Олӣ (Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон) фаъол гардида, дар солҳои оянда устувории таҳия ва қабули онҳо таъмин карда шуданд. Нақши муҳимро дар ин ҷода таъсиси Маҷлиси Олии дупалатагӣ - Маҷлиси намоян­дагони касбӣ ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар натиҷаи тағйироту иловаҳои аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ 26 сентябри соли 1999 ба ­Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридкарда ташкил шуданд, иҷро намуд. Дар натиҷа, ташаккул ва рушди низоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон комилан мазмуни нав гирифт. Тағйиру иловаҳои воридшуда заминаи ҳуқуқиро барои такмили минбаъдаи қонунгузории амалкунанда муҳайё намуд. Он заминаи барпо намудани парламенти думаҷлиса гардида, салоҳияти якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, инчунин, ваколати ҳар як маҷлисро дар алоҳидагӣ муайян намуд. 

Инчунин, қоидаҳои нави баррасии лоиҳаи қонунҳоро муқаррар намуд, ки аз тартиб ва принсипҳои фаъолияти Маҷлиси Олии пешина фарқ дорад. Дар асоси тағйиру иловаҳои 22 июни соли 2003 ба Конститутсия воридшуда инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ эътироф гардид (м. 5). Ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд имконияти мустақиман амал намудан дода шуда, онҳо акнун мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти мақомоти қонунгузор, иҷроия, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракуниро муайян мекунанд ва ба ҳимояи судӣ таъмин мешаванд. 

Ҳамзамон, дар асоси тағйиру иловаҳои воридшуда доираи субъектҳои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ маҳдуд гардида, ташаббуси ҳуқуқи қонунгузории Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ бардошта шуд. 

Бо баробари қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ворид шудани тағйиру иловаҳо ба он ҷараёни таҳия ва қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъол гардид. Ба воситаи санадҳои ҳуқуқии қабулшуда фаъолияти субъектҳои гуногуни муносибатҳои ҳуқуқӣ танзим шуд. 

Парламенти Тоҷикистон ба Конс­титутсия такя намуда, қонунҳоеро таҳия ва баррасӣ намуд, ки фаъолияти ҳар се шохаи ҳокимияти давлат - қонунгузор, иҷроия ва судиро ба танзим даровард. Бо мақсади танзими фаъолияти мақомоти олии қонунгузор, иҷроия ва судӣ 17 қонуни конститутсионӣ қабул шуд.

- Яъне, қабули Конститутсия ва даровардани тағйиру иловаҳо ба он барои рушд ва такмили қонунгузорӣ заминаи мусоид фароҳам овард?

- Хусусияти қонунҳои қабулшуда аз он иборат буд, ки ба воситаи онҳо барои устувории асосҳои сохти конститутсионӣ, таҳкими низоми давлатдорӣ, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, салоҳиятҳои Президент, Ҳукумат, мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ, судӣ, низоми ҳифзи ҳуқуқ ва ғайра шароити мусоиди ҳуқуқӣ барпо карда шуд. 

Кодефикатсияи қонунгузорӣ дар соҳаи ҳуқуқи моддӣ ва мурофиавӣ ба анҷом расида, 21 кодекси мукаммал, аз ҷумла кодексҳои маданӣ, замин, меҳнат, ҷиноятӣ, андоз, гумрук, расмиёти маъмурӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, мурофиаи маданӣ, мурофиаи иқтисодӣ, мурофиаи ҷиноятӣ ва ғайра, қабул шуданд. Бо ҳамин восита на танҳо танзими ҳуқуқии муносибатҳои хусусию амудӣ ба роҳ монда шуд, балки ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии иштирокчиёни онҳо таъмин гардид. 

Ҳамзамон, қонунҳое қабул гардиданд, ки ба воситаи онҳо алоқаҳои амудию уфуқии гузаштан ба иқтисоди бозорӣ ба тартиб дароварда шуданд. Бахусус, дар бораи ширкату ҷамъиятҳои хоҷагӣ, кооперативҳо, корхонаҳои давлатӣ, Бонки миллӣ, бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ, ташкилотҳои маблағгузории хурд ва ғайра. Ба воситаи онҳо, аз як тараф, шароити зарурӣ барои рушди муносибатҳои иқтисоди бозорӣ, соҳибкорӣ ва танзими ҳуқуқии он, хариди давлатии мол (кор, хизмат), муносибатҳои байни бонкҳо ва мизоҷон, муносибатҳои меҳнатӣ, ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, соҳибкорон бо роҳи баррасии масъалаҳои бавуҷудомада дар судҳои иқтисодӣ муҳайё карда шуд. Аз тарафи дигар, танзими давлатии муносибатҳои бозорӣ ба воситаи татбиқи чунин методҳо, ба монанди бақайдгирии давлатии субъектҳои хоҷагӣ, иҷозатдиҳӣ, батанзимдарории техникӣ, стандартикунонӣ, маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ, танзими асъорӣ ва назорати асъорӣ, инчунин, танзим ба воситаи дигар воситаҳои ҳуқуқӣ пурзӯр карда шуд. 

Қонунҳои қабулшуда асосҳои ҳуқуқии иқтисодиёти миллӣ ва хусусиятҳои ташаккулёбии онро муайян намуда, муносибатҳои мадании байни субъектҳои гуногунро ба тартиб дароварданд, шаклҳои ташкили ҳуқуқии шахсони ҳуқуқиро муайян намуда, дараҷаи иштироки давлатро дар ин муносибатҳо муайян карданд. 

Ҳамин тавр, ба воситаи зиёда аз 400 қонуни мукаммале, ки ҷавобгӯи талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд ва аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабул ва Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ карда, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расиданд, рушди соҳаҳои афзалиятноки давлатдории муосир, аз ҷумла барпо намудани заминаҳои давлати демократию ҳуқуқбунёд ва иҷтимоию дунявӣ, ҷомеаи маданӣ, рушди муносибатҳои иқтисоди бозорӣ ва соҳибкорӣ, заминаҳои ҳуқуқии ислоҳоти гузаронидашаванда, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таъмин, мубориза бар зиддӣ ҷинояткорӣ, терроризм, коррупсия пурзӯр карда шуд. Барои ислоҳоти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ фазои ҳуқуқии зарурӣ муҳайё гардида, дар ин замина, нақши қонунгузорӣ дар амалӣ намудани сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон оид ба пешрафти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ баланд гардид.

Мусоҳиб 

Бурҳониддин КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: