Тасдиқи як аҳдномаи муҳим байни Ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва Чин
Дувоздаҳуми ноябри соли 2025 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид.
РАИС: - Вакилони арҷманд!
Хоҳиш мекунам, аз қайд гузаред.
Ҳоло дар толор 59 вакил ҳузур доранд.
Имкон шуд, ки ба кори ҷаласа шурӯъ намоем.
Чӣ гуна андешаҳо ҳаст? Нест.
Мутобиқи моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтумро кушода эълон менамоям.
РАИС - Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!
Дар ҷаласаи имрӯза ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ - намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода, муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доранд.
РАИС: - Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!
Ба рӯзномаи ҷаласа 2 масъала пешниҳод шудааст, ки нусхаи он дар дасти шумо ҳаст.
Доир ба рӯзнома таклифу пешниҳоди дигар ҳаст?
Набошад, хоҳишмандам нисбат ба рӯзнома мавқеатонро муайян намоед.
Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:
1. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
2. Дар хусуси Аҳднома оид ба ҳусни ҳамҷавории абадӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Туркманистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин.
РАИС: - Ба баррасии масъалаҳои рӯзнома шуруъ менамоем. Аз рӯи масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода дода мешавад. Марҳамат.
Абдухолиқ АМИРЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Бо дастгирӣ ва кумаки доимии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо нисбат ба дигар кишварҳои ҳамсоя нишондиҳандаҳои фарогирӣ ба ташхису табобат ва самаранокии муолиҷаи вируси норасоии масунияти одам беҳтар гардида, кишвари моро барои расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор наздик менамояд.
Асосҳои ҳуқуқии амалӣ намудани маҷмуи чорабиниҳои муқовимат ба паҳншавии вируси норасоии масунияти одамро дар кишвар боби 24 Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим медарорад. Боби мазкур ҳуқуқ ва уҳдадорӣ, расонидани кумаки тиббӣ, иҷтимоӣ-равонӣ ва чорабиниҳои дорои хусусияти пешгирикунанда, синну соли кӯдакон барои гирифтани кумакпулии давлатӣ, воридоти маводи дору ва ташхисӣ, муоинаи тиббии кормандони соҳаи тандурустӣ, инчунин, нигоҳдории маълумотро дар бораи шахсони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунанда ба танзим дароварда, барои беҳтар гардидани вазъи эпидемиологӣ ва расидан ба ҳадафҳои стратегӣ заминаи мусоид фароҳам месозад.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади баррасӣ намудани монеаҳои мавҷуда ва мустаҳкам намудани муҳити дастгирикунанда барои чорабиниҳои самараноки миллӣ дар мубориза бар зидди вируси норасоии масунияти одам ҷиҳати ба талаботи қонунгузории амалкунанда мутобиқ намудани меъёрҳои боби 24 кодекси мазкур аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар мувофиқа бо вазоратҳои адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо, корҳои дохилӣ, маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия таҳия карда шудааст. Дар лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида танзими муоинаи кормандони соҳаи тандурустӣ нисбат ба ВНМО, тағйир додани синну соли кӯдакони мубталои ВНМО, ки кумакпулии давлатӣ мегиранд, мукаммалгардонии ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шахсони бо ВНМО зиндагикунанда, нигоҳдории маълумот дар бораи шахсони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунанда, таҳияи механизми харидории маводи ивазкунандаи шири модар ва талаботҳои муосир доир ба харидорӣ ва воридоти маводи дору ва ташхисии ВНМО, ки барои пурзӯр намудани мубориза бар зидди бемории мазкур бениҳоят зарур мебошад, пешбинӣ карда шудааст. Бинобар ин, баҳри дар оянда боз ҳам беҳтар намудани мубориза бар зидди бемории вируси норасоии масунияти одам ва ноил гардидан ба нишондиҳандаҳои беҳтар дар ин самт, аз шумо – вакилони арҷманд бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки барои қабул гардидани лоиҳаи қонуни мазкур овоз диҳед.
РАИС: - Ба маърӯзачӣ савол ҳаст? Нест.
Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Шаҳбози Аброр дода мешавад. Марҳамат.
Шаҳбози АБРОР:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Лоиҳаи қонуни мазкур бо Қарори Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 октябри соли 2025, № 338, барои баррасӣ ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, барои додани хулоса ба кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои пешниҳоди хулосаи ҳуқуқӣ ба раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.
Дар баромади муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мақсад ва ҳадафҳои таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур маълумоти муфассал пешниҳод гардид. Фақат ҳаминро бояд тазаккур дод, ки тағйироти пешниҳодгардида ба қонуни мазкур асосан ба боби 24-и Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ дошта, он барои расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор то соли соли 2030, пурзӯр намудани фаъолият баҳри барҳам додани эпидемияи ВНМО ва амалӣ намудани маҷмуи чорабиниҳои муқовимат ба паҳншавӣ, кам кардани таъсири мубталошавӣ ба ин беморӣ, расонидани ёрии тиббӣ ба шахсони сироятёфта ва сабук намудани оқибатҳои он, риояи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва озодиҳои онҳо бо назардошти вазъи ҷории эпидемиологии ВНМО ва БПНМ, таҳлили дарсҳои омӯхта ва душвориҳои ба амаломада оид ба муқовимат ба эпидемияи ВМНО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷрибаи ҷаҳониву пешравиҳои муосири соҳаи тандурустӣ дар ин самт равона карда шудааст.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тибқи талаботи Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон расмиёти дохилиидоравиро гузашта, ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои қонунгузории амалкунанда, инчунин, санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва хароҷоти иловагии буҷети давлатиро ба миён намеорад. Аз ин лиҳоз, аз шумо - вакилони гиромӣ бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: - Ба маърӯзачӣ савол ҳаст? Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар хусуси Аҳднома оид ба ҳусни ҳамҷавории абадӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Туркманистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин» оғоз менамоем. Аз рӯйи масъалаи мазкур сухан ба муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин дода мешавад. Марҳамат.
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Ба баррасии шумо масъалаи тасдиқи Аҳднома оид ба ҳусни ҳамҷавории абадӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Туркманистан, Ҷумҳурии Ӯзбекистан ва Ҷумҳурии Мардумии Чин барои тасдиқ (ратификатсия) пешниҳод карда мешавад.
Аҳдномаи мазкур 17-уми июни соли 2025 дар шаҳри Остона аз натиҷаи ҳамоиши сатҳи олии қолаби кишварҳои Осиёи Марказӣ - Чин ба имзо расонида шудааст, ки заминаи нави ҳуқуқиро барои ҳамкориҳои «Осиёи Марказӣ - Чин» фароҳам меоварад. Қолаби кишварҳои «Осиёи Марказӣ - Чин» яке аз абзорҳои нави ҳамкории минтақавӣ маҳсуб ёфта, дар ҳошияи он механизмҳои нави ҳамкорӣ таъсис гардида, марказҳои минтақаии ҳамкорӣ, аз ҷумла маркази ҳамкорӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бо биёбоншавӣ, маркази ҳамкорӣ оид ба мубодила дар соҳаи маориф ва маркази ҳамкорӣ оид ба паст кардани фақр, ифтитоҳ ёфтанд.
Боиси қайд аст, ки котиботи қолаби кишварҳои «Осиёи Марказӣ - Чин» ташкил дода шуда, он дар шаҳри Сиани Чин қарор мегирад ва шурӯъ аз 1 апрели соли ҷорӣ ин котибот фаъолияташро оғоз намудааст.
Ҳадафи ба имзо расонидани аҳднома, пеш аз ҳама, ба таҳкими ҳусни ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилаи ҷавобгӯи манфиатҳои аслии халқҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин, инчунин, ба таъмини сулҳ, субот ва рушд дар минтақа, таҳкими ҳамкории ҳамаҷониба нигаронида шудааст.
Аҳдномаи мазкур аз дебоча ва 15 модда иборат буда, самтҳои зерини ҳамкории минтақавиро фаро мегирад ва ба танзим медарорад:
- густариши муносибатҳои шарикии стратегии дарозмуддат ва пойдор дар асоси принсипҳо ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии умумиэътирофгардида;
- таҳкими эътимоди мутақобила ва ҳамкории стратегии ҳамаҷониба, инучнин, дастгирии ҳамдигар дар интихоби роҳҳо ва моделҳои рушд, ки ба воқеияти миллии онҳо мувофиқ буда, дастгирии мавқеи ҳамдигар оид ба масъалаҳои муҳим ба манфиатҳои аслии онҳо ҷавобгӯй аст;
- дар асоси эҳтироми принсипҳои сохибихтиёрии давлатӣ ва тамомияти арзӣ роҳ надодан ба ҳар гуна фаъолият дар ҳудуди худ, ки ба ин принсипҳо мухолифат менамояд. Инчунин, иштирок накардан дар иттиҳодҳо ва блокҳое, ки ба муқобили тарафҳои дигар нигаронида шудаанд ва дастгирӣ накардани ҳеҷ гуна амалиёти душманонаи ба тарафҳои дигар нигаронидашуда;
- баргузории машваратҳои сиёсӣ, истифода намудан аз механизми мулоқотҳо дар тамоми сатҳҳо, аз ҷумла сафарҳо дар сатҳи олӣ ва баланд, барои табодули мунтазам ва ҳамоҳангсозии мавқеъҳо оид ба муносибатҳо байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин, масъалаҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, ки мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ҳастанд;
- рушди ҳамкорӣ дар асоси принсипҳои баробарҳуқуқӣ ва манфиати мутақобила дар соҳаҳои тиҷорат, иқтисод, сармоягузорӣ, пайвастани инфрасохтор, муҳандисӣ, энергетика, аз ҷумла гидроэнергетика, манбаъҳои барқароршавандаи энергия, нақлиёт, маъданҳо, кишоварзӣ, ҳифзи муҳити зист, саноати коркард, илму техника ва дигар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн;
- рушди мубодила ва ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳанг, маориф, тандурустӣ ва тиббӣ, сайёҳӣ, варзиш, воситаҳои ахбори омма, инчунин, дар дигар соҳаҳои манфиати тарафайн;
- таҳкими ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба дар муборизаи муштарак алайҳи терроризм, сепаратизм, ифротгароӣ ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, муомилоти ғайриқонунии силоҳ ва воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо;
- таҳкими эътимоди мутақобила дар соҳаҳои мудофиа, саноати мудофиа ва амният, инчунин, тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба оид ба масъалаҳои дигар дар ин соҳаҳо;
- тақвияти тамосҳо ва ҳамкорӣ дар доираи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳою механизмҳои бисёрҷониба, ки аъзои онҳо ҳастанд, инчунин, талош намудан дар таъмини сулҳи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, субот ва рушди устувор.
Тибқи банди 1 моддаи 15-уми аҳднома, он аз рӯзи аз ҷониби маҳфуздоранда, яъне Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин, тавассути роҳҳои дипломатӣ гирифтани огоҳиномаи хаттии охирин дар бораи аз ҷониби тарафҳо анҷом додани расмиёти дохилидавлатӣ, ки барои эътибор пайдо кардани аҳдномаи мазкур заруранд, эътибор пайдо мекунад.
Бо назардошти он ки муқаррароти аҳдномаи мазкур маҷмуи мавзуъҳои моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро фаро мегирад, ҷиҳати ратификатсия пешниҳод шудааст. Аз ин рӯ, аз шумо – вакилони арҷманд бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки барои тасдиқ (ратфикатсия)-и аҳдномаи зикршуда овоз диҳед.
РАИС: - Ба маърӯзачӣ савол ҳаст? Нест.
Сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Насрулло Маҳмудзода дода мешавад. Марҳамат.
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Имрӯз мо шоҳиди рӯйдоди муҳими таърихие ҳастем, ки дар рушди ҳамкории минтақавӣ ва таҳкими сиёсати дӯстиву ҳамҷавории халқҳои мо нақши басо калидӣ дорад. Имзои Аҳднома оид ба ҳусни ҳамҷавории абадӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Туркманистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки 17 июни соли 2025 дар шаҳри Остона сурат гирифт, ифодаи возеҳи иродаи сиёсии давлатҳо ба сӯйи ҳамзистии осоишта, ҳамкории судманд ва рушди устувори минтақавист. Имзои ин аҳднома дар марҳалае ба вуқӯъ пайваст, ки ҷаҳон шоҳиди тағйироти ҷиддии сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ мебошад. Афзоиши рақобатҳои геополитикӣ, таҳдидҳои нави амниятӣ, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ ва таҳаввулоти мураккаби иқтисодӣ, зарурати ҳамгироии бештар ва иттиҳоди кишварҳои минтақаи моро тақозо дорад. Дар чунин шароит сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар асоси принсипҳои дӯстӣ, ҳамзистии осоишта, ҳамкорӣ ва таъмини амният устуворона амалӣ мегардад. Маҳз, ҳамин сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Пешвои миллат имкон дод, ки Тоҷикистон дар тамоми ташаббусҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ мавқеи фаъол дошта, барои таҳкими сулҳ, субот ва рушди устувор дар минтақа саҳми арзанда гузорад.
Бо таъкиди таъмини сулҳ, субот ва рушд дар минтақа, кишварҳои иштироккунанда азм намудаанд, ки тавассути таҳкими ҳамкории ҳамаҷониба ва саъю кӯшиши муштарак на танҳо ба манфиатҳои миллии худ, балки ба манфиатҳои аслии халқҳои тамоми кишварҳо ҷавобгӯ бошанд. Ин аҳднома на танҳо барои Осиёи Марказӣ, балки барои тамоми қитъаи Осиё ва ҷаҳон аҳамияти хоса дорад. Аз ин рӯ, аҳдномаи мазкур ҷавобгӯи ниёзҳои воқеии давраи таҳкими эътимоди стратегӣ, дӯстии халқҳо ва рушди ҳамкориҳои бисёрҷониба дар доираи як ҷомеаи муштарак мебошад. Аҳдномаи мазкур дар ҳақиқат ба сифати платформаи нави сулҳ ва ҳамзистии осоишта барои тавсеаи эътимоди сиёсӣ, рушди иқтисодӣ ва мустаҳкам шудани робитаҳои мардумон асос мегузорад. Он боз як далели равшан аст, ки давлатҳои минтақа сиёсати созанда, боэътимод ва дарозмуддатро интихоб намуда, роҳи ояндаро ба сӯйи субот ва ҳамкории судманд ҳамвор месозанд. Аҳднома таъкид менамояд, ки асоси муносибатҳои байни давлатҳои иштироккунанда бар принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, эҳтироми соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзӣ, дахолат накардан ба корҳои дохилӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳаллу фасли баҳсҳо бо роҳҳои осоишта бунёд меёбад. Ин меъёр, пеш аз ҳама, барои таъмини устувории сиёсӣ ва амнияти мутақобила аҳамияти бунёдӣ дорад ва ба ҷомеаи ҷаҳонӣ паёми равшан мерасонад, ки давлатҳои минтақа сиёсати сулҳомез ва масъулро пайравӣ мекунанд.
Дар ин ҳуҷҷати таърихӣ ба таври равшан масъалаи эҳтироми соҳибихтиёрии давлатӣ ва тамомияти арзии кишварҳо матраҳ шуда, ҳамзамон, манъи иштироки тарафҳо дар блокҳо ва иттиҳодҳое, ки бар зидди тарафи дигар равона шудаанд, муқаррар мекунад. Яъне, ин аҳднома кафолати сиёсати «ҳусни ҳамҷавории бидуни мухолифат» мебошад. Он барои Осиёи Марказӣ ва Чин ҳамчун заминаи суботи тӯлонӣ ва пешгирии ҳар гуна муқобилиятҳои геополитикӣ хидмат хоҳад кард. Ин санад заминаи ҳуқуқиро барои ҳамгироии сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ мустаҳкам намуда, имкон медиҳад, ки кишварҳои минтақа ба таҳдидҳои ҷаҳонӣ бо мавқеи ягона бароянд ва рушди иқтисодиёти устувор, тиҷорати озод, инфрасохтори пайваста ва энергетикаи «сабз»-ро ҳадаф гиранд ва муҳимтар аз ҳама, ба таҳкими муносибатҳои дӯстӣ байни халқҳо мусоидат менамояд, то ки сулҳу субот аз насл ба насл интиқол ёбад.
Ҳамкории тарафҳо дар мубориза алайҳи терроризм, ифротгароӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор таъкид мегардад. Бо назардошти мавқеи ҷуғрофӣ ва хатари таҳдидҳои фаромиллӣ барои минтақаи мо, татбиқи он ба таҳкими амният ва суботи ҷомеа равона шудааст. Тоҷикистон, ки таҷрибаи назаррас дар мубориза бо ифротгароӣ дорад, метавонад дар ин замина саҳми фаъол дошта бошад.
Аҳднома ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои мудофиа, саноати дифоӣ ва амният низ равона гардида, тарафҳо вазифадоранд, ки дар доираи қонунгузории миллӣ ва уҳдадориҳои байналмилалӣ эътимод ва ҳамкории мутақобиларо дар ин самт таҳким бахшанд. Он имкониятҳои навро барои густариши ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникӣ, мубодилаи таҷриба, омӯзиши кадрҳо ва таҳияи низомҳои ҳамоҳанг дар вокуниш ба хатарҳои умумиро фароҳам меорад.
Давлати мо аз ибтидои истиқлолият сиёсати ҳамсоягии нек ва ҳамкории созандаро бо ҳамаи кишварҳои минтақа ва Чин пайравӣ намуда, ҳамеша ҷонибдори таҳкими фазои сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ мебошад. Аҳдномаи мазкур на танҳо таҳкими заминаҳои ҳуқуқии ҳамкорӣ, балки ифодаи руҳи навини ҳамсоягии стратегӣ мебошад. Он дар баробари ҳадафҳои сиёсӣ ва амниятӣ паёми фарҳангӣ низ дорад, яъне он паёми ваҳдат, эҳтиром ва масъулияти муштарак барои сарнавишти минтақа мебошад.
Аҳднома тибқи талаботи моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ, яъне ратификатсия, ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Аҳднома оид ба ҳусни ҳамҷавории абадӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Туркманистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад. Ҳамаи кумитаҳо ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқи аҳдномаро пурра ҷонибдорӣ намуда, кумитаи масъул тамоми расмиёти дохилиро тибқи талаботи Дастури Маҷлиси намояндагон ба иҷро расонд. Бо назардошти ин аз шумо - вакилони муҳтарам ҷонибдорӣ ва тасдиқи ин аҳдномаро, ки қадами навбатӣ дар роҳи таҳкими сиёсати хориҷии сулҳомез, рушди ҳамкориҳои минтақавӣ ва таъмини ояндаи амни кишвар хоҳад буд, даъват намуда, бо эътимод ва итминон метавон гуфт, ки аҳдномаи мазкур чун рамзи дӯстӣ ва ҳамзистии абадии халқҳои Осиёи Марказӣ ва Чин боқӣ хоҳад монд.
РАИС: - Ба маърӯзачӣ савол ҳаст? Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Аҳднома оид ба ҳусни ҳамҷавории абадӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Туркманистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: - Вакилони муҳтарам, ҳозирини гиромӣ!
Масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаласа пешбинӣ гардида буданд, баррасӣ шуданд. Доир ба рафти ҷаласа эроду пешниҳод ҳаст? Нест.
Барои иштироки фаъолонаатон изҳори миннатдорӣ намуда, ҷаласаи имрӯзаро пӯшида эълон менамоям.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ
Ҳамчунин дигар маводҳо:
