https://sadoimardum.tj

Вақте хуршед бедареғ нурпошӣ мекард

№:134 (5030) 14 ноя 2025, 18:03
0

Мошини мо Себистонро гузашта, аз миёни дашту теппаҳои зарандуд босуръат пеш меравад. Деҳаҳое аз ду тарафи роҳ мисли чатрҳои сабзе дар домани кӯҳҳо ба назар мерасанд. Пораабре танҳо дар осмон саргардон аст. Неъматуллои аксбардор ҳар замон аз ронанда хоҳиш мекунад, ки мошинро боздорад. Ӯ аз манзараи дашту деҳоти атроф акс мебардорад. Мо ҳам аз ин фурсат истифода бурда, аз мошин мефароем, аз ҳавои босафо нафас мекашем ва аз тамошои кӯҳу талҳо лаззат мебарем.

Роҳи мо ба сӯи Данғара аст, ҳамон диёри овозадоре, ки дар оғӯши он фарзанди бузурги халқи тоҷик, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дунё омадаанд. 

- Данғара макони пурфайз аст, - мегӯяд ҳамсафари мо Файзиддин, - даштҳои васеъ дорад, гандумзорҳояш низ нопайдоканор аст. Пунба ҳам мекоранд. Дар дили даштҳо, кӯҳдоман ва дараҳои ин сарзамин зиндагӣ ҷӯш мезанад, одамон софдилона заҳмат мекашанд, даштҳои нопайдоканорро сабзу хуррам мегардонанд. 

Файзиддин, ки зодаи Данғара асту дар Душанбе зиндагӣ мекунад, бо муҳаббат дар бораи зодгоҳаш қисса менамояд. Ҳис мекунам, ки суханони ӯ аз дилаш бо ҳарорат ҷӯшида мебароянд.

Ҳамсафари дигари мо ҷавони хушандому кушодачеҳра Сиёвуш ном дорад. Ӯ сукут меварзад ва ба суҳбати мо бодиққат гӯш медиҳад ва гоҳ-гоҳе табассуми ширине даври лабонаш нақш мебандад. Гумон мекунам ӯ донишҷӯст ва Данғара ба хонаашон меравад.

- Ба дидорбинии падару модар меравӣ? – мепурсам аз ӯ.

- Дар Донишгоҳи тиббии Хатлон таҳсил мекунам, - мегӯяд ӯ ва суханашро идома медиҳад, - хонаамон дар Конибодом аст. 

Ҳамин замон телефони Сиёвуш занг мезанад. Ӯ муаддабона бо касе суҳбат мекунад ва мегӯяд, ки баъди ним соат ба Данғара мерасад. Баъди суҳбат телефонашро ба кифаш ҷо мекунаду ба мо рӯ меорад.

- Падарам аз Конибодом занг заданд.

- Падару модарон ҳамеша ғами фарзандонро мехӯранд, - файласуфона ба гап медарояд Неъматулло. - Шумо, ҷавонон, ҳам қадри онҳоро донед.

- Падарам ифтихор мекунанд, ки ман дар зодгоҳи Пешвои миллатамон таҳсил мекунам. Он кас ҳамеша таъкид мекунанд, ки агар пайрави ҳақиқии Сарвари давлат бошам, ҳатман ба ҳамаи орзуҳоям мерасам.

Ин сухани самимонаи Сиёвуш аз замири дилаш мебарояд.

- Шумо насли хушбахтед, - мегӯяд Файзиддин, - дар замоне ба дунё омадед, ки Тоҷикистон соҳиб­истиқлол асту рӯз ба рӯз ободу зеботар мегардад. Ин аср барои тоҷикон асри Эмомалӣ Раҳмон аст, шахсияти барҷастае, ки раҳбару раҳнамои сокинони кишвари мост. Доштани чунин фарзанди бузург ба миллат болу пар мебахшад, неруяшро дучанд мегардонад.

Каломи Файзиддини табиб ҷозиба дорад, ба руҳу равон таъсир мерасонад. Ман ҳам зери таъсири сухани ӯ мисраъҳои зеринро дар васфи Пешвои миллат замзама мекунам:

Ҳамчун ҳумой бар сари 

мо сояи Шумо,

Пайғоми ишқ мерасад 

чун ояи Шумо.

Ҷуз меҳру ҷуз муҳаббату 

ҷуз меҳрубониҳо,

Сулҳ асту ваҳдату 

сафо сармояи Шумо.

Ҳамин тавр, суҳбаткунон ба Данғара мерасем. Мошини мо ба дас­ти чап, ба роҳи «Хуррамшаҳр» тоб хӯрда меистад. Сиё­вуш аз мошин фаромада, бо мо хушбошӣ мекунад. Мо худро дар оғӯши Данғараи ободу маъмур мебинем. Роҳи «Хуррамшаҳр» тозаю озода, ду тарафи ҷодаро дарахтони бо тартиб шинондашуда зеб медиҳанд. Хуршед бедареғ нурпошӣ мекард. Вақте ба маркази фароғатии «Хуррамшаҳр» мерасем, Файзиддин хонаеро ба мо нишон дода мегӯяд: 

- Манзили ман ҳамин ҷост. Хеле хуб мешавад, меҳмони мо шуда, кӯфти роҳро бароред.

Неъматулло тангии вақтро баҳона пеш меораду бо Файзиддини ширинсухан хайрухуш мекунем ва вориди маркази фароғатии «Хуррамшаҳр» мегардем. Бинои бошукӯҳи «Хуррамшаҳр»-ро долу дарахтони зебою ҳамешабаҳор иҳота кардаанд. Парандагони хушхон аз ҳар гӯшае ба садо омада, руҳу равонро менавозанд. Муҷассамаи ду шери зарандуд, ки рамзи тавоноию зебоӣ ҳастанд, саҳни биноро ҳусни дигар мебахшанд.

Ҷавоне бо чеҳраи кушодаю лабони пуртабассум ба пешвози мо меояд ва худро муаррифӣ мекунад:

- Ман Сулаймон Ҳусейнзода, коргузори маркази фароғатии «Хуррамшаҳр» ҳастам, - ва сипас хушгӯӣ мекунад, - шуморо ба ин бӯстони ҳамешасабз ва қасри бошукӯҳи «Хуррамшаҳр» хушомадед мегӯям.

Мо аз истиқболи гарми Сулаймон шод мешавем ва ҳамдигарро, мисли ин ки солҳо мешиносем, ба оғӯш мегирем. Ӯ ҳис мекунад, ки мо майли сахти тамошои қасрро дорем, ба худ симои ҷиддӣ гирифта мегӯяд:

- Меҳмонони азиз, то як пиёла чойи моро нагиред, иҷозати тамошоро намедиҳам. Агар бо ман чой нӯшед, худам раҳбалади шумо мешавам.

Сари як пиёла чой суҳбатамон метасфад:

- Соли 2010 дар ифтитоҳи ин марказ ман ширкат доштам, - мегӯяд Неъматулло, - меҳмонони зиёде омада буданд. Онҳо аз дидани ин бинои беназир ҳайратзада гаштанд.

- Масоҳати маркази фароғатии «Хуррамшаҳр» 2,6 гектар аст, - шарҳ медиҳад Сулаймон. - Ин қасри муҳташаме, ки мушоҳида мекунед, аз назари меъморӣ камназир аст. Аз оғоз то анҷом сохтмони марказ таҳти назари Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт. Мутахассисон мегӯянд, ки Ҷаноби Олӣ шахсияти ғайриодӣ ҳастанд. Он кас ҳатто аз илми меъморӣ хабар доранд ва ба сохтмончиён маслиҳатҳои судманд медоданд. Ба ҷуз ин, тарҳи ин ё он толорро тарзе тағйир медоданд, ки зебою дилработар мегашт.

- Пешвои мо дорои истеъдоди хориқулода ҳастанд, - тасдиқ мекунад суханони Сулаймонро Неъматулло. - Он кас на танҳо як сиёсатмадори барҷаста, балки фарҳангшинос, таърихдон, забоншинос, зебоишинос ҳастанд. Ҷаҳонбиниашон ба ҳадде васеъ аст, ки кас дар ҳайрат мемонад. Ин ҳақиқатро Ҷаноби Олӣ борҳо собит кардаанд. 

- Бинои маркази фароғатии «Хуррамшаҳр» бозгӯкунандаи таъриху тамаддуни халқи тоҷик аст. Ҳар гардишгаре, ки дар толорҳои ин қасри муҳташам сайр мекунад, бо таърих ва ҳунари халқи мо ошно мешавад, - садои Сулаймон, мисли ин ки аз ниҳонхонаи таърих меомада бошад, асроромез ба гӯш мерасад.

Мо вориди толори «Сандалӣ» мешавем. Он оинакорӣ буда, бо кӯрпачаю матоҳои қуроқӣ оро дода шудааст. Дар болои суфа сандалӣ ва аз ду тарафи он ду сандуқи хушсохт чун рамзи ҳунари устоҳои чӯбкор гузошташуда хеле ҷолиб ба назар мерасад.

Ҳамин тавр, ба толори «Сафед», толори «Шаршара», толори «Чӯбин», толори «Сангин», толори «Рассомӣ», толори «Оинабандӣ» низ сар мезанем ва аз зебоию хушсохтии онҳо ба ҳайрат меоем. Он лаҳзаҳо мо, воқеан ҳам, ҳама чизро фаромӯш сохта, маҷзубона дар он толорҳо сайр менамудем. Гӯиё «Хуррамшаҳр» аз биҳишт ба Данғара фуруд омада буду чеҳранамоӣ мекард.

- Ин толорҳое, ки тамошо кардед, бо сохт ва ороише, ки доранд, идеяи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ҳастанд. - Сулаймон инро гуфту ба нақшҳои салиби шикаста, ки дар дару равзанаҳо ба чашм мерасид, ишора намуд, - чилипо ё ҳамон салиби шикаста намоди муҳиме аз аҷдодони дури мо ҳастанд, ки гардунаи офтоб, чархаи табиатро чун рамзи зиндагиофаринӣ ифода менамоянд. Ҷаноби Олӣ ҳам барои шинохти асли худамон ба намодҳои ориёӣ таваҷҷуҳи хосе доранд. Чанде пеш як гурӯҳ олмониҳою эрониҳо омада буданд, онҳо аз дидани нақши салибҳои шикаста ба ваҷд омада, изҳори шодмонӣ карданд ва акси зиёде бардошта бо худ бурданд.

Зимни суҳбат бо Сулаймон маълум гашт, ки маркази фароғатии «Хуррамшаҳр» дорои 15 тоқ ва 149 сутун мебошад, ҳар кадоме дорои ороиши хос буда, гулҳои яке ба дигаре монанд нест. Воқеан ҳам, ин марказ шоҳкоре дар Данғара аст, ки ҳар як бинандаро мафтун месозад.

Аз маркази фароғатии «Хуррамшаҳр» баромада, ба самти шарқ роҳ пеш гириф­тем. Ба кохи фарҳанги ноҳия нарасида хонаеро дидем, ки дар он Пешвои тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дунё омадааст. Ӯ замони тифлию наврасиашро ҳамин ҷо гузаронида, дар ҳамин ҷо дарс хондаю ба камол расидааст. Он замон касе намедонист, ки рӯзе мерасад, Эмомалии наврас Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллати тоҷик мешавад. Ба фик­ри касе намерасид, ки баъди чандин сол Тоҷикистон ба вартаи ҳалокат меафтад ва маҳз, ҷоннисорию муборизаҳои пайвастаи ин бачаи данғарагӣ мамлакатро наҷот медиҳад ва кишвар рӯ ба шукуфоӣ меорад. 

Бале, мо аз канори хонае мегузарем, дар кӯчаҳое қадам мезанем, ки Пешвои миллати мо, ҳамон инсоне, ки таърихи навини тоҷик ба номаш навишта шудааст, замоне кору зиндагӣ мекард ва ҳоло ҳам ба ҳамин хона меояду бо ҳузураш фазои Данғараро пурнуртар месозад...

ВОРИС, 

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: