Садоқат ба Президент - садоқат ба Ватан
Имрӯзҳо мардуми шарафманди Тоҷикистон бо шукргузорӣ аз сулҳу субот ва оромии кишвар осудаҳолона зиндагӣ ва кору фаъолият менамоянд. Ҳамчунин, бо ифтихори баланд аз ҷашнҳои милливу давлатӣ истиқбол намуда, аз гузаштаву ояндаи давлату миллати худ ёдоварӣ мекунанд.
Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар таърихи кишвари соҳибистиқлоли мо ҳамчун воқеаҳои бузурги сиёсӣ, мақоми махсусро ишғол менамоянд, барои давлату миллати мо аҳамияти басо арзишманд доранд. Маҳз, бо даъвати ин иҷлосияи тақдирсоз давлати мо аз вартаи нестӣ наҷот ёфта, бузургтарин фарзанди фарзонаи он, яъне, Пешвои муаззами миллат рӯйи саҳнаи бузурги сиёсат омаданд, ки наҷотбахши давлати Тоҷикистон ва халқи тоҷик гардиданд.
Оғози солҳои 90-уми асри XX буҳрони шадиди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Иттиҳоди Шуравиро куллан фалаҷ сохта, ба пошхӯрӣ оварда расонид. 15 ҷумҳурии шуравӣ соҳибистиқлолии худро эълон намуда, истиқлол ба даст оварданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар қатори онҳо 9 сентябри соли 1991 Истиқлоли давлатии худро эълон намуд. Эътироф ва ба расмият шинохтани ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо оғоз ёфт. Дар зарфи як соли соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон аз тарафи 58 давлати дунё ба расмият шинохта шуда, бо онҳо робитаҳои дипломатӣ барқарор гардид. Эълони истиқлолият заминаи сиёсӣ ва ҳуқуқиро барои шомил шудан ба созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ фароҳам сохт. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин баъд ҳамчун субъекти комилҳуқуқи байналхалқӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мепайваст, ширкати хешро дар ин созмонҳо ҷиҳати эҷоди шароити мусоид баҳри рушду таҳкими минбаъдаи истиқлол, тақвияти иқтисодӣ ва сиёсии кишвар ва иштирок дар равандҳои умумиҷаҳонӣ ба роҳ меандохт. 2-юми марти соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Милали Муттаҳид, 26 феврали соли 1992 ба Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, 1 декабри соли 1992 ба Созмони ҳамкории исломӣ ва ғайра шомил шуд.
Дар раванди давлатсозӣ, бунёдкорӣ ва ҷаҳонишавӣ Ҷумҳурии тозабунёди Тоҷикистонро дере нагузашта бадхоҳон ба гирдоби фалокат ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор карданд. Дар ин гирдоб ҳазорҳо нафар хонабардӯшу фирорӣ ва садҳо тан кушта шуданд. Хатари парокандашавии давлат ва миллат ба миён омад. Сохторҳои давлатӣ ва ҳукуматӣ пурра фалаҷ гардида буданд. Дар чунин вазъияти ниҳоят вазнин ягона сохторе, ки имкони аз вазъияти мураккаби сиёсӣ ва иҷтимоӣ берун баровардани кишварро дошт, Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Фақат Шурои Олӣ чун мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузор, бояд масъулияти азимро ба дӯш гирифта, роҳи ҳалли муноқишаҳои сиёсиро пайдо мекард.
Бо тақозои халқ ва иродаи аксари вакилони мардумӣ қарор қабул гардид, ки барои ҳалли масъалаҳои доғи рӯз иҷлосияи Шурои Олӣ даъват карда шавад. Азбаски дар пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе сохторҳои давлатӣ пурра фалаҷ гардида, таъмини амнияти депутатҳои халқӣ имконнопазир буд, тасмим гирифта шуд, ки иҷлосия дар шаҳри Хуҷанд даъват карда шавад. Дар чунин вазъияти муташанниҷ 16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ бо иштироки 197 вакили халқ ба кори худ шурӯъ кард.
Тавре аз сарчашмаҳо бармеояд, дар кори иҷлосия намояндагони кишварҳои Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва аксар намояндагони тарафҳои даргир иштирок намуданд. Даъвати иҷлосияи Шурои Олӣ худ иқдоми хеле оқилона ва хирадмандона буд, ки аз фарҳанги олӣ ва хиради азалии мардуми тоҷик сарчашма мегирифт ва ҳадафи он ором кардани кишвар ва раҳо намудани он аз ҷанги шаҳрвандӣ, инчунин, ба эътидол овардани вазъи сиёсии мамлакат буд. Дар Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ 23 масъалаи ҳаётан муҳим мавриди муҳокима қарор гирифт, вале масъалаи асосии иҷлосия ба эътидол овардани вазъи сиёсии ҷумҳурӣ буд, ки он бояд аз интихоби роҳбарият ва ҳукумати нави ҷумҳурӣ оғоз меёфт.
Ба мақоми Раиси Шурои Олӣ номзадии вакили халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешбарӣ карда шуд. Дар натиҷаи овоздиҳии пинҳонӣ ин абармард Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд. Ба тарафдориашон аз 197 депутат 186 нафар овоз доданд. Натиҷаи овоздиҳӣ аз он шаҳодат медод, ки халқи Тоҷикистон дар марҳилаи наву тақдирсоз симои роҳбари худро дар шахсияте медид, ки бевосита аз байни халқ баромада, барои халқ дар шароити ҳассос фаъолияти пурмасъулиятро ба дӯш гирифта тавонад.
Хотирнишон бояд кард, ки аз рӯзҳои аввали кори Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ барои тақдири минбаъдаи давлати Тоҷикистон эҳсос мешуд. Дар иҷлосия санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин, беш аз 70 қонуну қарорҳои дахлдор қабул шуданд, ки минбаъд барои мустаҳкам намудани асосҳои сохтори конститутсионии ҷумҳурӣ, волоияти қонун, фаъолияти мунтазами мақомоти давлатӣ заминаи боэътимод гузоштанд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чун шахсияти барҷаста, вақте ба майдони сиёсати бузург ворид шуданд, ки миллати тоҷик парешон ва кишвар дар вартаи тақсимшавӣ буд. Шоҳидони ҳамон солҳо беҳтару хубтар медонанд, ки чӣ қадар мушкилиҳо ва фоҷиаҳое ба сари миллати тоҷик омада буд, аммо бо вуҷуди ин қадар мушкилоту нооромиҳо, бо тадбирҳои хирадмандона ва ғайрату ҷасорати фавқулодаи ин марди наҷиб кишвари азизамон аз вартаи фалокат ва нобудӣ берун омада, мардуми парешон сарҷамъ ва садҳо ҳазор гурезагон ба Ватан баргаштанд.
Бо манзури эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадорию давлатдории навини кишвар ва болоравии обрӯву нуфузу мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ, ки ин дастовардҳо, дар маҷмуъ, ба салоҳиятнокиву фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ доранд, дар қонунгузории кишварамон рӯзи 16 ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шуд.
Дар таърихи навини миллати тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияте ҳастанд, ки на танҳо дар ташаккулу таҳаввули таърихи давлатдории соҳибистиқлоли тоҷик ва ҳастии имрӯзу фардои Тоҷикистон, балки барои эҳё намудани падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳангии ниёгонамон хизматҳои беназир кардаанд.
Маҳз, сиёсати хирадмандона ва талошу заҳматҳои пайвастаи фарзанди фарзонаи миллати номвар ва номбардори халқи тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки хавфи аз байн рафтани давлати тоҷикон бартараф карда шуд. Бо мақсади рушду инкишофи илми тоҷик мунтазам аз ҷониби Роҳбари давлат ғамхориҳои зиёд зоҳир гардида, тамоми кӯшишу ғайрат ва ҳидоятҳои ин абармарди миллат ба иҷрои ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлоли энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръат, ҳамзамон, рушди илмҳои бунёдӣ дар амал татбиқ гардида истодааст.
Бояд хотиррасон кард, ки Тоҷикистон бо ҷанги шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ шуда, аз империяи бузурги собиқ Иттиҳоди Шуравӣ мероси ночизе гирифт. Ғайр аз ин, хисороти ҷанг беш аз 10 миллиард долларро ташкил дод, ҳазорҳо одамон ҷонҳои ширини хешро аз даст дода, иқтисоди мамлакат рӯ ба таназзул ниҳода буд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути сиёсати сулҳофару созанда ва «дарҳои кушода» таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба Тоҷикистон ҷалб сохтанд. Эълони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси кишвари демократӣ, дунявӣ ва ягона имкон дод, ки мардумаш осудаву хушҳол умр ба сар баранд.
Дар таърихи халқи тоҷик низ чунин абармардоне буданд, ки барои дар ҷодаи таърих боқӣ мондани миллати мо саҳми худро гузоштаанд. Аз ҷумла, чунин нақшро дар гузашта Шоҳ Исмоили Сомонӣ дошт. Пас аз садсолаҳо чунин нақши барҷастаро Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иҷро карда, аз рӯзи аввали расидан ба қудрати сиёсӣ ҳамеша кӯшиш мекунанд, ки давлатдории миллиро тақвият бахшанд, осоишу сулҳу субот ва ҳаёти арзандаро барои миллати тоҷик фароҳам оваранд.
Эътироф гардидани давлати мо ҳамчун кишвари соҳибистиқлол аз ҷониби кишварҳои ҷаҳон, барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ бо аксар кишварҳои дуру наздик, узви комилҳуқуқи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ гардидан, пешниҳоди ташаббусҳои ҷаҳонӣ ва даҳҳо муваффақиятҳои дигар дар самти ҳамкориҳои байналмилалӣ далели фаъолияти пурсамари мактаби дипломатияи муваффақи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо самимияту ҷонфидоиҳои худ баҳри миллат, воқеан, имрӯз узви ифтихории ҳар як хонадони тоҷиканд, ҳар боре дар ҷамъомаде ё маҷлисе суҳбат менамоянд, мо ифтихор мекунему дарси бузурге дармеёбем, ҳар боре сари ятимеро сила мекунанд, аз чашмонамон ашк берун меояд, ҳар боре дасти дармондагонро мегиранд, дилҳоямон лабрези фараҳу шодӣ мегарданд, ҳар боре ба зарардидагони офатҳои табиӣ кумак мекунанд, шукргузорӣ мекунем, ки чунин Сарваре дорем, ҳар боре аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ бо хиради азалии тоҷикона ва суханронии пурмуҳтавои хоси сарварӣ баромад мекунанд, ифтихори беандоза мекунем, он лаҳзаҳои суханронӣ симои Тоҷикистонро мебинему ифтихорамон садчанд мегардад...
Воқеан, хизматҳои Пешвои муаззами миллат барои ин миллат ва ин давлат беназир аст, хизматҳое, ки Роҳбари давлат дар ин муддати кӯтоҳ анҷом додаанд, ягон шахсияти таърихӣ ва ё роҳбари дигар барои мардумаш ва давлаташ анҷом надодааст. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки ҷонфидоии ин марди наҷибро қадрдонӣ карда, баҳри ободии диёр, пешрафти кишвар, ояндаи дурахшони ин давлату миллат содиқона хизмат намоем. Ҳамчунин, ба қадри сулҳу осоиштагӣ бирасем.
Мо имрӯз шукрона мекунем, ки дар ин Ватани ободу зебо зиндагӣ мекунему Пешвои азизу хирадманду оқилу тавоно дорем!
Раҳмон Исломиддин Хайриддин,
директори Агентии «Тоҷикстандарт»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
