Қаллобӣ тавассути «Facebook»
Субҳ аксаран бо садои паёми телефон бедор мешавем. Ҳанӯз чашм пурра боз нашуда, ангуштонамон ба рӯи экран меравад. Дар он ҷо табассуми шахси ошно аст ё ҷумлаи сахте, ки дили одамро меларзонад. Баъзан як лайк, шарҳ ё паёми кӯтоҳ метавонад тамоми рӯз, ҳатто, сарнавишти инсонро тағйир диҳад...
Шабакаҳои иҷтимоӣ танҳо воситаи муошират нестанд. Онҳо ба майдони иттилоот, эҷод, тиҷорат ва мубодилаи андеша табдил ёфтаанд. Дар миёни онҳо «Facebook» аз лиҳози шумораи корбарон ва гуногунсамтии мундариҷа ҷойгоҳи хос дорад. Ҳар кас бо ҳадаф ва ниёзи худ аз он истифода мебарад.
Аммо баробари имкони васеъ, саҳифаи иҷтимоии «Facebook» барои гурӯҳҳои фиребгар ба майдони муносиб табдил ёфтааст. Онҳо бо истифода аз эълон, видео ва иттилооти сохта аз номи шахсиятҳои давлатӣ, чеҳраҳои шинохта, бонкҳо ё созмонҳои ҷамъиятӣ мардумро ба дом мекашанд. Нафарони зиёд ба чунин домҳои иттилоотӣ афтода, ҳам молӣ ва ҳам равонӣ зарар дидаанд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки солҳои охир шаклҳои нави қаллобӣ дар «Facebook» ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ босуръат густариш меёбанд. Аз ҳама хатарнок инҳоянд: видеоҳои сохта бо истифода аз зеҳни сунъӣ (ИИ), ки дар онҳо чеҳраи шахсони маъруф «ба гуфтор» оварда мешавад. Истифода аз овоз ва навори роҳбарони воломақом ё шахсиятҳои давлатӣ бо ҳадафи ҷалби сармоягузорӣ, бурдҳои пулӣ ё «барномаҳои махсуси бонкӣ». Бандубасти маводи аслӣ ва дигаргунсозии мундариҷаю муҳтавои онҳо.
Ин гуна видеоҳо на танҳо ҷолибанд, балки ба ҳиссиёти одамон таъсир карда, онҳоро ба қабули қарорҳои шитобкорона водор месозанд. Ҳадафи асосӣ ҳамеша як аст - дастрасӣ ба маълумоти бонкии шаҳрвандон. Фиребгарон бо паёмҳои таҳдидомез амал мекунанд.
Мақомоти милитсия низ дар баробари мубориза бо дигар навъҳои ҷиноят, барои ошкор ва ба ҷавобгарӣ кашидани дуздону қаллобони интернетӣ корҳои фаврӣ ва мақсаднок анҷом медиҳанд.
Дар раванди чорабиниҳои фаврии оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби мақомот шаҳрванд Б.Субҳиддин, соли таваллудаш 2001, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, дастгир гардид. Ӯ дар шабакаи «Facebook» бо истифода аз саҳифаҳои қалбакӣ бо номҳои мустаор мардумро бо баҳонаи «кумак ба ниёзмандон» фиреб додааст. Аз ҳар нафар 800 то 2000 сомонӣ гирифта, баъдан саҳифа ва рақамашро пок мекардааст.
Нисбаташ бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст.
Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии кишвар, дар шаш моҳи аввали соли 2025 дар ҷумҳурӣ 13 089 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1285 ҳолат бештар мебошад. Аз ин шумора 2356 ҳолат қаллобӣ аст.
Аз маълумоти пешниҳодкардаи вазорати мазкур бармеояд, ки солҳои охир аз ҷониби шахсони номаълум теъдоди содир намудани ҷиноятҳои қаллобӣ бо роҳи тасарруфи маблағҳои пулӣ аз кортҳои бонкии ҶСП «Душанбе Сити Бонк» зиёд шудааст. Мақомоти марбута шаҳрвандонро огоҳ менамояд, ки сабаби тасарруф гардидани маблағҳои пулӣ ин нодуруст истифода намудани кортҳои бонкӣ аз ҷониби мизоҷон ва ба шахсони ношинос пешниҳод кардани рақами корти бонкӣ ва рамзи махфӣ мебошад.
- Инчунин, мизоҷ бояд ахборро аз манбаъҳои эътимоднок истифода барад, паёмакҳои номаълумро дар телефони худ накушояд, телефони шахсиро ба дигарон барои истифода надиҳад, дар саҳифаҳои «Facebook» ва «Instagram» барономаи муҳофизатиро истифода барад, ба ҳар гуна пешниҳодҳои «фоидаи калон», «бурди фаврӣ» ва «кредит бе ҳуҷҷат» фирефта нашавад,- гуфта мешавад дар хабари Вазорати корҳои дохилии кишвар.
Марям, сокини шаҳри Душанбе, мехост телефони арзонтар харидорӣ намояд. Дар саҳифаи «Facebook» навореро дид, ки дар он телефонҳои мобилӣ тарғиб шудааст. Ӯ аз ин хурсанд шуда, дарҳол фармоиш дод. Пас аз муоширати кӯтоҳ ба корти тарғибкунанда 40 фисади маблағи телефонро пешпардохт намуд. Боқимондаи маблағро пас аз дастрас кардани телефон бояд пардохт мекард. Аммо чанде баъд Марям дигар ин саҳифаҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо карда натавонист.
Ин гуна саҳифаҳо одатан ҳафтаҳо фаъол мемонанд, эътимод ҷамъ мекунанд ва баъд аз ба даст овардани маблағи калон нопадид мешаванд.
Баҳром Шарифзода, мутахассиси бонк, зимни суҳбат иброз дошт, ки имрӯз наворҳои сохта дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳадде афзудаанд, ки ҳатто мутахассисон дар ошкор намудани онҳо мушкилӣ мекашанд.
- Бо вуҷуди доштани мутахассисони варзидаи барномаи IT, ҳам бонкҳои ватанӣ ва ҳам ҳориҷӣ наметавонанд пеши роҳи паҳншавии роликҳои худсохт (фейкӣ) ва тарғиботии сохташударо гиранд. Сабабҳои асосии ин мушкилот дар он аст, ки суръати рушди технологияҳои сохташуда аз суръати ошкорсозӣ баландтар аст ва наворро дар чанд дақиқа месозанд, сифаташон ба воқеият хеле наздик карда мешавад, аломатҳои сохта будани он қариб ноаён мегардад. Дар ин ҳолат, ҳатто мутахассисони дорои таҷрибаи баланд имконияти фавран шинохтани чунин навъи муҳтаворо надоранд. Бонкҳо барои назорату дахолат ба шабакаҳои иҷтимоӣ ваколат надоранд. Инчунин, қаллобон метавонанд ҳар рӯз даҳҳо ё садҳо саҳифаи «фейкӣ» созанд, IP-адресҳои гуногунро истифода баранд. Барои гирифтани пеши роҳи ин гуна афрод бояд қонунгузории ҷорӣ такмил дода шавад. Ҳоло дар кишвари мо муқаррароти қонун дар бораи фейк-видео нест, ҷазо барои паҳнкунандагон чандон сахт нест, - афзуд Баҳром Шарифзода.
Дар маҷмуъ, шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла «Facebook», бо ҳама ҷанбаҳои мусбат, ҳамзамон, майдони хатар аст. Танҳо огоҳӣ, зиракии шаҳрвандон ва саводи амнияти рақамӣ метавонанд онҳоро аз зарар эмин нигоҳ доранд.
Гулбаҳор РАҲМОНОВА,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
