Долони газета - ҷойи бозии ман
Якуми январи соли 1991 аввалин шумораи нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - рӯзномаи «Садои мардум» рӯи чоп омад. Падарам, шодравон Бобоҷон Абдулвоҳидов, пас аз фаъолият дар рӯзномаҳои вилоятии «Роҳи ленинӣ» ва «Ҳақиқати Хатлон» (солҳои 1976-1991) ба рӯзномаи «Садои мардум» ба ҳайси хабарнигори минтақавӣ ба кор даъват шуд.
Тавре устод Қироншоҳ Шарифзода дар китоби «Дили ӯ равшан аз сӯзи дарун буд» нигоштааст, «Баъди чанд моҳи таъсиси рӯзномаи «Садои мардум» аз миёни довталабони зиёд ба хабарнигории собиқ вилояти Кӯлоб баргузида шудани ӯ худ гувоҳи хушкорӣ, касбошноӣ, ҷавобгӯи талаботи ҳунари баланди нигорандагӣ будани Бобоҷони Абдулвоҳид буд ва ӯ муддати зиёд нагузашта, бо ахбори таъҷилӣ, гузоришу мақолаҳои ҷолиб собит сохт, ки ба ибораи нахустин сармуҳаррири «Садои мардум», вакили Шурои Олии мамлакат, қурбонии аввалини ҷанги шаҳрвандӣ, шодравон Муродулло Шерализода «Садои мардум» дар интихоби Бобоҷон хато накардааст».
Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ буд, ки мо аз шаҳри Кӯлоб ба Душанбе кӯч бастем. Аз 12 ё 13-солагӣ аллакай чӣ будани газета ва нақши онро дар оилаамон дарк кардам, зеро ҳар ҳафта рӯзи чоршанбе қиблагоҳам нашрияҳои давлативу хусусиро ба хона меоварданд ва ба мо - фарзандонашон супориш медоданд онҳоро хонем.
Ман аз хурдӣ дар идораи рӯзномаи «Садои мардум» калон шудам ва ҳамин аст, ки ин даргоҳро болотар аз як коргоҳ медонам. Ёдам ҳаст, аз овони наврасӣ дар иҳотаи журналистон ва эҷодкорон ба воя расидам. Зуд-зуд ба ҷои кори падарам мерафтам, кормандони рӯзномаро мешинохтам, қариб дар ҳама чорабиниҳои фарҳангӣ, ки идораи рӯзнома доир менамуд, ширкат меварзидам. Биноан, доимо ба ҳамкорон шӯхиомез мегӯям: «Долони газета макони бозии ман буд».
Имрӯз рӯзномаи «Садои мардум»-ро хонаи дуюм, ҷамъи ҳамкоронро оилаи худ медонам.
Чун замони кӯдакӣ рӯзномаро ҳамеша дар шакли тайёр медидам, дарк намекардам, ки ҳар як шумораи рӯзнома бо заҳмати зиёди ҳайати эҷодию техникӣ бо душворӣ (чун он замон мисли имрӯз имконоти техникӣ васеъ набуд) нашр мегардад.
Тавре Марзия Алиева, собиқадори рӯзнома, нақл мекунад, он солҳо дар кишвар ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ идома дошт ва кормандон баъзан ҳатто хӯроки дуруст тановул намекарданд, вале ҳар кадом фидоии касби хеш буданд. Дар ҳамон солҳои душвор ҳам бо талошу кӯшиши ҳайати кормандон рӯзнома ҳафтае се маротиба чоп мешуд.
Пас аз хатми мактаби миёна пешорӯям як роҳ, як интихобро дидам: журналистика. Чун дар зиндагӣ аввалин устод, роҳнамо ва идеалам падарам буданд, касби падарро интихоб кардан бароям ҳам шараф ва ҳам масъулияти хеле баланд буду ҳаст. Ман бо интихоби журналистика на танҳо номи худро сохтан мехостам, балки ному кори падарамро идома додан бароям хеле муҳим буд. Ҳамин тавр, ба Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия дар риштаи рӯзноманигорӣ дохил шудам.
Ёд дорам, падарам саҳифаҳои рӯзномаро ба хона оварда то нисфи шаб мехонд ва ҳини таҳрир гоҳ-гоҳ аз ман қаҳва мехост. Ман ҳам ба кори падар таваҷҷуҳ зоҳир мекардам, бо иҷозат наздаш нишаста тарзи кор карданашро мушоҳида мекардам.
Ба қаламу коғаз эҳтироми хоса доштанд. Ҳамеша таъкид мекарданд, ки зиндагиро аз нӯги қалам пеш мебаранд ва талқин мекарданд ба қадри ин неъмат бирасем.
Билохира ин саодат ба ман насиб шуд. Дар ин даргоҳ ба ҳайси журналист кор оғоз кардам ва гумон аст, аз коғазу қалам дил канда тавонам.
Албатта, кор дар рӯзномае, ки аз имтиҳони сахти сиёсӣ (солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар назар аст) гузаштаю кормандони он дар ин соҳа мӯи сар сафед кардаанд, чандон осон набуду нест. Хушбахтона, собиқадорони ин даргоҳ нисбат ба ҷавонони тоза рӯзнома ба кор омада бетаваҷҷуҳ набуданду нестанд. Чунин ғамхорию таваҷҷуҳ дасти ману чанд нафари дигари рӯзнома коромадаро дар журналистика, ба қавле, рост кард.
Ман аз кор дар рӯзномаи «Садои мардум», ҳамчунин, возеҳ дарёфтам, ки журналистика танҳо инъикоси воқеияти рӯз набуда, ин талош ба хотири пойдории давлату миллат, рушди Ватан, ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ ва истиқлолу ваҳдати миллӣ аст.
Мо ҳар рӯз ба ҳамин ният ба кор мешитобем.
Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
