Дар роҳи рост бо қалби пок
Бобоҷон Абдулвоҳидов. Ин журналисти маъруф дар ҳастии хеш симои як насли рӯзноманигорони тоҷикро муаррифӣ мекунад.
Рӯзноманигороне, ки чун ӯ бо қалам ба халқу Ватан хидмат кардаанд, аммо ӯ дар миёни ҳамзамонони хеш чеҳраи тобноктар ва маъруф аст.
Ӯро дар минтақаи Кӯлоб Бобоҷони журналист мегуфтанду эҳтиромаш мекарданд. Намедонам, чаро мардум ба журналист ин қадар ихлос доштанд. Шояд ҳикмате дар ин пеша нуҳуфта аст.
- Ҳамин акаи Бобоҷон кӣ бошад? – пурсидам рӯзе аз модарам.
- Аз пеши хонамон доимо мегузарад. Таниёл, хонаи акааш Абдуроззиқ меравад. Аксар вақт ҳамроҳи Талабшои артист, бачаи Саттори гулзорӣ мебинемаш. Дар ҳамин ҷоҳо калон шудааст. Ба падарат хусурсабаб мешавад. Ҳар гоҳе аз пеши хона мегузарад, истода бо ман ё падарат аҳволпурсӣ мекунад. Аз акаат Абдулалиму Гулҷаҳон ва холааш - момаи Зоғак мепурсад. Хушмуомила, даҳонаш доимо пур аз ханда аст. Оилаи онҳо аз тарафи Балҷувон муҳоҷир шуда омадаанд, падару модараш аз сар рафтагӣ. Бо Абдуроззиқ якҷо калон шуданд.
Ман аввалин бор ӯро дар автомашинаи «Москвич ИЖ Комби», даъфаи дигар савори автомашинаи «Волга–Газ 24» дидам. Воҳима. Дар миёни мардум сарусадоҳо зиёд.
Соли 1986 дар рӯзномаи вилоятии «Роҳи ленинӣ» ба таҷрибаомӯзӣ омадем. Баъди пазироии сармуҳаррири рӯзнома Шоҳмузаффар Ёдгорӣ моро ба ҳуҷраҳо тақсим карданд. Ман дар як ҳуҷра бо шодравон Мирзо Гадо (он кас ба ман ҳаққи устодӣ доранд) будам.
Рӯзе акаи Бобоҷон омад ва бо Мирзо Гадо бо тарзи худ вохӯрӣ кард. Фикр кардам, ки суҳбати хоса доранд ва аз ҳуҷра берун баромадам.
- Ин бача аз деҳаҳои шумо аст. Дирӯз як соат дар бораи ту ва Давлаталӣ Раҳмоналиев «ҳикоя» дошт, ки аз қишлоқи мо ҳастанд, – мегӯяд Мирзо Гадо.
Акаи Бобоҷон аз кабинет берун баромада, ба ман рӯ овард:
- Аз куҷои Даҳанаӣ?
- Аз деҳаи Файзобод.
Вақте гуфтам, ки бачаи бобои усто Тӯрабой ҳастам, дар чеҳрааш сурхие дамид ва маро ба оғӯш кашид.
- Акаи Абдулалим чӣ хел аст?
- Хуб аст, - гуфтам. - Дар мактаби деҳа 14 сол боз мудири таълим аст.
- Дар Калоту Файзобод ҳамсинфҳои бисёре дорам – Давлаталӣ Раҳмоналиев, Маҷиди Муъмини Гагарин, Ҷонбибӣ, духтари Мирзои Ятим, Майрами Одина, Абдуҳамиди Бозор, Махсуми Ризвон, Ҳақдоди бачаи бобои домулло Булбул.
Бо Ҳақдод бисёр наздик ҳастем. Падари он кас ва бобои домуллои лавовагӣ дар Бухоро хондаанд. Ҳамсабақони устод Садриддин Айнӣ ҳастанд.
Ин аввалин шиносоии ман бо Бобоҷони журналист буд, ки дар хотирам нақш бастааст.
Ҳамсинфаш Ҳақдод мегӯяд: «Дар синф мо 27 нафар таҳсил мекардем, аз 4-5 қишлоқ. Ӯ аз мо бартарӣ дошт. Ақли кӯтоҳи мо ба ақли ӯ намерасид. Рафтору гуфтору пиндораш як буд. Нокомиҳои зиндагиро бисёр дида, шукронаи каму беш мекард. Ҳолиё, фикр мекунам, андешааш пеш аз андешаи рӯз буд. Ҳамон солҳо дар рӯзномаҳо мақола чоп мекард, ки аз ӯ дида мо хурсандтар мешудем: мегуфтем мақолаи ҳамсинфи мо дар газит чоп шудаст. Баъдан ба вохӯрии ҳамсинфҳо меомад. Суҳбаташ дилнишин буд. Аз ғурбат, аз Афғонистони ҷангзада кам ҳикоят мекард, то мо ҳамсинфҳо озурда нашавем. «Бо дӯстон бо муҳаббат сухан гуфтан ҳам ҳунар аст», - аз дил мегузаронидам ман.
Дареғ, бармаҳал марг ӯро аз мо гирифт. Чӣ илоҷ! Кай рафтаро бо зорӣ боз орӣ»,- бо сӯз ёдоварӣ мекард Ҳақдоди бачаи бобои домулло Булбул.
Вақте дар рӯзномаи «Субҳи меҳнат» кор мекардам, Бобоҷон Абдулвоҳидов зуд-зуд ба Муъминобод меомад. Мавод барои рӯзномаи вилоятӣ мегирифт. Он солҳо рӯзномаи «Роҳи ленинӣ» сермуштарӣ буд. Дар он Мирзо Гадо, Мираҳмад Амиршо, Мирзо Қосим, Саид Раҳмон, Сафармуҳаммад Аюбӣ, Сафар Аюбзода барин журналистони бедордил кор мекарданд.
Воқеан ҳам, Бобоҷон Абдулвоҳидов журналисте буд, ки дар дилхоҳ мавзуъ қудрати навиштан дошт. Бо услубу сабки хос. Пай бурдан душвор набуд, ки маводҳояш дар ниҳояти забондонӣ, борикбинӣ, дақиқкорию амиқгуфторӣ навишта шудаанд, ки ин дилбохтагии ӯро ба ин касби пуршараф нишон медод. Ӯ ба ман дарсу одоби журналистӣ меомӯзонд ва маро барои сермаҳсул будан ҳидоят мекард. «Чаро оқил кунад коре...» – аввалин фелетоне буд, ки мо дар муаллифӣ дар рӯзномаи «Роҳи ленинӣ» чоп кардем, хеле пурсарусадо баромад. Мақолаҳои танқидӣ-таҳлилиро дӯст медошт, ин гуна маводҳо ҷолибияти рӯзномаро бештар мекард. Дар ҳама ҳолат ӯро як хел дарёфтам: дар такопӯ, дар ҷустуҷӯ ва дур аз суханони беарзиш. Зеҳни тез ва хотираи қавӣ дошт.
Ӯ аввалин хабарнигори рӯзномаи навтаъсиси «Садои мардум» - нашрияи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб буд. Баъдан, ҷонишини сармуҳаррир ва соли 1998 сармуҳаррири рӯзномаи мазкур таъин гардид. Даҳ сол дар рӯзномаи парламент кор кард. Ӯро ҳамчун роҳбари дилсӯз, журналисти ҳирфаӣ шинохтанд. Зеҳни ӯро пайваста як чиз – сари вақт ва бехато ба чоп расонидани рӯзнома машғул мекард. Бо ӯ 6 сол кор кардам. Шеваи хоси роҳбарӣ дошт. Ҳамеша аз корамон мепурсид ва пайваста ба ибтикороте даст мезад, то барои рӯзноманигорон шароити хуб фароҳам оварад. Пайваста мегуфт: «Бояд бори масъулияти фардои миллатро кашид». Ин шиори кору зиндагии ӯ буд ва аз худ дар ин даргоҳи эҷодӣ ном монд, номе, ки то имрӯз вирди забони ҳамкасбон аст.
Хислатҳои наҷиби Бобоҷон Абдулвоҳидов муҷиби дар хотираҳо нақш бастан, ба рӯзномаю китобҳо роҳ ёфтан гардид. Воқеан, инсон тасодуфан ба дилҳо роҳ ёфта наметавонад, мавриди ситоишу иззат намегардад. Месазад аз шеваи ҳаёти ин гуна одамон дарси зиндагию касбият омӯхт.
Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
