Равзанае ба сӯи ҳақиқат
Он рӯз бо эҳсоси ноошно, дили пурҳаяҷон ва саршор аз орзуҳо ба остонаи рӯзномаи «Садои мардум» қадам гузоштам. Дили ҳаяҷонзадаам мехост бидонад, ки бо кушода шудани ин равзана чӣ дунёе боз мешавад.
Вақте ворид шудам, бо ҳар нафаре, рӯбарӯям мешуд, бо табассум «хуш омадед» мегуфт. Гармие ба дилам роҳ ёфт. Чеҳраҳо шинос, муносибат самимӣ, фазо пур аз эҳтиром… Аз фаррош то роҳбарияти муассиса - ҳама дар як фазои ҳамдигарфаҳмӣ. Муҳити гарм маро чунон ба оғӯш гирифт, ки фаромӯш кардам дар коргоҳ ҳастам. Ҳарчанд одами нав будам, аммо эҳсос мекардам, ки ин ҷо ҷойи ман аст. Он рӯз хулоса намудам: «Хуш ба ҳоли нафаре, ки дар чунин муҳит кор мекунад».
Як сол гузашт. Дар ин муддат устодону ҳамкорони зиёд роҳнамои ман буданд, ҳар кадом кони таҷриба. Ҳар рӯз дар саҳифаҳои рӯзнома агар даҳҳо хабару мақола нашр мешуд, дар дили ман низ даҳҳо ёддошту хотира ҷамъ мегардид. Даҳҳо лаҳза, даҳҳо дарс, даҳҳо василаи илҳомбахш.
Ҳар як корманди рӯзнома ба ман дарси нав меомӯхт: устод Ворис маро ба дунёи фикр бурд. Фаҳмонд, ки сухан бояд вазн дошта бошад ва ҳузури инсон бояд ба маҳфил файз оварад. Акаи Ориф дар ҳар навиштаам калимаҳои тоза мебинад ва ба ман неру мебахшад: «Шумо метавонед ба пеш равед!». Акаи Далер талқин намуд, ки аз ҳақиқат набояд ҳаросид. Акаи Аброр таъкид кард, ки истеъдодро бояд ба кор гирифт: вақт неруи журналист аст. Акаи Шариф гуфт, ки ҳамкорӣ низ як санъат аст. Ҳар навиштаи маро мехонд, назарашро мегуфт, идея медод. Апаи Фарзона фаҳмонд, ки як ҷумла метавонад мазмуни матнро тағйир диҳад. Апаи Наҷиба дарси меҳрубонию инсонгарӣ дод. Апаҳои Марзия, Нигина, Басбӣ ва Зебо рӯзҳои кориро рангоранг мекарданд - бо меҳр, дастгирӣ ва табассуме, ки гоҳе аз сухан муҳимтар буд.
Ман аз ҳар кадом чизе гирифтам: аз яке ҷуръат, аз дигаре сабр, аз савум малака, аз чорум муҳаббат ба кор. Ҳар нафар як мактабанд…
Ҳар рӯзи ман дар идораи рӯзнома мисли як саёҳат мегузарад: лаҳзае кор бо хабарҳо, таҳрири матн, баъд баҳсу гуфтугӯ дар бораи мавзуи нав. Гоҳе як пиёла чой дар даст, аз устодон дарси зиндагӣ шунидан.
«Садои мардум» барои ман танҳо ҷойи кор нест. Ин макони омӯзиш, рушд, дӯстӣ ва садоқати касбӣ аст. Вақте саҳифаҳои пешини рӯзномаро варақгардон кардам, дар ҳар як хабару мақола масъулият ва муҳаббатро эҳсос намудам. Ҳар сатр ба хонанда паёми самимӣ мерасонад. Хонанда эҳсос мекунад, ки «Садои мардум» танҳо як рӯзнома нест. «Садои мардум» воқеан САДО аст - садои мардум. Он на танҳо як нашрияе, балки таъриху мактаб аст, ки наслҳои зиёде аз он гузаштаанд.
Рӯзнома 35-сола шуд ва ба худ мегӯям: он қисме аз таърихи ман низ ҳаст. Ман дар ин ҷо устувортар шудам.
Гулбаҳор РАҲМОНОВА,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
