Паём ва рушди кишоварзӣ
Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди минбаъдаи босуботи кишвар нақши бориз дорад. Вобаста ба соҳаи кишоварзӣ дар Паёми имсола таъкид гардид, ки таъмини амнияти озуқаворӣ, истифодаи самараноки замин ва об, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ бояд аз вазифаҳои афзалиятнок боқӣ монад.
Дар асоси таъкидҳои Пешвои муаззами миллат зимни ироаи Паём кишоварзони мамлакатро зарур аст, ки маданияти истифодаи заминро беҳтар намуда, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро бамаротиб зиёд намоянд.
Рушди соҳаи кишоварзӣ омили асосии таъмини амнияти озуқаворӣ дониста шуда, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Президенти кишвар ба самаранок истифода бурдани захираҳои замин таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, зарурати ҷорӣ намудани технологияҳои муосири аграрӣ, истифодаи тухмиҳои хушсифат ва усулҳои пешқадами кишоварзиро таъкид намуданд. Ин равиш ба афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва рақобатпазир гардидани он дар бозор мусоидат мекунад. Албатта, дар рушди ин соҳа метавонад омилҳои гуногун заминагузор бошанд. Тухмии хушсифат, шудгори босифат, муҳлати кишт, риояи усулҳо, меъёрҳои обмонӣ ва нуриҳои минералию органикӣ, мубориза бар зидди беморию зараррасонҳо, риояи тарзи ҷамъоварии ҳосил, нигоҳдорӣ ва коркарди саноатии маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Дар баробари омилҳои номбурда яке аз воситаҳои асосии таъмини маводи ғизоӣ дар ҳама фаслҳои сол ташкили сардхонаҳо барои нигоҳ доштани меваю сабзавот аст. Ҳамзамон, риояи намудани қоидаҳо ва талабот дар нигоҳдории маҳсулот дар анборҳои махсусгардонидашуда шарти зарурӣ маҳсуб меёбад. Самти дигар коркарди саноатии маҳсулоти кишоварзӣ - консервакунонӣ, аз ҷумла шарбат, нӯшобаҳо ва ғайра мебошад, ки барои таъмини организми инсон бо витаминҳо ва дигар пайвастагиҳо мусоидат менамояд.
Ҳукумати мамлакат ба коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, содироти маҳсулот, рушди саноати хӯрокворӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, бо ашёи хоми ватанӣ таъмин намудани саноати кишварро яке аз масъалаҳои мубрами рӯз медонад.
Рушди соҳаи кишоварзӣ аз олимон ва муҳаққиқони соҳаи кишоварзӣ низ, пеш аз ҳама, масъулияти баланд ва фаъолияти бештари амалиро тақозо менамояд. Таҳқиқоти илмӣ дар ин соҳа на танҳо дорои аҳамияти назариявӣ, балки ба истеҳсолот пайванд бояд бошад.
Аз ин рӯ, олимони соҳаи кишоварзиро зарур аст, ки баҳри офаридани навъҳои серҳосил ва ба иқлими маҳаллӣ мутобиқ, таҳияи технологияҳои каммасрафи обу энергия, беҳтар гардонидани ҳосилхезии замин ва ҳифзи ҳосил аз таъсири омилҳои иқлимӣ тадқиқоти илмӣ анҷом диҳанд.
Вусъат бахшидани ҳамкории муассисаҳои илмӣ бо хоҷагиҳои деҳқонӣ, омӯзонидани мутахассисон дар саҳро ва пайванди дониши илмӣ ба истеҳсолот яке аз омилҳои муҳими рушди соҳа мебошад. Омода намудани мутахассисони ҷавони ба бозори меҳнат ҷавобгӯ ва дар амал ҷорӣ намудани навоварӣ бояд аз вазифаҳои ҳамешагии олимон бошад.
Танҳо дар ин сурат метавон ба таъмини амнияти озуқаворӣ ва пешрафти иқтисоди миллӣ ноил гардид.
М. БУТАЕВ,
омӯзгори кафедраи экологияи ДМТ
Ҳамчунин дигар маводҳо:
