https://sadoimardum.tj

Нури чашми мардум

№:12 (5064), 03 фев 2026, 11:27
0

Дар тани зинда ҳама узв муҳиму асосӣ, вале гоҳо чунин менамояд, ки ҷои биноӣ дигар аст. Тасаввур кунед, вақте инсон аз биноӣ маҳрум асту чизеро намебинад – на баромадани офтоби саҳар, на рӯшании моҳ, на рӯи худ ва на чеҳраи зебои фарзандонро. Ҳатто имкон дорад, ки аз надидан дил кафад, таркаду пора-пора гардад. Бахусус, маҳрум шудан аз қувваи босира барои онҳое, ки пештар дар биниш мушкиле надоштанду якбора аз ин неъмати воло маҳрум мешаванд, хеле сахт аст.

Тибқи пажӯҳишҳо, 80 дарсади иттилооте, ки инсон аз олами атроф мегирад, маҳз, тавассути чашм аст. Аз даст додани ин неъмати бебаҳо метавонад зиндагии инсонро ба куллӣ аз ҷиҳати манфӣ дигаргун созад. Беҳуда нест, ки дар навишту гуфтор ибораи «чун гаҳвараки чашм» фаровон истифода мегардад ва аз мақому дараҷаи баланди чашму биноӣ далолат мекунад.

Хушбахтона, хурсанду қаноатманд ва дилпур ҳастем, ки ҳамчун меросдорони пири табибони Машриқзамин ва ҷаҳон Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино дар Тоҷикистони азиз мутахассисони кордонеро дар ин самт дорем. Яке аз онҳо Амирҳамза Муҳиддинов мебошад, ки номаш дар доираи кормандони соҳаи тиб бо эҳтиром ва эътимоди хос зикр мешавад. Ӯ пизишки чашм (офталмолог) ва ҷарроҳи варзида аст, дар ташхис, табобат ва пешгирии бемориҳои мураккабу вазнини чашм бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти муосир тахассуси баланд дорад. Ҷарроҳиҳое, ки ӯ анҷом медиҳад, аз зумраи амалҳои хеле душвор ба ҳисоб рафта, назираш дар Тоҷикистон кам аст.

Амирҳамза Муҳиддинов хатмкардаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино мебошад. Ӯ интернатура ва ординатураи клиникиро дар кафедраи чашми ҳамин донишгоҳ бомуваффақият хатм кардааст. Бо мақсади такмили донишу таҷрибаи касбӣ курсҳои тахассусиро дар Ҳиндустон гузашта, илм ва малакаи худро дар Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Исломии Покистон мукаммалтар кардааст.

Айни замон Амирҳамза Муҳиддинов дар бемористони «Балх»-и шаҳри Душанбе фаъолият дорад, бо садоқат, виҷдони касбӣ ва мас­ъулияти баланд ба мардум хизмат мекунад. Дар паҳлуи ӯ ҳамеша ҳамшираҳои донову бофаросат кумак мерасонанд. Аз ҷумла, Муниса ва Нигора бодиққат, сабр ва муносибати нек дар раванди ташхис ва ҷарроҳиҳо нақши муҳим мебозанд. Кори дастҷамъонаи чунин гурӯҳ заминаи муваффақияти ҷарроҳиҳои мушкил ба шумор меравад.

Шиносоии ман бо ин табиби ҳозиқ дар як давраи бисёр душвори зиндагиям сурат гирифт. Вақте ба бемории шадиди кӯчиши шабакавии чашм гирифтор шудам, ноумедӣ ва тарс маро фаро гирифта буду боварӣ ба дубора бино шудан кам мегашт. Рӯзе, ки баъд аз ташхис маро ба кати ҷарроҳӣ хобонданд, як чашмам танҳо сиёҳиро медид. Ҷарроҳӣ оғоз ёфт. Аллакай нисфи амалиёт гузашта буд, ки ногаҳон равшаниро эҳсос намудам. Лаҳзае буд, ки бовар ба муъҷиза дар дилам зинда шуд. Ин эҳсос то имрӯз аз хотирам намеравад. 

Маҳз, маҳорати касбӣ, ором ва умедбахши табиби ҳозиқ Амирҳамза Муҳиддинов сабаб шуд, ки ба фардо бовар кунам. Имрӯз ҳам таҳти назару табобати ин табиби моҳир қарор дорам ва бо итминон гуфта метавонам, ки ӯ барои ман танҳо як пизишк не, балки шахсест, ки бо хости Худо ба зиндагиям умеду рӯшноӣ баргардонд.

Амирҳамза Муҳиддинов аз зумраи табибонест, ки бо илму амал, бо сухану рафтор ба бемор эътимод мебахшад ва ба шарофати кордонӣ ва хислатҳои нек нури чашми мардум гардидааст. Хидмати чунин шахсон натанҳо барои як нафар, балки барои тамоми ҷомеа арзишманд мебошад.

Бигзор, роҳи касбии ӯ ҳамеша равшан, қалбаш пур аз меҳр ва дастонаш мояи шифо барои ҳазорон инсон бошад. Яқинан, табибоне чун ӯ сазовори эҳтиром, қадршиносӣ ва сипосгузорӣ ҳастанд.

Ориф ЁДГОРӢ,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: