Барқдуздӣ убол аст
Дар деҳа ба номи бисёриҳо касбу ҳунарашонро низ ҳамроҳ мекунанд, ба мисли Дости магазинчӣ, Сафари подабон, Мардони тракторчӣ, Исмати муаллим, Аҳтами поизчӣ (ронандаи тепловоз буд) ... Вақте наврас будем, ду ҳамдеҳаамон ба номи «монтёр» маъруф буданд: Раҷаб ва Ҳайдари «монтёр». Дасти онҳо ба ҳама мерасид, зеро барқ дар ҳар як оила чун обу ҳаво зарур буд. Бинобар ин, аҳли деҳа онҳоро дӯст медоштанд.
Вақте оиладор шудаму барои мо хона бунёд карданд, яке аз корҳои асосӣ насби ноқилҳои барқӣ маҳсуб меёфт. Ҳоло агар хона бунёд кунед, ин кор хеле бо душворӣ анҷом меёбад, зеро харидорӣ ва дастрасии симу ноқил, лампа ва дигар таҷҳизоти зарурӣ барои соҳиби хона хеле гарон меафтад. Дар баробари ин, устоҳо низ пули калон талаб мекунанд. Аммо он солҳо дар ин бобат мушкилот набуд. Амаки Раҷаб ҳатто симу дигар чизҳои заруриро низ ҳамроҳаш овард.
- Ана ҷиян, ин аз ман туҳфа, - гӯён корро сар кард. Як рӯзи дароз меҳнат карда, ноқилҳои барқро насбу васл намуд ва ба ман фармуд, ки мавҷудияти барқро дар ҳар як ҳуҷра алоҳида санҷем. Ниҳоят ҳуҷраи охирро санҷидем. Номбурда пешниҳод кард, ки дар ин ҳуҷра телевизор, радио ва гармкунаки барқиро низ пайваст кунам. Ин корҳоро анҷом додаму ҳамроҳ ба ҳисобкунак нигоҳ кардем. Вале даврзании он мушоҳида намешуд. Табассумкунон ба ман гуфт:
- Бурҳониддин, мехоҳӣ ҳамин хел бошад, касе намефаҳмад?
Ман, ки ҳалолкорию ростқавлии ӯро медонистам, аз ин саволаш ҳайрон шудам ва мухтасар:
- Не, амакҷон, - гуфтам.
- Бале, офарин, инро ман ҳам намехоҳам, хостам туро имтиҳон кунам. Бачам, ҳеҷ гоҳ нисбат ба рӯшноӣ ва об беэътиноӣ накун. Барқдуздӣ ва муомилаи беинсофона нисбати об вабол аст. Ин ду неъмати барои зиндагӣ асосиро сарфакорона ва ғамхорона истифода бояд бурд. Маблағи обу барқро бе камбудӣ, сари вақт пардохт кун!
Раҷаби «монтёр» беш аз даҳ сол инҷониб дар қайди ҳаёт нест ва ин насиҳати эшон дар китобномаи панду насиҳатҳои падару модар ва дигар бузургону наздиконам дар саҳифаҳои аввал қарор дорад.
Имрӯз мо дар давроне зиндагӣ мекунем, ки аҳамияти барқ ва об рӯзафзун аст. Расидан ба истиқлолияти энергетикӣ яке аз ҳадафҳои стратегии давлат маҳсуб меёбад ва дар ин бобат тадбирҳои зиёде анҷом дода мешавад. Бо қабули қонуну қарорҳо ва барномаҳои соҳавӣ, сохтмон ва таҷдиди неругоҳҳои барқӣ соҳаи энергетика дар кишвар мунтазам рушд намуд.
Дар ин миён ҳолатҳои истифодаи ноинсофонаи барқ аз ҷониби баъзе ашхос ва талафоти барқ дар солҳои охир боиси нигаронӣ гаштааст. Ин нуктаро Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанде пеш дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуда, супориш доданд, ки барои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ва напардохтани маблағи он ҷавобгарии ҷиноятӣ муайян карда шавад. Дар яке аз ҷаласаҳои Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум ин масъала баррасӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Итминон дорем, ки ин тадбирандешӣ ба пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар самти истифодаи қувваи барқ ва пардохти ҳаққи истифодаи он мусоидат менамояд.
Бурҳониддин КАРИМЗОДА,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:





