Ба руҳи поки модар
Ман рӯи модарамро надидаам. Таваллуди ман ва марги модарам бо ҳам баробар иттифоқ уфтодааст. То дусолагӣ дар оғӯши падарам тарбият медидам, тамоми меҳрамро ба падарам баста будам. Гумон мекардам қиблагоҳам ҳамаи дунёи ман аст. Аммо вақте падарам зан гирифт, ман танҳо мондам. Модарандар маро аз оғӯши падар ҷудо кард.
Он замон малулу шикастадил гаштам. Худамро бекасу бечора ҳис намудам. Дигар бачаи эркаи падар набудам.
Вақте калонтар шудам дидам, ки ҳамсолонам модар доранд. Онҳо аз модаронашон меҳрубонӣ мебинанд, бо шавқ «очаҷон» - гӯён ба истиқболашон мераванд. Модарон қаҳру нози онҳоро мебардоранд, барояшон хӯроки болаззат омода мекунанд, бо худ ба тӯю маъракаҳо мебаранд.
Ман ҳамаи инро мушоҳида мекардаму худамро бекас ҳис менамудам. Ба ягон ҷойи хилват, дур аз ҷӯраҳоям рафта гиря мекардам, диламро бо ҳамин холӣ менамудам. Ба қавле аламамро аз гиря мегирифтам.
Баъзе занҳои ҳамсоя ба мани бемодар дилсӯзӣ мекарданд ва ман қиссаи талхи зиндагии модарамро аз забони яке аз онҳо шунидам.
Вақте дар батни модарам пайдо шудам, ба ӯ мегӯянд, ки таваллуд кардан боиси маргат мешавад. Беҳтар он аст, ки аз баҳри тифлат бигзарӣ. Модарам ба ин пешниҳод розӣ намешавад. Ӯ, ки зани худотарсе будааст, мегӯяд:
- Агар ин корро кунам, қаҳри Худо меояд, маро аз биҳишташ маҳрум месозад. Аз ҷониби дигар, чӣ гуна метавонам боиси марги фарзанди худам шавам. Ман мемираму тифлакамро ҳифз мекунам.
Модарам ба қавли додааш меистад. Чун ман рӯз ба рӯзу моҳ ба моҳ дар шиками ӯ ҷон мегираму калонтар мешавам, вай маро меҳрубонӣ мекунад, бо ман суҳбат менамояд, рози дилашро ба ман мегӯяд, қиссаи зиндагияшро баён месозад.
Ба гуфти зани ҳамсоя, бо тифли дар батнашбуда бозӣ мекарду афсона мегуфт. Шабҳо бо дастонаш шикамашро оғӯш карда, барои ман суруди алларо мехонд.
Ҳамсояҳо гумон мекунанд, ки модари меҳрубонам ақлашро бохтааст, бо тифли шикамаш гап мезанад, шӯхию бозӣ мекунад. Ба падарам мегӯянд, ки ба занат ҷин ва ё парӣ ёр шудааст ва тавсия медиҳанд, ки ягон муллои зӯри ҷинбарор ёфта ҳамсарашро хононад, вагарна дер мешавад.
Падар ин гумони ҳамсоязанҳоро ба модарам мерасонад. Чашмони модари азизам ҳавзи об мешаванд, вале табассуме мекунаду ба падарам мегӯяд:
- Эҳ, мардаки сода, дар ин дунё ёри азизи ман туӣ. Ман на париро ёр мегираму на ҷинро. Медонам, ки рӯз ба рӯз поёни умрам наздик мешавад. Ҳоло ки зиндаам, бо тамоми вуҷуд фарзандамро меҳрубонию навозиш мекунам, барояш афсона мегӯяму суруди алларо мехонам. Ман ки мурдам, ин корҳоро барои ӯ касе анҷом намедиҳад. Ҳоло ки ӯ маро дорад, ман барояш меҳру муҳаббатамро мебахшам.
Ман аз нақли ҳамсоязан бузургии модарамро шинохтам, донистам, ки ӯ маро аз ҷонаш ҳам бештар дӯст медоштааст. Худро барои ман қурбон намудааст. Ин корро ба ҷуз модар кӣ карда метавонад? Кӣ мисли модар фарзандашро аз ҷони ширинаш ҳам бештар дӯст медорад? Ҳеҷ кас!
Дуруд мефиристам ба руҳи покат, модарҷон! То ҳастам, туро ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳам кард.
Неъматулло АЛИЕВ,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
