https://sadoimardum.tj

Наврӯз таъриху ҳувияти мост!

№:31 (5083), 18 мар 2026, 17:11
0

Ҳар инсоне хотира дорад. Хотира аз айёми кӯдакию наврасӣ, падару модар, ҳамсоягону ҳамсабақон. Миллат ҳам мисли инсон хотира дорад. Дар хотираи миллат таъриху тамаддун ва фарҳанги он ниҳон аст. Миллате, ки хотираашро аз даст додааст, ҳувият надорад.
Дар хотираи миллати мо боқист, ки вақте соли 86-и ҳиҷрӣ Қутайба ибни Муслим дар Хуросону Хоразм ҳоким шуд, хост хотираи миллати моро пок созад. Абурайҳони Берунӣ дар «Осор-ул-боқия» таъкид кардааст, ки Қутайба дастур дод ҳар кас, ки хат менависад ва таърихи гузаштаи худро медонад, аз дами теғ гузаронед. Ин амри ӯ боис гашт, ки ҳазорон донишмандро куштанд ва китобҳои бешуморро оташ заданд. Ин ҳокими золим, ҳамчунин, фармон дод ҳар кӣ ба забони форсӣ гап мезанад, забонашро буред. Аз ин рӯ, дар Хуросон дусад соли сукут ба вуҷуд омад, то замоне ки Яқуби Лайси Саффорӣ қад алам кард ва забону ҳувияти миллиро баргардонд. Яъне, ниёгони мо дар хотираи худ арзишҳои тамаддунию фарҳангии худро нигоҳ доштанд ва онро то ба мо расониданд.
Сарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зинда нигоҳ доштани хотираи таърихиро барои бақои мил-лат омили асосӣ меҳисобанд. Дар Паёми навбатиашон таъкид намуданд: «Бедор намудани хотираи таърихӣ дар таҳкими ҳисси миллии шаҳрвандон, махсусан, ҷавонон, ки ояндаи давлат ва миллат мебошанд, нақши би-сёр муҳим дорад… Мероси таърихию фарҳангӣ шиносномаи миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад».
Бо назардошти муҳимияти мавзуъ ва дар ҳамовозӣ ба «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ» эълон шудани соли 2026 рӯзномаи «Садои мардум» тасмим гирифтааст дар гӯшаи «Хотираи таърихӣ — бақои миллат» як силсила мақолаҳоро ба нашр расонад. Аз Наврӯз оғоз кардани он фоли нек аст.
Наврӯз танҳо як ҷашни тақвимӣ ё оғози соли нав нест. Он падидаест, ки тӯли ҳазорсолаҳо бо зиндагӣ, ҷаҳон-бинӣ ва фарҳанги мо — тоҷикон пайванди амиқ пайдо кардааст. Аз нигоҳи таърихӣ, фалсафӣ ва фарҳангӣ Нав­рӯз рамзи робитаи азалии инсон бо табиат ва гардиши абадии зиндагӣ мебошад. Аз ҳамин сабаб, дар ма-нобеи илмӣ ва адабии тоҷикӣ Нав­рӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат, навсозии руҳ ва ҳамоҳангии инсон бо ҷаҳони ҳастӣ тавсиф шудааст. Ин ҷашн дар хотираи таърихии миллати мо ҷойгоҳи хоса дошта, ҳамчун як омили ҳуви-ятсоз, бо вуҷуди мушкилот ва ҳодисаҳои сахте, ки ба сари мардуми тоҷик дар давру замонҳои мухталиф омад, аз байн нарафтааст, балки дар замони соҳибистиқлолӣ бештар аз пеш шукуфо гаштааст.
Хотираи таърихии миллии мо нишон медиҳад, ки ниёгони мо аз давраҳои хеле қадим зиндагии худро бо табиат ва тағйироти он мутобиқ кардаанд. Эътидоли баҳорӣ — лаҳзае, ки шабу рӯз баробар мешаванд, барои мардумони бостони мо нишонаи оғози давраи нави ҳаёт буд. Бо фаро расидани баҳор замин зинда мешавад, рустаниҳо сабз мегарданд ва фаъолияти кишоварзӣ оғоз меёбад.
Абурайҳони Берунӣ дар асари маъруфи худ «Осор-ул-боқия» таъкид мекунад, ки Наврӯз оғози давраи нави табиат аст ва мардумони бостон онро бо маросимҳои махсус таҷлил мекарданд. Ба гуфтаи ӯ, ин рӯз рамзи нав шудани ҷаҳон ва барқарор шудани низоми табиат мебошад. Аз ҳамин ҷиҳат, Наврӯзро метавон ҷашни ҳамоҳан-гии инсон бо табиат донист.
Яке аз маъноҳои аслии Наврӯз навсозӣ ва эҳёи маънавии инсон мебошад. Дар фарҳанги мардумӣ пеш аз фа-ро расидани ид одамон хонаҳои худро пок мекунанд, либосҳои нав мепӯшанд ва бо руҳи тоза ба соли нав ворид мешаванд. Ин амалҳо танҳо одатҳои зоҳирӣ нестанд, онҳо рамзи поксозии ботин ва оғози зиндагии нав мебо-шанд.
Умари Хайём дар рисолаи машҳури худ «Наврӯзнома» менависад, ки подшоҳони қадим Наврӯзро ба хотири нав шудани олам ҷашн мегирифтанд. Ба гуфтаи ӯ, инсон низ бояд дар ин рӯз худро эҳё созад ва зиндагии худро дар шакли нав оғоз намояд. Дар ҳамин замина, Наврӯз инсонро ба худшиносӣ ва бознигарии зиндагӣ даъват мекунад. Ин ҷашн ба одамон имкон медиҳад, ки аз мушкилоти гузашта раҳо шаванд ва ба оянда қадамҳои усту-вор гузоранд.
Дар адабиёти тоҷик Наврӯз ҳамчун рамзи зиндагӣ, муҳаббат ва умед васеъ инъикос ёфтааст. Шоирони бузур-ги мо аз қадим то имрӯз ин ҷашнро васф кардаанд. Абулқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» Наврӯзро ба шоҳ Ҷамшед пайванд медиҳад. Дар ривояти ӯ Наврӯз рӯзи пирӯзии назми зиндагӣ ва адолат бар бесарусомонӣ ме-бошад.
Ба Ҷамшед бар гавҳар афшонданд,
Мар он рӯзро рӯзи нав хонданд.
Сари соли нав Ҳурмузи фарвадин,
Баросуда аз ранҷ тан, дил зи кин.
Бузургон ба шодӣ биёростанд,
Майу ҷому ромишгарон хостанд.
Чунин ҷашни фаррух аз он рӯзгор,
Бимонда аз он хусравон ёдгор.
Аз ин ҷо маълум мегардад, ки Наврӯз танҳо ҷашни табиат нест, балки ҷашни арзишҳои инсонӣ низ мебо-шад. Ҳофизи Шерозӣ низ дар ашъори худ баҳор ва Наврӯзро рамзи эҳёи зиндагӣ, ба огаҳӣ расидан ва шодӣ донистааст:
Зи кӯйи ёр меояд насими боди наврӯзӣ,
Аз ин бод ар мадад хоҳӣ, чароғи дил барафрӯзӣ.
Сухан дар парда мегӯям, чу гул аз ғунча берун ой,
Ки беш аз панҷ рӯзе нест ҳукми мири наврӯзӣ.

***

Биё, то гул барафшонему май дар соғар андозем,
Фалакро сақф бишкофему тарҳи нав дарандозем.
Суннатҳои наврӯзӣ дорои маъноҳои рамзӣ мебошанд, ки ба зиндагии инсон иртибот доранд. Яке аз маъруфтарин анъанаҳо дастархони «Ҳафтсин» мебошад. Дар ин дастархон ҳафт ашё гузошта мешавад, ки ҳар кадоми онҳо рамзи як арзиши зиндагӣ аст:
сабза — ҳаёт,
себ — саломатӣ,
сир — муҳофизат,
суманак — фаровонӣ,
санҷид — муҳаббат,
сирко — сабр
сумоқ — пирӯзии рӯшноӣ.
Оина ва шамъ низ дар ин дастархон ҷой доранд. Оина рамзи ростӣ ва худшиносӣ аст, шамъ бошад, рамзи рӯшноӣ ва дониш. Ҳамин гуна, рамзҳо нишон медиҳанд, ки Наврӯз на танҳо ҷашни моддӣ, балки ҷашни арзишҳои маънавии инсон мебошад. Ниёгони мо дар он даврони дури таърихӣ ба ҳадди ниёз ба огаҳӣ расида буданд. Хотираи миллӣ ба мо мерасонад, ки гузаштаи пурошӯб, вале дурахшоне доштем. Хирад, дониш ва ҳикмати азалии ниё­гонамон боиси зиндаю ҷовид мондани миллат гаштааст. Чаро ки мо бе реша наметавонем рушд кунем ва фардои худро бисозем.
Наврӯз дар фарҳанги мардумӣ, инчунин, ҷашни дӯстӣ ва ҳамбастагӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин рӯз мардум ба дидорбинии якдигар мераванд, кинаҳоро фаромӯш мекунанд ва муносибатҳои нав барқарор менамоянд. Муҳаққиқон бар он назаранд, ки Наврӯз барои нигоҳ доштани ҳамбастагии иҷтимоӣ аҳамияти бузург дорад. Он одамонро гирди як арзиши муштарак — эҳёи зиндагӣ ва умед ба оянда муттаҳид мекунад.
Хулоса, пайванди Наврӯз ва инсон пайванди азалӣ ва табиӣ мебошад. Наврӯз ба инсон ёдрас мекунад, ки зиндагӣ ҳамеша дар ҳаракат аст ва ҳар баҳор имкони нав барои оғози зиндагӣ фаро мерасад.
ВОРИС,
«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: