Наврӯз дар кишварҳои Осиёи Марказӣ
ӮЗБЕКИСТОН
Дар Ӯзбекистон Наврӯз бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегардад. Ин ҷашн дар ҳамсоякишвари мо бо дуо кардан дар масҷид, рафтан ба мазорҳо ва ҷойҳои муқаддас оғоз меёбад. Замоне ки Ӯзбекистон дар ҳайати Иттиҳоди Шуравӣ буд, ҷашнгирии Наврӯз манъ шуда буд. Ҳоло Наврӯз дар ин кишвар ҷашни расмии давлатӣ маҳсуб ёф-та, ҳамасола 21-уми март таҷлил мегардад.
Дар арафаи Наврӯз сокинон хона ва маҳали зисташонро ба тартиб меоранд, либосҳои нав ба бар мекунанд. Хӯроки асосии ҷашнӣ суманак буда, пеш аз ид омода кардани он маъмул аст. Дар Наврӯз, инчунин, хешовандон ва дӯстон ба хонаи ҳамдигар мераванд ва бо тақдими туҳфаҳо кӯдаконро шод месозанд. Дар саросари Ӯзбеки-стон ярмаркаҳои фурӯши китоб, баномаҳои фарҳангӣ ва бозиҳои гуногун доир мегарданд.
ҚАЗОҚИСТОН
Барои қазоқҳо Наврӯз рамзи муҳаббат, фаровонҳосилӣ ва дӯстӣ аст. Мардум андеша доранд, ки агар Наврӯзро бо хонаи тозаю озода пешвоз гиранд, беморию нокомӣ ва мушкилотро аз байн мебарад. Бо фарорас-ии ҷашн қазоқҳо либоси идона мепӯшанд, ба меҳмонӣ мераванд, аз ҳоли ҳам огоҳ мешаванд ва барои соли оянда дуои нек мекунанд. Хурсандии мардум дар базмгоҳҳои наврӯзӣ идома меёбад. Бозиҳои гуногун, аз ҷумла аспсаворӣ, мекунанд. Таоми асосии ин ҷашн дар Қазоқистон «науриз-коже» ба шумор меравад. Он аз ҳафт унсури ҳаёт: об, гӯшт, намак, равған, орд, ғалладона (биринҷ, чормағз ё гандум) ва шир таркиб ёфтааст.
Ҳангоми таҷлили Наврӯз мавҷудияти рақами 7 ҳатмист. Он 7 рӯзи ҳафтаро ифода мекунад. Ҳамчунин, барои оқсақол бояд 7 коса бо «науриз-коже» гузошта шавад. Ҳама бояд ба 7 хона ташриф оранд ва 7 меҳмонро даъват кунанд. Қазоқҳо якдигарро дар кӯчаҳо, боғҳо, гулгаштҳо бо Наврӯз шодбош мегӯянд. Бегоҳ бо ҳузури мардон, занон, пиронсолон ва ҷавонон «айтис» доир мешавад. «Айтис» маънои гуфтугӯ, баҳс кардан ё посух гуфтанро дорад. Ду шоир ё сароянда ба саҳна мебароянд ва ҳар кадом кӯшиш мекунад бо сухани зебо ва ҳозирҷавобӣ рақибашро мағлуб кунад. Баъзан бо думбра суруд месароянд. «Айтис» то субҳ идома меёбад. Касе некиро беҳтар ситоиш кунад, пирӯз мешавад. Дар авҷи ҷашн ҷавонон дар назди «алтибакан», ки маънои шаш сутунро ифода мекунад, ҷамъ меоянд.
Соли 2001 Наврӯз дар Қазоқистон иди давлатӣ эълон шуд ва аз соли 2009 инҷониб 3 рӯз ҷашн гирифта ме-шавад. Ин рӯзҳо дар Қазоқистон истироҳат эълон шудааст.
ТУРКМАНИСТОН
Дар Туркманистон одатан мардум дар Наврӯз дарахт мешинонанд, аммо дар ин вақт дарахт буридан мумкин нест. Мувофиқи эътиқоди мардум, шинондани тут, анҷир ё каштан дар Наврӯз амали нек маҳсуб меёбад. Ин анъанаро идома дода, дар Туркманистони муосир рӯзҳои Наврӯз боғҳо, ҷангалзорҳо бунёд мекунанд. Онҳо бо-варӣ доранд, ки фаровонии хӯрокҳо дар рӯи мизи идона соли навро соли фаровонӣ мегардонад. Дар мизи идо-на гузоштани «чурек» (нони анъанавӣ), палави анъанавӣ, шириниҳо ва меваҳо ҳатмист.
Мувофиқи эътиқоди мардум, касе нияти бунёди хонаро дорад, беҳтар аст таҳкурсии онро дар рӯзҳои Наврӯз гузорад, то дар ин хона ҳамеша хушбахтӣ фаровон бошад. Яке аз қоидаҳои «тиллоӣ»-и Наврӯз дар ин рӯзҳо дурӯғ нагуфтан, бадгӯӣ, лаънат, ғайбатро маҳкум кардан аст. Дар Наврӯз одамон либосҳои худро нав мекунанд. Қоидаи нонавишта ин ба созиш овардани нафарони аз ҳам ранҷида мебошад.
Дар байни анъанаҳои асосии Наврӯз сӯзондани алафи «юзарлик» (рустании ҷанубии рут, ки номи туркмании он ҳамчун қувваи сад мард тарҷума мешавад) мушоҳида мегардад. Мардум бо он кӯдакон, хона, чорво, ҳайвоноти хонагиро дуд мекунанд. Чунин андеша доранд, ки «юзарлик» аз қувваҳои бад эмин медорад.
Яке аз расмҳои то замони мо расидаи Наврӯз дар ин кишвар бо латтаи сурх бастани шохҳои буз, гови ширдеҳ, гӯсфандоне мебошад, ки барои маросими хонадоршавӣ ҷудо шудаанд. Анъанаест, ки ба хешовандон, дӯстон ва ҳамсояҳо туҳфа тақдим кунанд. Дар Наврӯз гулдухтарони туркман мӯйҳояшонро бо гулҳои бунафша оро медиҳанд.
ҚИРҒИЗИСТОН
Наврӯз яке аз ҷашнҳои муҳимтарини Қирғизистон аст, ки аз анъанаҳои таърихӣ ва фарҳангӣ таркиб ёфтааст. Тамокукашӣ бо арча яке аз анъанаҳои Наврӯз дар ин кишвар аст, ки рамзи покшавӣ ва муҳофизат мебошад. Шохаҳои арча сӯзонда мешаванд ва дуд дар атрофи хона паҳн мегардад. Ин раванд бо суханони « Алас, алас! Ар баледен калас!» анҷом дода мешавад, ки барои дур кардани бадӣ ва муҳофизат мебошад. Баъдан, одамон орзу ва хоҳишҳояшонро мегӯянд. Дар минтақаҳои гуногуни кишвар сайругашти оммавӣ, рақсҳои халқӣ, барномаҳои фарҳангӣ, намоишҳои театрӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ доир мешаванд.
Дар Наврӯз, инчунин, бозиҳои анъанавӣ доир мегарданд. Дар хони наврӯзӣ ғайр аз суманак хӯрокҳои дигар низ пешниҳод мешаванд, ки гуногунии таомҳои қирғизиро инъикос мекунанд. Бешбармак аз ҷумлаи онҳост.
Ҳамин тариқ, Наврӯз, ки маҳсули тафаккури миллати мост, имрӯз дар 15 кишвар ҳамчун ҷашни давлатӣ бо расму оинҳои гуногун таҷлил мешавад. Ҳамчунин, дар минтақаҳои алоҳидаи баъзе кишварҳои дигар, аз ҷумла Россия ва Чин, Наврӯз иди миллӣ эътироф шудааст.
Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
