Мактаб ва оила
Ду макони рушди кӯдак
Мактаб ва оила ду маконе мебошанд, ки дар тарбияи дурусти кӯдак ва ҳамчун инсони хушахлоқ, дони-швару ватандӯст, соҳибкасбу ҳунарманд ба камол расидани ӯ нақши муҳим доранд. Собит шуда, ки муҳити хона ба ташаккули ахлоқ ва инсонгароӣ таъсири бевосита дорад. Мактаб метавонад дар бораи ахлоқи нек панд диҳад, дарси одоби муошират гузаронад, аммо агар ин арзишҳо дар хона дарс дода нашаванд, кӯдак онҳоро ҳамчун «дарси китоб» қабул мекунад, на ҳамчун меъёри зиндагӣ.
Масалан, агар падару модар дар хона бо ҳам эҳтиром гузоранд, ростгӯву хушахлоқ бошанд, кӯдак низ ин хислатҳои неки инсониро меомӯзад, аммо агар муҳити хона ҳамеша пур аз дурӯғ бошад, волидон нисбат ба ҳамдигар суханҳои номуносибро раво дида, рафтори дағал дошта бошанд, дар ин ҳолат мактаб наметавонад бо чанд соати дарсӣ ҳолати равонии кӯдакро тағйир диҳад. Тарбияи хонаводагӣ равандест, ки ҳар рӯз, ҳар соат идома дорад. Ҳар сухан ва ҳар рафтори волидон як навъ дарси равонӣ барои кӯдак аст.
Мактаб маркази дониш, малака, рушди тафаккур ва ҷаҳонбинӣ мебошад. Он имкон медиҳад, ки кӯдак бо ҳамсолони худ робитаи иҷтимоӣ барқарор кунад, андешаҳои нав дарёбад, ин ё он истеъдодро дар худ кашф намояд ва ба муҳити иҷтимоӣ бо омодагӣ ворид шавад. Албатта, ин муҳимтарину асоситарин вазифаи мактаб аст, аммо мактаб дар ин самт замоне муваффақ мешавад, ки оила шарики он бошад.
Вақте падару модар бо мактаб ҳамкорӣ мекунанд, бо муаллимон иртибот доранд, аз таълим ва ҳолати раво-нии фарзандашон бохабаранд, дар ин ҳолат ба кӯдак як муҳити муттаҳид фароҳам мешавад. Муаллим имкон дорад, ки дар мактаб рафтори кӯдакро бубинад, пешрафти ӯро муайян намояд, вале хонавода метавонад дар муҳити хона ин донишҳоро мустаҳкам намояд. Ҳамин ҳолат нишон медиҳад, ки нақши хона ва мактаб дар тарбия ҷудонашаванда аст ва ҳарду якдигарро пурра мекунанд.
Дар ҷаҳони имрӯз, ки таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ва муҳити беруна пурқувват аст, масъулияти хонавода боз ҳам бештар мешавад. Агар дар гузашта муҳити тарбияи кӯдак бештар маҳдуд ба хона, кӯча ва мактаб буд, имрӯз ҳар кӯдак тавассути ҳатто як телефон метавонад ба садҳо иттилои гуногун дастрасӣ пайдо кунад, ки на ҳамаи онҳо ба кӯдакон таъсири мусбат доранд.
Агар хона ба кӯдак меъёри дурусти истифодаи ҳавзаи рақамиро наомӯзад, агар бо ӯ ҳамсуҳбат нашавад, агар падару модар надонанд, ки фарзанд дар интернет чӣ мебинад, чӣ шунида истодааст, чӣ шахсонеро пайравӣ ме-кунад, он гоҳ хатари роҳгумӣ зиёд мешавад. Албатта, мактаб метавонад дар ин масъала роҳнамо бошад, вале назорати асосӣ дар хона сурат мегирад, зеро кӯдак ё наврас ҳамагӣ 7-8 соати вақти худро дар мактаб мегузаронад. Танҳо падару модар метавонанд ҳар рӯз ҳолати равонии фарзандро мушоҳида намоянд, бо ӯ суҳбати са-мимӣ анҷом диҳанд ва ӯро ба роҳи дуруст роҳнамоӣ кунанд.
Дар баробари ин, муҳаббати хонаводагӣ ба фарзанд қувваи бузургест, ки ба пешрафти таълим низ таъсири хуб мерасонад. Кӯдаконе, ки худро дӯстдошта эҳсос мекунанд, дар мактаб ҳам фаъолтаранд. Савол медиҳанд, аз муаллим наметарсанд, ба синф ҳамроҳ мешаванд ва аз дарс баҳра мебаранд. Муҳаббат ва дастгирӣ ба кӯдакон қувваи равонӣ медиҳад, ки дар лаҳзаҳои душвор ҳам тоб оваранд. Аз ин рӯ, аҳамияти муҳаббат дар тарбияро наметавон ба ҳеҷ чиз муқоиса кард. Бепарвоӣ, азоб додан, таҳқир ва бадгӯйӣ ба руҳия зарбаи сахт мерасонанд ва дар натиҷа, ҳатто беҳтарин мактабу ботаҷрибатарин омӯзгор наметавонад ин захмҳоро пурра шифо бахшад.
Ҳамин тавр, метавон хулоса намуд, ки тарбияи фарзанд дар муҳити хонавода дар баробари мактаб ҳалку-нанда мебошад. Хона ба кӯдак муҳаббат, ахлоқ, одоб, масъулият ва инсон буданро меомӯзонад, мактаб дониш, малака ва ҷаҳонбинии илмӣ медиҳад ва ҳар кадоме бе дигарӣ камбуд дорад. Агар хона муҳаббату самимият фузун бошаду интизом ва масъулият наомӯзад, кӯдак дар мактаб душворӣ мекашад. Агар мактаб дониш диҳад, вале фазои хона орӣ аз муҳаббат бошад, кӯдак руҳан осеб мебинад.
Ҷамила НАЗАРОВА,
мураббияи Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявии ба номи Миратулло Атоев
Ҳамчунин дигар маводҳо:
